Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июл 2017, 19:27

Далер Шарифов: Дар СММ мегӯям...

16 декабр 2016, 15:48

Раиси муҳтарам!
Ҷанобон ва хонумон, намояндагони кишварҳои узв!
Аз ин минбар ҳамеша ҷумлаҳои зебо ва шомили вожаҳои “таҳаммулгароӣ”, “ҳамзистӣ”, “озодӣ”, “демократия”, “ваҳдат”, “ҳуқуқи башар” ва “шарафу каромати инсон”-у ҳазорҳо сухани баланду боло садо медиҳанд.

Ҳодисаҳои ахири Ховари Миёна, ба хусус авзои сари мардуми мазлуми Ҳалаб омада тақозо мекунад, ки дипломатия ва ҳарфҳои сиёсатписандро канор гузошту пӯстканда ҳарф зад.

Шумо бо шиносномаҳои дипломатӣ аз роҳҳои дур дар тайёраҳои шик мерасед, ҷаласа мегиред, қаҳва менӯшед, қатънома қабул мекунед, вето мекунед, даҳшатафканиҳои инҷову онҷоро маҳкум мекунед, аммо кӯдакон дар Ҳалаб ба гулула баста мешаванд. Ҳоло, лаҳзае биандешед чӣ кардед?

Шумо аз ин минбар гап мезанед ва таҳлилгарҳо мегӯянд: “Ҳой, фалонӣ чӣ ҳарфи ҷолибе гуфт. Беҳмадонӣ чӣ фасоҳате дорад. Он дигарӣ чӣ дипломатияе дорад”.

Касе намегӯяд, ки тамоми инҳо муродифи дурӯғанд. Ҳамин Чуркин бо он изҳороти худ кори шуморо бар рухатон кашид. Чӣ қадар аз инсоният масофа дошта бошӣ, ки ҷуръати гуфтани чунин ҳарфро дошта бошӣ. Кӯдакон зери бомбафканҳои Русия ҷон медиҳанд. Ҳазорон тан дар тафи ҷанги абарқудратҳо месӯзанд. Чуркин баланд мешавад ва мегӯяд кӯдакони Ҳалаб бар рӯйи худ хоку ранг мепошад ва саҳнасозӣ мекунанд. Чаро набояд гуфт, ки он хок бар сари худатон?! Шарматон бод!

Шарматон бод, ки ҳар дақиқае, ки шумо болои ҳарфи ҳамдигар баҳс мекунед онҷо кӯдаке мефавтад. Манзиле тахриб мешавад ва як ҳавзаи фарҳанӣ ва таърих омоҷ қарор мегирад. Бемористон тавони пазириши афроди маълули маҷруҳро надорад. Пойро шикастабандӣ мекунанду пӯстро дарбеҳ. Ҳайфатон бод!

Тамоми чизро аз ин мардум дуздидед; оромиро, осудагиро фараҳу шодии тифлонро. Бар ивазаш ҳам бомбу рокетро барояшон арзонӣ доштед. Эй бехабарон ин кӯдакон ҳоло мазҳаб, дин ва манофеъ надоранд. Онҳо ҳоло дарк намекунанд, ки низом чисту абарқудрат кист. Ҳайфатон бод аз ин тасмимҳову амалҳоятон. Лаънат бар манофеатон!

Шумо ба хотири манофеъ он ҳам дар аксари ҳолат як курсии ғарқи хун инсониятро фаромӯш кардед. Шумо фашизмро аз байн набурдед, онро дубора зинда кардед ва ҳатто бераҳмтар аз он. Шумо, ки ваҳшонияти Гитлеро маҳкум мекунед, аммо айни онро такрор мекунед. Наход манофеи шумо рӯи ҷони кӯдакону занон ҳимоя шавад. Лаънат бар чунин манофеъ!

Дар ҳар кишваре, ки нооромӣ сар бизанад абарқудратҳо ҳатман ду қисмат мешаванд. Ба хотири “манофеъи миллӣ” ва “аз даст надодани муттаҳидони сиёсӣ ва стратегӣ” пушти тарафҳои даргир мавзеъ мегиред. Агар дикторуре аз кишваре ронда шавад барояш сарпаноҳ медиҳед. Чаро набояд ба аъмолаш бирасад? Хиҷолат бикашед!

Шумо аз ин ҳама пешрафту технология ҳарф мезанед. Байни ҳам барои дастовардҳоятон рақобат доред. Тамринҳои муштараки низомӣ мегузаронед. Иддаои фатҳи кайҳон доред. Тарсам аз он ки рӯзе барои он ҳам мардумро ба хоку хун мекашед. Ҳамагии шумо доктори илмҳои аҷибу ғарибе ҳастед. Яке низоъшинос ва дигаре дар риштаи тавсеа ва мудирият ин унвонро дорад. Саввумӣ сулҳофару ваҳдатгарост ва ҷоизаи сулҳи Нобелро дар сина дорад. Суол инҷост, ки чаро тамоми ин илм мунҷар ба ҷилавгирӣ аз хушунат намешавад??? Чаро бидуни кушта шудани кӯдакону занон масъала ҳал намешавд? Дигар ҷое барои ифтихори суханпароканӣ аз ин минбар намондааст!

Шумо таъсиси Созмони миллали муттаҳидро бузургтарин дастоварди асри 20 медонед. Ҳоло, чаро ин дастовард дар ҳаллу фасли даргириҳо дасткутоҳ аст? Пас, дигар набояд намояндаҳои кишварҳо аз номи мардум ҳарф бизананд. Фаровон дидаем, ки фосилаи ҳарфҳои онҳо аз мардум фосилаи замину асмонро дорад.

Замоне фаро расидааст, ки кӯдакони сурӣ бояд, инҷо, аз ин минбар гап бизананд, на чуркиниён.

Ҳарфи охир:

То вақте дар Афғонистон, Фаластин, Сурия, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ... мардуми осоишта мемиранд, кӯдакон кушта мешаванд, милёнҳо мардум овора мешавад, шумо оҷизу нотавонед. Вақте шумо ба ҷои кӯмак боз болои мардум рокету бомб мепартоед, инсон нестед. Вақте шумо бо номи Созмони миллали муттаҳид даври ҳам ҷамъ омадаву аз баробарӣ, озодӣ, таҳамулгароӣ, ваҳдат, сухан мегӯед, вале дар Ҳалаб кӯдакон мемиранд, пас шумо дурӯғ мегуед. Шумо рӯи худ ниқоб гузоштаву ҳарф мезанед.

Биёед ниқобҳоро канор гузоред ва бо диду чеҳраи инсонӣ ба ҳодисаҳои ахири олам нигаред.

Далер ШАРИФОВ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 17 декабр 2016 14:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далер то шаф шаф гуфтана дар бораи чанги Кодисия хам ягон чиз навис он вакт падарбузургои ту ба мамлакати мо хучум оварда бисёр хавзахои фархангиро тахриб карда буданд ба гуфта худат Маккаю мадиная ба бозори гуломфуруши табдил дода буданд, Худо гуфт гуфта... дуюм ин ки ба ту як маслахат ба таърих кор надошта бош ки аз дасти хамандешони ту таърихи мо пур аз хун аст мисли синаи Хайёму Синову Фирдавсиву Муканнаъу Абумуслиму Розиву Ровандиву Айниву Сотим Улугзодаву Лоику дигарон
Посух додан
  • Камол

  • 17 декабр 2016 16:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дааалеееер! Гапш чнгркай! Бахдо гарени навиштай! Як чумлаи Далер аз як китоб гапе, ки дигар рузноманигорон менависанд, арзиши бештар дорад!
Посух додан
  • Рахматуллох

  • 17 декабр 2016 23:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Аллох ачрат дихад бародар Далер ШАРИФОВ.
Посух додан
  • Озодандеш

  • 18 декабр 2016 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офаринат, бародар!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далер ШАРИФОВ-ягон таҳлили босаводона мекардед бисёр нагз мушед ва гар на гуфтаҳоятон аз мантиқ берунанд
Посух додан
  • Хонанда

  • 19 декабр 2016 09:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр суханҳои олӣ дастатон дард накунад.Кош ин суханҳо дар минбари СММ садо диҳад.Мақсади асосии инҳо аз байн бурдани мусалмонҳост.Барои онҳо фарқ надорад, ки ки онҳоро бикушад, мусалмон мусалмонро ё созмонҳои таъсисдодаи ғайримусалмонҳо. Муҳим нест кардани мусалмон аз кураи замин.
Посух додан
  • махина

  • 3 январ 2017 09:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!!! Суханон хак аст......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарифов Далер магар ягон нафарро аз тоҷикистониён аз рафтани Сурия ё Афғонистон баргардонидааст?
Посух додан
  • MR96Tj

  • 8 январ 2017 17:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи Амрикоро намегуи ягона дар дунё агрессор ин Амрико хаст магар чанги Ветнам Ирок,Афгонистон,Ливия,Япония аз ёдатон баромад Амрико бо Ветнам чанг мекард аммо Лаосро бомбаборон кард ин дуруст аст,Корвони ёрирасонро дар Сурия бомбаборон кард ин дуруст аст?? Дар Югославия НАТО чанд хазор мусулмонро кушт магар фаромуш кардаед!
Боз Амрико мусичаи бегунох ва Русия гунахкор!!!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!