Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:04

Кумитаи дин исми “қаҳрамон”-и видеоеро, ки бошандаҳои масҷидро дашном дод, эълон кард

9 октябр 2017, 11:07

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, “қаҳрамон”-и навори видеоие, ки бошандаҳои масҷидро дашном медиҳад, барои суҳбат ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ даъват шудааст.

Дар интернет наворе дар чархиш аст, ки дар он марди костюмдору галстукпӯше ба одамон таҳдид мекунад, масҷидро барбанданд. Дар идомаи суҳбатҳо ин мард чанд бор одамонро дашномҳои қабеҳ медиҳад.

Як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 9 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи тафтиши навор маълум шуд, ки ин мард Шокирҷон Холдоров, сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ будааст: “Субҳи имрӯз ӯро ба ҳукумати ноҳия даъват карданд. Гуфтааст, ки сархуш набуд, танҳо худашро идора карда натавонист”.

Ба иттилои манбаъ, масҷид дарвоқеъ ғайриқонунӣ буда ва иҷозаи фаъолиятро надоштааст.


Акс аз навори видеоӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Душанбе

  • 9 октябр 2017 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Носир,
Оё конун ИЧОЗАТ додааст ки корманди давлати халкро ДАШНОМ дихад? Парлумон агар гами халку ватана мехурд Нархи кувваи барк баланд намешуду хизмати халби рафтан Тарики ОБЛАВА намешид. Ягон маротиба дар ТВ-хо бахсу кабули конунхоро нишон додаанд? НЕ!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахси худашро идора карда наметавонистаги набояд дар вазифаи давлати кор кунад вагарна инхел шансон фитна ва бадбинии мардум нисбати давлату хукуматро мехохад......ali,
Посух додан
  • Гулистон

  • 13 октябр 2017 09:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мискин хар агарчи бетамиз аст, Чун бор хамебарад азиз аст. Говону харони бор бардор, Бех зи одамиёни мардумозор. Саъди.
Посух додан
  • Тамошобин

  • 13 октябр 2017 20:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос 7 экспертиза гузаронда уро 120 сомон штраф кунед. Ана баьд хаетро мефахмад....
Посух додан
  • Камол

  • 14 октябр 2017 07:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гулистон,
Яъне хару гову гӯсфанд аз ин гуна ашхос беҳтар аст ?
Посух додан
  • мехмон

  • 14 октябр 2017 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум шумо чи мехохед? Конун конун хаст! Магар бо ин кадар даъво Шумо аккалан яке аз фарзхои Исломро аз тахти дил ичро мекунед? Ин савол ба ман ва хамаи шахрвандон новобаста ба мансабдору бемансаб тааллук дорад. БА атроф нигаред чи кадар масчид бисёр аммо имондору инсофдор ангуштшумор! Хар кабила масчиди алохида ва имоми алохида дорад. Магар Ислом кабилавию ба тараф тараф чудо мешавад? Ё хадиси ,, Муъмин бародари муъмин"- ро намепазиред ? Агар не чи гуна мусалмони хастед ?
Посух додан
  • Гулистон

  • 14 октябр 2017 18:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Камол,
Бале аз гуфтахои Саъдии бузургвор бар меояд ки дар хамон даврахоям чунин ашхос вучуд дошт,
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!