20 апрел 2017, 10:30
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон шими кӯтоҳу ришмонии мардон ва либоспӯшии сиёҳи занонро фарҳанги бегона хонда, даъват кардааст, ки масъалаи манъи он аз нигоҳи қонунӣ дида шавад.
18 апрел 2017, 08:35
Дар Қазоқистон мудири пешини ширкати "Остона ЭКСПО-2107" Ҳоҷимурод Усеновро, ки бо айби фасодкорӣ зиндонӣ шуда буд, озод карданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Усенов афв шудааст.
29 март 2017, 10:56
Таъийни ҷазо бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон “Барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, диниву мазҳабӣ” мумкин аст, маҳрумият аз шаҳрвандии ин кишварро низ дар бар гирад. Дар ин бора Вазорати адлияи Қазоқистон хабар медиҳад. Пешниҳоди мазкур ва чанд иловаи дигар дар лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба чанд санади ҳуқуқӣ шомил шудааст.
2 март 2017, 20:23
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон эълон кард, барои ворид кардани тағйир ба Конститутсия назарпурсӣ доир намешавад.
28 феврал 2017, 16:31
Ойсултон Назарбоев, набераи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар Федератсияи футбол вазифа гирифтааст.
23 феврал 2017, 11:51
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар мулоқот бо олимон дар бораи ихтироъҳои камхаридори донишмандони кишвараш суҳбат карда, гуфт, дар бештари корҳои илмии онҳо асардуздӣ мушоҳида мешавад.
8 феврал 2017, 14:41
Комиссариати ҳарбии шаҳри Алматои Қазоқистон ҷавононеро, ки синнашон ба давраи хидмати низомӣ расидааст, тавассути паёмак ё SMS ба сафи неруҳои мусаллаҳ даъват кардааст.
3 феврал 2017, 09:21
Масъулини Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар робита ба суханҳои вакили Думаи давлатӣ, ки гуфт, "аз ҳаққи ҳамватанони худ бояд дар саросари дунё, аз ҷумла дар Қазоқистон ҳимоят кунем", ба ҳамтоёни русашон муроҷиат кардаанд.
26 январ 2017, 09:29
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон тасмим гирифта, қисме аз салоҳиятҳояшро миёни парлумон ва ҳукумат тақсим кунад.
18 январ 2017, 14:22
Дар истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон тафтиши мусофирон ҳатмӣ мешавад. Ҳадафи ин иқдомро мақомот “баланд бардоштани сатҳи амнияти мусофирон ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ” мехонанд.
13 январ 2017, 14:53
Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо талаби манъи издивоҷи духтарони қазоқу чиниҳо даст ба тазоҳурот задаанд.
29 декабр 2016, 17:13
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон раҳбари собиқи ин ниҳод генерал-лейтенант Нортой Дутбоев ва ду мансабдори дигар -- Хасен Нурлан ва Ерлан Нуртаевро боздошт кардааст.
1 декабр 2016, 11:20
Нурсултон Назарбоев мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи Президенти нахустин табрик кардааст.
24 ноябр 2016, 10:25
Вакилони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, шаҳри Остона, пойтахти ин кишвар ба номи раисиҷумҳур -- Нурсултон Назарбоев гузошта шавад.
23 ноябр 2016, 15:06
Намояндагони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, номи Остона ба Нурсултон Назарбоев иваз шавад.