Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 23:46
18 июн 2013, 16:48

Эътироз зидди ҳукми раҳоии се вакили парлумон

Имрӯз, 18-уми июн назди бинои суди шаҳри Бишкек намояндаҳои ҳаракати «Мекен шейиттери» ва «Апрел байраги» ҷамъ омаданд.

14 июн 2013, 15:50

Интиқод аз кори сафири Қирғизистон дар Душанбе

Омурбек Текебоев, вакили парлумон ва раиси ҳизби “Ота Макон”-и Қирғизистон дар ҷаласаи ҳизбаш аз фаъолияти Урмат Саралаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

14 июн 2013, 10:47

«Қирғизистон захираи хунашро ба кишварҳои дигар намедиҳад, ин як бахши амнияти миллӣ аст»

Маркази ҷумҳуриявии хуни Қирғизистон ҳамеша захираи лозимаи хунро дорад. Ба ҷуз ин захираи хун барои ҳолатҳои фавқуллода низ мавҷуд аст. Дар ин бора Бакит Қарабоев, мудири кулли ин марказ хабар додааст.

13 июн 2013, 11:28

Марзбонҳои Қирғизистон як сокини Тоҷикистонро меҷӯянд

Идораи марзбонии Қирғизистон аз Тоҷикистон хостааст, як сокини Исфараро, ки гӯиё ба марзбонҳои қирғиз ҳамла кардааст, боздошт намоянд.

12 июн 2013, 15:14

Отамбоев: Кӣ медонад, ки баъди ман кӣ президент мешавад?

«Ман як солу 6 моҳу 12 рӯз боз райиси ҷумҳурам. Бояд иқрор шавам, ки ҳар рӯзро мешуморам. То анҷоми муҳлати президентӣ 4,5 соли дигар мондааст. Мо мегӯем, ки интихобот баъди 4 сол оғоз мешавад, аммо ин тавр нест, он барвақтар шурӯъ мегардад», - гуфтааст Алмосбек Отамбоев, райиси ҷумҳури Қирғизистон.

11 июн 2013, 11:02

Қирғизистон баъд аз рафтани низомиёни Амрико миллионҳо $ зиён мебинад

Буҷаи Қирғизистон дар сурати бекор шудани шартномаи будубоши пойгоҳи низомии “Манас” дар қаламрави ин кишвар миллионҳо доллар хисорот мебинад.

7 июн 2013, 14:21

Парлумон хост, педофилон ахта шаванд

Парлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 6-уми июн, ҷонибдории худро аз ахтакунии кимиёвии педофилон изҳор дошт.

6 июн 2013, 11:17

Шаҳрвандони қирғиз бо дучарха озими Каъба мешаванд

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон тасмим гирифтаанд, тавассути дучарха ба зиёрати хонаи Худо раванд.

6 июн 2013, 10:58

Парлумон барои таҳқиқи қазияи Равшан Собиров комиссия таъсис дод

Парлумони Қирғизистон барои омӯзиши ҳабсу маҳкумияти Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоӣ ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар комиссияи махсус ташкил додааст.

5 июн 2013, 11:05

“Тоҷикони муқимӣ дар Қирғизистон дар ҳоли афзоишанд”

Дар Қирғизистон дар давоми 4 соли охир шумораи тоҷикон рӯ ба афзоиш овардааст.

4 июн 2013, 09:32

Президент хост, алайҳи тазоҳургарон аз нерӯ кор нагиранд

Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш хостааст, дар муқобили тазоҳургарон аз нерӯ кор нагиранд.

31 май 2013, 15:49

Нахуствазир ташаббускорони тазоҳуротро душмани қирғизҳо номид

Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, ташаббускорони тазоҳуроти Ҷети-Оғузро душмани мардуми қирғиз хонд.

30 май 2013, 12:05

Ҳамсар ва модари собиқ вазири тоҷик гуруснанишинӣ эълон карданд

Ҳамсар ва модари Равшан Собиров, вазири собиқи рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, зимни гирдиҳамоӣ дар Бишкек гуруснанишинӣ эълон кардаанд.

30 май 2013, 11:41

Гирдиҳамоии пайвандони Равшан Собиров дар Бишкек

Ҳудуди 20 тан аз пайвандон ва дӯстони Равшан Собиров, вазири собиқи рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, дар назди Кохи сафеди Бишкек таҷаммӯъ кардаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!