Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 21:38

Қӯрғонтеппа Бохтар мешавад: Номҳои пешниҳодиро ёрдамчии Президент напазируфтааст

20 апрел 2017, 16:34

Номҳои пешниҳодии олимони Академияи улуми Тоҷикистон барои тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро ёрдамчии Президент оид ба масалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода напазируфтааст. Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намудаанд.

Вале ба иттилои як манбаи “Озодагон” дар сатҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа тавофуқ ҳосил шудааст ва номи нави он Бохтар хоҳад буд. Ҳамчунин номи шаҳри Сарбандро, ки дар канори Қӯрғонтеппа воқеъ аст, Леваканд мегузоранд. Гуфта мешавад, номи ноҳияи Бохтар ба Кушонкада иваз мешавад.

Назир Амирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, пешниҳоди тағйир додани номи шаҳр тасмими чанде аз донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон буд, вале номҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ёрдамчии Президент пазируфта нашуд: “Ин дар ҳақиқат пешниҳод шудааст. Инро олимон ба Академияи илмҳо пешниҳод карда буданд. Аммо се-чор номеро, ки олимони Академия пешниҳод карда буданд дар ҳоли ҳозир ёрдамчии Президент напазируфтааст. Вале ин гуна нақшаро Академияи илмҳо дошт, ки номи шаҳри Қӯрғонтеппа бояд тағйир дода шавад”.

Ҳарчанд номҳои пешниҳодии Академияи улум барои расонаҳо пешниҳод нашудаанд, вале тибқи баъзе манбаъҳои “Озодагон” онҳо иборат аз “Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловард будаанд.

Пешниҳоди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа бори нахуст дар солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби шуморе аз донишмандон дар матбуоти вақт ироа шуда буд. Минбаъд пешниҳодҳо ва назару андеша дар мавриди тағйири номи ин шаҳр борҳо дар матбуот мунташир шуд. Дар ин авохир ҳам ин мавзӯъ дубора мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо қарор гирифт. Аммо то кунун барои тағйири номи шаҳр ҳукумати он ва ё вилояти Хатлон ибтикоре накардааст. Искандар Абдуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам мегӯяд, дар ин росто ҳукумати шаҳр иқдоме накардааст ва ё дархосту супорише ҳам барои тағйир додани номи шаҳр содир нашудааст. "Вакилони шаҳр ҳам дархосте надодаанд",-мегӯяд Искандар Абдуллоев.

Қиёмиддин Сатторӣ, ки нахустин шуда солҳои 80-уми қарни гузашта пешниҳоди тағйири номи ин шаҳрро аз тариқи матбуот ироа кардааст, мегӯяд, ӯ дар ибтидо номи Левакандро пешниҳод намуда буд ва баъдан номи Вахш пешниҳод гардид. Ахиран оқои Сатторӣ матлабе бо номи “Қӯрғонтеппа: Вахш ё Леваканд?” нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳарчанд номи Вахш ё Вахшканду Вахшгирду Вахшон ва ё Леваканд барои ин шаҳр мувофиқ бошанд ҳам, вале тавофуқи назари олимон дар ин замина ҳосил нашудааст ва дар таъини номи ин шаҳр набояд ба шитобкорӣ роҳ дод.

Ҷаноби Сатторӣ пешниҳод мекунад, ки “хуб мешуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як комиссияи салоҳиятдор аз ҳисоби донишмандони риштаҳои таърих, ҷуғрофия, забоншиносӣ ва махсусан, таърихи забони форсии тоҷикӣ таъсис дода мешуд, то ки қазияи тағйири ҷойномҳо (топонимика) ва эҳёи номҳои миллии ҷуғрофӣ ба таври илмӣ ва бо машварат ҳаллу фасл мегардид”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Карл Маркс

  • 21 апрел 2017 08:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ой чанобон номи Кургонтеппа бехтари ном аст! Агар АИ пешниходи сохтани ягон зовут ё фабрикро мекард хело хуб мебуд. Ин хама пешниходхо аз бекори барои пуркор нишон додани хеш аст. Чанобон барои пешрафти сохаи санот ва умуман истехсолу ба хорич баровардани он пешниходхо кунед. Иваз кардани номи Кургонтеппа ягон зарурият надорад, зеро чи хеле ки набераи бобош Сангпаллачон чузъиёти хурди онро тахлил кадааст чи микдор маблаг зарур аст. Офарин набераи бобо!
Посух додан
  • РОСТИН, ш. Душанбе.

  • 21 апрел 2017 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУХТАРАМ МАСЪУЛИНИ "ОЗОДАГОН"!!!
БА МАЪЛУМОТИ ШУМО МЕРАСОНЕМ, КИ ДИРУЗ ДАР ТОЛОРИ ВАЗОРАТИ ФАРХАНГИ ЧТ ЯК ЧАМЪОМАДЕ БАХШИДА 100 СОЛАГИИ ХУНАРМАНДИ ХАЛКИИ СССР ТУХФА ФОЗИЛОВА БАРГУЗОР ГАРДИД. МУТААССИФОНА, ИН ЧОРАБИНИ БА ХОТИРИ ХАМАГИ ДУ НАМОЯНДАИ РУС ШЕРБИНА Н.Ф. САРГИЕВ В.Ф.БА ЗАБОНИ РУСИ БАРГУЗОР ШУД. МУТАСАДДИИ АСОСИИ ЧОРАБИНИ МУОВИНИ ВАЗИРИ ФАРХАНГ ИБОДУЛЛО МАШРАБОВ БУД.
ОЁ МУМКИН АСТ ЧУНИН ЯК ЧОРАБИНИИ САТХИ БАЛАНД ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БО ЗАБОНИ БЕГОНА БАРГУЗОР ГАРДАД?
Посух додан
  • с

  • 21 апрел 2017 09:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РОСТИН, ш. Душанбе.,
Ягон бади надорад. Омузед забони русиро. Россия меравед забони русиро намедонед мисли як гунг хастед.
Посух додан
  • али

  • 21 апрел 2017 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо иваз кардани номи махалхо сатхи зиндагии халк бехтар мешавад? Ба чои он ки ин маблаги масрафшавандаро ба корхои ободониву пешравии шахр истифода барем, бехуда барои когазбозиву харфхури сарф кунем?!
Посух додан
  • Омузгор Мухочир

  • 21 апрел 2017 11:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хеле,ки мегуянд; Аз иваз кардани чои чамьшаванда сумма тагьир намеебад.Ном иваз кардан ягон маьно надороад,Ин як рохи аз бекори ба чизе даст задан.Харочоти бехуда.
Посух додан
  • Аз бекори кадукори

  • 21 апрел 2017 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ёрдамчии Президент "кор" кардестай. Фикр намекунад, ки дар хамин давраи кризис бо ин бозихои бехудаи номгузориаш чи кадар пули бучаи кишварро сарф мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигзор номи Кургонтеппа девонатеппа бошаду шиками мардум сер бошад. Олимони мо ба чои як ихтироъ ба номгузори машгул мешан,ки фикр мекнам ин хуб нест
Посух додан
  • шахрванд

  • 22 апрел 2017 09:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номи Регарро ба Турсунзода иваз намуданд, аммо то хол дар забони мардум Регар мондааст. Бо Кургонтеппахам хамин хел мешавад. Охир ба ин "олимон" чи дард хаст ки ба номивазкуни машгул шудаанд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шахрванд,
Ман ҳам тарафдори он, ки номи деринаи "Қурғонтеппа" истад. Лекин на ҳама чиз аз рӯи хоҳиши мо сурат мегирад. Ҳукумат ин қудрат аст, аз рӯи барномаи худаш кор мекунад. Ман дар боло гуфтам, ки Тоҷикистон ҳоло монанди як ҷавони 25 сола аст. Ҳоло бисёре аз тағйиротҳо дар пешанд.
Номҳои географии ивазшуда бо мурури замон фаромӯш мешаванд. Масалан, солҳо пеш ноҳияи Ваҳдатро аввал "Янги бозор", сипас "Орҷоникидзеобод" мегуфтанд. Ҳоло ин номҳоро фақат калонсолон дар ёд доранд. Оҳиста-оҳиста номи Ваҳдат дар забон шиштааст. Ёки номи " Ленинободро" бигирем. Кам касе ин номро ба забон мегирад. "Хуҷанд" ҷойи худро мардонавар гирифт. Регар аз ин падида истисно нест. Вақташ меояд, он ҳам аз байн меравад. Вақт ҳама чизро аз байн мебарад. Вақт ҳокими ягона аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Олимони арҷуманд, масъулини муҳтарам, модоме ки пешниҳодҳо доред,пешниҳд кунед, кабул мекунед ё не инаш ҳам кори шумост. Вале номи зебои н, Бохтар - ро ба ҳолаш монед, зеро ин номи зеборо ман меписандам.
Посух додан
  • Сафар

  • 23 апрел 2017 00:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳамин шароити ҳозираи Тоҷикистон тасмим ба хароҷоти иловагӣ дар зиндагии шаҳрвандон чандон мантиқи нест. Тасмимгир бояд фикри хароҷон ва вазъияти иқтисодии ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба инобат гирад.
Посух додан
  • такситакси

  • 23 апрел 2017 17:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ду нафар КРГАН биё мерем саросема! Шмо фигр менен ки хами калимае ки ин кадар осон талаффуз мешава ай дахани таксихо гум када мешава??? Ё аз орган масъул мемонен ки штроф бкнан барои и калима???......
Посух додан
  • шахрванд

  • 23 апрел 2017 20:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Биеед набошад Точикистонро хам иваз намоем, бо мурури замон хамма аз ед мебарорад ки ин кишвар Точикистон ном дошт. Мантик дар кучост?
Посух додан
  • Шохкубур

  • 24 апрел 2017 11:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номхоро харчи тезтар бояд дигар кунем.. К-Теппа Левакобод е Вахшата монда шава! То охири сол номхои гайриточикиро тагир бочяд дод
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шахрванд,
Забон булбул. Дарди дилро гуфтӣ! Мо ин корро кайҳо бояд мекардем. Давлати тоҷикҳо Самарқанду Бухоро ном дошт. Ин тарафҳоро Бухорои Шарқӣ мегуфтанд. Дар маҷмӯъ масоҳати Аморати Бухоро аз Тоҷикистони имрӯза ба маротиб зиёд буд. Аз худи Бухоро то Шаҳрисабз, аз Бадахшон то Кӯлоб. Ман ҳоло ҳам зид нестам, ки Бухорои Шарқӣ барқарор шавад. Он гоҳ ҳама мефаҳмид, ки Бухорои Шимолӣ то Шаҳрисабз дар Узбакистон монд. Ин аз баракати бефаолиятии тоҷикони он замон ва табартақсими русҳо сурат гирифтааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!