Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 10:42
8 апрел 2013, 11:34

60 дарсади бекорони қазоқ зан мебошанд

Мизони бекорӣ дар Қазоқистон дар соли 2012 нисбат ба солҳои пешин поин рафтааст.

6 апрел 2013, 14:28

Баҳси додгоҳии собиқ домоди президент дар Вена

Додгоҳи олии Вена парвандаи судии Роҳат Алиев, сафири пешини Қазоқистон дар Австрия ва домоди собиқи президент- Нурсултон Назарбоевро оғоз кард. Рӯзномаи «Время»-и чопи Қазоқистон гуфтааст, рӯзи аввали мурофиа бидуни ҳузури Роҳат Алиев гузашт.

3 апрел 2013, 11:51

Талоши ВКД барои ҷилавгирӣ аз паҳн намудани маълумоти шахсии сокинон

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки барои паҳн намудани маълумоти шахсии шаҳрвандон ҷазои ҷиноӣ роҳандозӣ шавад.

2 апрел 2013, 15:57

300 зани мубталои СПИД фарзанд таваллуд кардаанд

Маркази ҷумҳуриявии СПИД-и Қазоқистон мегӯяд, дар соли 2012, 311 бонуи мубталои СПИД дар ин кишвар, фарзанд ба дунё овардаанд.

31 март 2013, 16:33

Духтарони президент дар рейтинги шахсони бонуфуз

Дариға Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон дар садри феҳрасти занҳои бонуфузи он кишвар қарор гирифтааст.

29 март 2013, 12:02

Қазоқистон гузаштан ба ҳуруфи лотиниро баррасӣ мекунад

Дар Қазоқистон барои гузариш аз хатти сириллик ба лотинӣ то моҳи сентябри соли равон комиссияи махсус таъсис дода мешавад.

28 март 2013, 11:17

Азимҷонов гуфтааст, пасванди тоҷикии “истон” аз Қазоқистон берун шавад

Диас Азимҷонов, блогнавис ва ҳунарманди маъруфи Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки номи ин кишварро иваз кунанд.

26 март 2013, 13:35

Вазири хориҷаи Қазоқистон баъд аз Тошканд ба Душанбе меояд

Интизор меравад, вазири умури хориҷии Қазоқистон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биорад.

25 март 2013, 11:24

Ночорӣ шаҳрвандони қазоқро ба гурдафурӯшӣ водор кардааст

Ду шаҳрванди Қазоқистон ба хотири таъмини фарзандонашон гурдаҳои хешро ба фурӯш гузоштаанд.

20 март 2013, 10:19

Қазоқистон дар макотиби миёна курсҳои ронандагӣ ҷорӣ мекунад

Қазоқистон мехоҳад дубора дар барномаҳои таҳсили макотиби миёна курсҳои ронандагиро ҷорӣ намояд.

19 март 2013, 14:12

Маҳкумияти марде, ки ба номуси духтари хурдсолаш таҷовуз кардааст

Додгоҳи вилояти Алматии Қазоқистон мардеро бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтари 5-солааш ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.

15 март 2013, 15:22

Дар Қазоқистон эҳтимол баъзе аз нусхаҳои Инҷил сӯзонда шавад

Додгоҳе дар шимоли Қазоқистон барои аз нобуд кардани 121 китоби мазҳабии масеҳӣ дастур додааст, ки дар миёни онҳо баъзе нусхаҳои Инҷил низ ҳаст. Як масъули додгоҳ гуфта, ки эҳтимол ин китобҳо сӯзонида шаванд.

13 март 2013, 09:02

Ихтилоф дар заминаи мазҳабӣ дар шаҳраки Шардара

Бино ба иттилои Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон имоми масҷид бо далели ба қавоиди мазҳаби ҳанафӣ мувофиқат накардани намозгузории як нафар садди ибодати ӯ шудааст.

11 март 2013, 16:05

Peugeot ба Қазоқистон меояд

Дар Қазоқистон тавлиди автомобили сабукрави навъи «Peugeot» ба роҳ монда мешавад.

7 март 2013, 10:29

Қазоқистон бо бастаҳои пластикӣ «ҷанг» эълон мекунад?

Фаъолони ҷамъиятии Қараганда ба шаҳрдор пешниҳод кардаанд, ки алайҳи партовҳои пластикӣ иқдом кунад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!