Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 12:48

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи арча ва тӯҳфаҳои солинавӣ

29 декабр 2016, 11:53

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили Соли навро ҳамчун як ҷашни қонунӣ мақбул дониста, хариди туҳфаҳои солинавиро барои фарзандон ҷоиз хондааст.

Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди таҷлили Соли нав ва хариди туҳфаҳо ба фарзандон аз нигоҳи шариат изҳор доштааст, ки “албатта хурсанд кардани фарзандон ва харидани туҳфа барои онҳо рӯзи муайян надорад, ҳар вақте ки волидайн дорои шароити хуби молӣ бошанд, метавонанд ба фарзандони худ туҳфаҳо тақдим намоянд. Дар рӯзҳои соли нав ҳам, ҳамчун як иди қонунӣ ба қадри тавоноияш ба фарзандон туҳфае дода, моҳияти соли навро ба онҳо фаҳмонад, хуб мешавад, яъне ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат”.

Қаблан Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили соли нави милодиро, ҷоиз хонда, гуфт, “рафтан ба гирди арчаи солинавӣ инсонро кофир намекунад". Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз сокинони кишвар даъват карда буд, ба фатвоҳои бархе аз руҳониён, ки ба гуфтаи ӯ, фаҳму дарки амиқе аз Қуръону суннат надоранд, гӯш надиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сохиб

  • 30 декабр 2016 07:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар атрофи арча чам шуда аксарияташон масту мадхушанд инаш чи мешуда бошад бародарон?йо инки шароб бандаи мусалмонро аз имон хорич намекарда бошад? афсус аз ин бора чизе гуфта нашудааст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом хонандагони озодагон! Вақте, ин фатворо аз ҷониби як руҳони ба ном инчунин сархатиби як давлат шунидам, хело шармам омад. Чун асрҳо гузашту ҳазорҳо олимони бузург омадану рафтан хечкас фатвое дар ин бора надодан
Посух додан
  • Малик

  • 30 декабр 2016 11:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душмани бо арча, ки як дарахат аст ва душмани бо хурсандии кудакон авчи бемарифати ва моли фанатикхои Точикиистон аст...Агар соли нав харом аст, мошинхо, самалётхо кувааи барк ва дигар офаридахо моли масехиёни яхудиёну бутпарастон аст..аз ин харомхо ха мдаст кашед...хатто хамон лиюстери масчидтон ва чойнамозхотон хам харом аст, чунки онхоро хитоихои бутпараст бо дастонашон сохтаанд..
Посух додан
  • шахс

  • 30 декабр 2016 20:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то суханхои бемаъни гуфтана, далел оварда гапзадан лозим аст. Баъдан барои одами занокор ва шаробнуш фарк надорад. Магар ба гайр аз рузи соли нав дигар ин корашонро намекунанд.
Посух додан
  • Сайф

  • 31 декабр 2016 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҷиб, фатвои Эмоми Аъзам куҷо шуд....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
таҷлили соли нав аз дини масеҳият сарчашма мегирад аммо бар фарз аз нигоҳи дин таҷлил аз ин сана ишколе надошта бошад вале бо фарҳанги тоҷикӣ бегонааст ҳоло ин дар ин шабу рӯз аз ҷониби масъулон мубориза бо фарҳанги "бегона" пуршиддат аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама нишонахои охир замон no
Посух додан
  • Боймуродиха

  • 4 январ 2017 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо Соли навро бо иди динии католикхо,ки 25 декабр(Рождество Христово) ва аз православихо,ки 7 январ аст путать накунед.Тамоми дуне ба ин солшумори зиндаги доранд.Хатто Арабистони Сауди аз солшумории Хичри ба ин солшумори гузашт,чунки онхо низ чомеаи чахони мебошанд,бо тамоми дуне додугирифт доранд,ва солшумори ва таърихи рузхои онхо мувофик намегалтанд,барои хамин,ки кори дубора накунанд,онхо низ ба ин солшумори гузаштаанд.Рузи 31 мардум фарорасии Соли нави мелодиро,ки солшумории Точикистон аз руи он мебошад чашн мегирад,на иди диниро.Шумо бошед сари мардумро гаранк карда истодаед.

Посух додан
  • Собир

  • 4 январ 2017 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал ин ки инсон вақти оне ки аз умраш як сол мегузарад бояд ғамгин бошед, зеро бо марг наздиктар мешавад.Ва ба ҷои он ки ибодатро зиёд намояд ва ба охират таёри бинад инсон ин иди бемаъниро ҷашн мегирад ва боз хурсанди ҳам мекунанд.Ҳайф аст бародаро барои дигар миллатҳо бовар кунед ҳар рӯз ид аст ид ва истироҳат нашудани шароб ва ҳоказо ,лекин ин бар миллати мо намезебад . love
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муфтии аъзами Русия аз мусалмонони ин кишвар хост аз ширкат дар ҷашнҳои соли нави мелодӣ худдорӣ кунанд.
Ба гузориши сайти Islam.ru , Равил Ғайнуддин бо судури фатвое таъкид карда аст, ки мусалмонон бояд аз ҳузур дар зиёфатҳои соли нави мелодӣ, барномаҳои мубтазали телевизионӣ ва ҳатто аз дидани ин барномаҳо ҷиддан худдорӣ намоянд.
Посух додан
  • Jovid

  • 6 январ 2017 13:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар чомеаи имруза хар шахса вобаста бар худаш хаст, мехохи тачлил кун, намехохи ба зикр машгул шав, лекин худованд хамаашро дида истодааст, хар банда чавобгуи гунохи худаш аст, муфтиёт инро нагз дон.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!