Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:53

ВИДЕО: “Фурӯшандаи гӯшти хар” асли қазияро шарҳ дод

28 декабр 2016, 11:56

Холхӯҷа Искандаров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳафтаҳои охир ҳамчун фурӯшандаи гӯшти хар дар шабакаи интернет машҳур шуд, асли қазияро шарҳ дод.

Дар навори ҷадид, ки имрӯз, 28-уми декабр дар Ютуб нашр шуд, Искандаров, истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ӯ сагпарвар аст ва гӯште, ки дар интернет ҳамчун гӯшти хар муаррифӣ шуд, дар асл гӯшти гови муҳлаташ гузаштагӣ мебошад: “Аз соли 2001 сагпарварӣ мекунам ва соли 2011 шумораи сагҳоро зиёд кардам. Одатан аз партговгоҳ устухонҳоро ёфта, ҷӯшонда ба сагҳоям медиҳам. Тахминан ду моҳ пеш дар партговгоҳ дар даруни халтаҳо гушти зиёдро ёфта, барои сагҳоям овардам. Бачаҳо зиёд буданд, бо шӯхӣ пурсиданд, ки ин гӯшти хар ҳа? Ман ҳам ба шухӣ гуфтам, ҳа гӯшти хар. Дар асл гӯшти гов буд, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд”.



Исандаров афзуд, баъди нашри навори баҳсбарангез аз шӯхии кардааш пушаймон шуд: “Агар мефаҳмидам, кор ин хел мешавад, сагбозӣ ҳам намекардам. Ман аз ин кор пушаймон”.

Ҳафтае қабл дар интернет наворе нашр гардид, ки дар он мошини пур аз гӯшт дида мешуд ва ҳозирин дар ин навор гуфтанд, ин гӯшти хар аст. Дар он навор Искандаров ба суоли яке аз ҳозирин тасдиқ мекунад, ки ин гӯшти хар аст. Дар пайи нашри ин навор баҳсҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон сар заданд ва мақомот низ изҳор доштанд, ки онҳоро таҳқиқ хоҳанд кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ннн

  • 30 декабр 2016 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одам гути хару гова фарк кадатонадам каин

Ара,
orionboy,
orionboy,
orionboy,
Посух додан
  • РОСГУ

  • 16 январ 2017 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РУХАКОТОН КУРУТ МАРДУМА МИСЛИ ХУДТОН ГАРАНГ ХИЁЛ КАРДАГИЕН???
1. Ин сагпарвари машхура дар видео сагхояш кани?
2. Гуштхои дар портер будаги дар салафан нестанд, ку!?
3. Дар навори "Гушти хар" хавлии худаш нест, яъне гуштро ба дигар чо бурдааст ва чидди гап мезананд ягон хел шухи нест.
4. Дар замин дар болои матох(барои он ки гушт чазир нашавад, чунки он барои истеъмол аст на барои саг) боз гушт аст, яъне ин чое аст, ки гушт кабул мекунанд.

ХУЛОСА:
-Шахсони тафтишкунанда, Шумо хамаатон гаранген ё пулро гирифта худатонро ба гаранги партофтаен!!!!!!!!!!
-Аз афти ин мард маълум аст, ки ин пули худро халос мекардаги надорад, значит пуштии инро касе гирифта истодааст, ки бизнесаш барбод наравар.
-САВОЛ БА ХАММА ОЁ ДАР НОХИЯИ БОБОЧОН ГАФУРОВ ЗАВОДИ КАЛБАСА БАРОРИ АСТ???
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!