Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:12
9 июл 2015, 14:37

Талаби 25 соли дигари зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб кардааcт.

9 июн 2015, 13:22

HRW хостори баррасии қазияи Шуҳрат Қудратову Зайд Саидов аз Пан Ги Мун шуд

Human Rights Watch ё Созмони дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, сафари дабири кулли СММ -- Пан Ги Мун ба Осиёи Марказӣ фурсати калидии нигаронӣ аз масъалаи ҳуқуқи башар дар тамоми ин қаламрав аст.

4 июн 2015, 17:29

Шоҳидии Матлубхон Давлатову Гул Шералӣ ба нафъи З.Саидов дар додгоҳ

Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол имрӯз, 4 июн дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори зиндонишудаи тоҷик ширкат намуда, дар мавриди парвандаҳои ахире, ки аллайҳи Саидов эълон гардидааст, пурсида шудаанд.

20 май 2015, 10:23

Аз ашкрезию афви Зайд Саидов то суол ба Убайдуллоеву умед аз Рустами Эмомалӣ

Суҳбати Алишер Зарифӣ бо Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов

19 май 2015, 09:59

Бозгашт

Дӯсту душман, шиносу ношинос дар суҳбатҳои гуногун атрофи ин қазия андешаҳои мухталиф доштанд. Қисме мегуфтанд, беҳтар аст наояд. Бархеи дигар таъкид мекарданд, ки баргардад. Бисёриҳо инро як бозӣ мепиндоштанд. Касе дақиқ намедонист, чи мешавад ва бозгашти ӯ бо чи меанҷомад.

8 май 2015, 12:11

Даъвогари ветнамӣ алайҳи З. Саидов ба судя бовар надорад

Хоанг Ван Хиеп, тоҷири ветнамӣ, ки дар асоси даъвояш алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик парвандаи нав оғоз гардида буд, дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, ки ба судяи раисикунанда боварӣ надорад.

10 апрел 2015, 11:32

Зайд Саидов айбҳои навашро "афсонаю туҳмат" хонд

Мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик баъди ду моҳи таъхир ва иваз шудани се раисикунанда, рӯзи 9-уми апрел дар “СИЗО”-и Душанбе, таҳти раисии Савриддин Тошев аз сар гирифта шуд.

3 апрел 2015, 08:59

Бемории раиси мурофиаҳои З. Саидов ва таъини додраси нав

Додгоҳи олии Тоҷикистон cабаби таъхири мурофаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷикро ба иваз шудани додраси раисикунандаи мурофиа рабт дод.

2 апрел 2015, 11:04

Барканории айбдоркунандаи З.Саид ва мансабҳои нави Каримову Манучеҳри Маҳкам

Манучеҳри Маҳкам аз вазифаи сардори сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барканор шуда, дар Додситонии кулли кишвар мансаби нав гирифтааст.

20 март 2015, 09:12

Раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов мансаби нав гирифт

Фирӯз Холмуродзода сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон таъйин шудааст.

18 феврал 2015, 11:54

Таъсири тағйирот дар Прокуратура ба мурофиаи Зайд Саидов

Дар пайи тағйирот дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавқуф гузошта шудааст.

17 феврал 2015, 17:53

Намояндаҳои САҲА-ро ба мурофиаи Саидов роҳ надоданд

Намояндаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) имрӯз, 17-уми феврал ба мурофиаи додгоҳии соҳибкори зиндонӣ – Зайд Саидов дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе роҳ наёфтаанд.

16 феврал 2015, 16:05

Радди дархости Зайд Саидов: Ҷой танг аст!

Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, имрӯз, 16-уми феврал дархости судшавандаро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Суди Олӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рад кардааст.

9 феврал 2015, 11:31

Зайд Саидов гуфтааст, дар мурофиа ширкат намекунад, агар...

Додситонии кулли Тоҷикистон дархости Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷикро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат зарур наҳисобида, парвандаи ӯро ба Додгоҳи олӣ ирсол намудааст.

22 январ 2015, 10:25

Чин ба “Тоҷиказот”-и Фирташу Зайд Саид “чашм ало кардааст”

Чин барои фаъол кардани корхонаи “Тоҷиказот”, ки ахиран аз Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва Зайд Саид, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик мусодира гардид, пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!