Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 22:49
26 апрел 2013, 15:11

Аскар Акаев: “Илм аз олами хашини сиёсат роҳаттар аст"

Аскар Акаев, расиҷумҳури пешини Қирғизистон, “инқилоби ранга”-и моҳи марти соли 2005 дар кишварашро як табаддулоти зери раҳбарияти Амрико хондааст.

25 апрел 2013, 12:18

Мақомоти Қирғизистон: Талбандаҳо аз Тоҷикистону Узбакистон боздошт шуданд

Дар Қирғизистон як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонро боздошт намудаанд, ки бо тифлони хурдсоли худ ба талбандагӣ машғул буданд.

24 апрел 2013, 12:20

Масъалаи Қумтор садҳо танро ба майдони Бишкек овард

Таҳияи созишнома дар бораи Қумтор (кони тило дар Қирғизистон) беш аз 500 нафарро дар майдони Бишкек, пойтахти Қирғизистон, гирди ҳам овард.

23 апрел 2013, 12:20

Шаҳрванди Қирғизистон ба асорати Толибон афтодааст

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, миёни сарнишинони ба асорати Толибон афтодаи чархболи Ми-8 дар Афғонистон як шаҳрванди 47-солаи ин кишвар низ ҳаст.

22 апрел 2013, 11:25

Ҷаримаи бештар барои нақзи қоидаи будубош дар Қирғизистон

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз парлумони ин кишвар хостааст, бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ барои қонуншикании тартиботи будубош ба шаҳрвандони хориҷӣ 5 бор зиёдтар ҷарима муайян намояд.

20 апрел 2013, 12:36

“Sky Bishkek” Бишкеку Хуҷандро ба ҳам мепайвандад

Ширкати ҳавопаймоии “Sky Bishkek”-и Қирғизистон ба зудӣ парвози ҳавопаймоҳои худ аз Бишкек ба Хуҷанд ва бараъкс аз Хуҷанд ба Бишкекро ба роҳ мемонад.

19 апрел 2013, 22:50

КГБ: Гумонбарони таркиши Бостон 12 сол пеш дар Қирғизистон буданд

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, Темурлан ва Ҷавҳар Тсараевҳо, ки дар таркиши Бостони Амрико муттаҳам мешаванд, ҳанӯз 12 сол пеш дар ин кишвар зиста буданд.

19 апрел 2013, 15:24

Мубталоёни СПИД ҳар сол 600 нафар афзоиш меёбад

Дар Қирғизистон шумораи сироятшудагони бемории норасоии масъунияти одам ё ба истилоҳ Вич-СПИД, ҳамасола 600 нафар афзоиш меёбад.

18 апрел 2013, 18:51

Норасоии табибон дар навоҳии Қирғизистон

Академияи давлатии тибби Қирғизистон аз норасоии духтурон дар навоҳии ин кишвар ибрози нигаронӣ намудааст.

17 апрел 2013, 17:17

ВКД сафарбар шудани наврасон ба Сурияро тасдиқ кард

Вазорати умури дохилии Қирғизистон таъйид кард, ки 15 шаҳрванди ин кишвар барои ширкат дар даргириҳои дохилии Сурия ба Димишқ сафарбар шудаанд.

17 апрел 2013, 14:54

Жириновский хост, Қирғизистон ба ивази қарзҳояш Исиқ-кӯлро диҳад

Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатии Русия, пешниҳод кардааст, ки Қирғизистон Исиқ-кӯлро ба ивази қарзҳояш ба Маскав бидиҳад.

16 апрел 2013, 10:27

Бекназаров ба парлумони қирғиз то 24-уми апрел муҳлат дод

Азимбек Бекназаров, собиқ додситони кулли Қирғизистон, ба парлумони кишвараш то 24-уми апрел муҳлат дод.

11 апрел 2013, 12:46

Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон гуфт, омодааст дар додгоҳ ҳозир шавад

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, мегӯяд, ӯ ба Қурмонбек Боқиев иҷозаи берун рафтан аз кишварро додааст ва омода мебошад дар ин маврид дар додгоҳ посух гӯяд.

8 апрел 2013, 16:10

Интиқоли маблағи муҳоҷирон 20% афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони кории Қирғизистон ба Ватан дар давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% афзоиш ёфтааст.

5 апрел 2013, 15:29

Вазир мегӯяд, иҷрои CASA-1000-ро вазъи Афғонистон ба таъхир гузошт

Роҳандозии тарҳи CASA-1000 ба далели ноамнии Афғонистон ба таъхир меафтад. Ин нуктаро Автандил Калмамбетов, вазири энергетикаи Қирғизистон баён доштааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!