Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 26 июн 2017, 19:00

Аз 1 апрели 2017 то 1 апрели 2019. Комроншоҳ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум шуд

30 март 2017, 08:05

Гуруҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки барои санҷиши гуштии баҳсбарангези Комроншоҳ ва Саидҷалол таъсис ёфта буд, аввалиро барои ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум намуд.

Дилшод Назаров,
муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва раҳбари ин гуруҳи корӣ дар як мусоҳиба бо сомонаи расмии кумита изҳор доштааст, дар натиҷаи таҳлилҳои ҳамаҷониба гуруҳи корӣ қарор кард, ки Комроншоҳи Устопириёнро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз иштирок дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ маҳрум намояд. Аммо ин муҷозот ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дахл надорад.

Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, гуруҳ фаъолияти мактаби варзишии ба номи Ланглифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки мудириашро Комроншоҳи Устопириён бар уҳда дорад, ниҳ мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудӣ ва мушкилоти ҷиддиро ошкор намудааст: “Аз натиҷа ба унвони роҳбарияти вилояти Суғд мактуби дахлдор барои қабули қарори қонунӣ ирсол карда мешавад”.

Зимнан, дар асоси дастури раҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, давоми як моҳ Қоидаҳои одоби варзишгарро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи кумита пешниҳод намояд.

УСТОПИРИЁН: ДОВАРОНУ МУХЛИСОН ХАТОЕ НАКАРДАНД, УЗР МЕХОҲАМ


Қабл аз он ки гуруҳи корӣ расман аз натиҷаи санҷиши худ хабар диҳад, Комроншоҳ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, дар ҷараёни хулосабарории гуруҳ иштирок дошт. Ба иттилои ӯ, “гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҳолати баргузории қисми ниҳоии гӯштингириро дар ҷоми "Пойтахт–2017", ки имрӯз 29 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи ман ва мураббиам Усто Устопириён баргузор гардид, иштирок намудам. Аз ҷараёни кори он, таҳлилу баррасии мутахассисон ва наворҳои видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хатоӣ роҳ надоданд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоям ба шаъни варзишгарро иҷро намудам, ки хело пушаймон ҳастам. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи мухлисон ва ҳайати доварон узрпурсӣ менамоям. Ба қароре, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ қабул гардидааст, ман розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам.Ба ҳамаи варзишгарон муроҷиат мекунам, ки этика ва одоби варзишгарро риоя намуда, ба давлату миллат содиқ ва вафодор бошанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Muhojir

  • 30 март 2017 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Badi gushti hudi Komronshoh guft,ki digar dar Tojikiston gushti namegirad.Komissiya metavonist az kursiash barhezadu kame taftish ham kunad, vale onho dar joi nishastashon natija elon kardan:" na sih suzadu na kabob". Komronshoh na tanho du sol balki metavonad to ohiri umrash dar Tojikiston baromad nakunad, chun injo na koida hastu na konun.
Посух додан
  • А

  • 30 март 2017 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То аз мухити гуштини точик номардони махалбозро дур насозанд ягон пахлавони точик рох намеёбад Комроншох низ чун пештара пахлавонхои хакики курбони хамон гурухи гиромбозон шуд!Рухафтода нашав рузхои нек дар пешанд
Посух додан
  • Stgjcuisackvd

  • 30 март 2017 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гунохи Комроншох хамин аст ки точик ва аз шимол аст. Ягона рохи шоиста Россия ва Аврупо
Посух додан
  • Спиртсмен

  • 30 март 2017 20:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ду рох аст: 1. Волидайн бо штрафи 120 сомон тибки конуни масьулияти падару модар халос мешаванд.
2. Е ин ки 7 экспертиза мегузаронанд ва лахзахои гуворо давом доранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То диная довару мухлисора гунахкор карда дашном доданата хамачоба элон карди, имруз чи шуд хама гуноха ба гардани худат гирифти? Хайрият, ки нагуфти ки марги Ленинбаям ту гунахкор буди! Хар ки бад кардаст ба рузи бад расад, некиро неки, бадиро бад расад! Хаки хакоратчи, ШАРМАНДАГИ! Офаринхо ба Дилшод Назаров, ки поквичдонона масаларо омухта чазои сазовор дод!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Koмрон... Ба кароре ки аз чониби гурухи кори кабул гардидааст розиам! Гурухи кори конун кабул кунед ки чунин хоинхо хато берун аз точикистон дар ягон озмун иштирок накунанду шану шарафи мардуми точика паст накунан. Мард касе ки сари вакт гунохащро ба гардан мегирад, на ин ки бади санчишу ефтани камбудихо худро чун кабудатири дар об тар шуда назди мардум шармандаву шармсор кунад! Дустам шармандаги аз ин зиед намешавад, вакташба дониста кору рафтор кун буду имрузба худата байни мардумба ин хел шармандаву шармсор накун! Ангуштота эхтиет кун холе бозихо дар пеш........
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!