Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:11
17 ноябр 2012, 06:04

Уразалиев: «Газидани ангушт ва кашидани мӯи сар мумкин нест…»

«Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин намуди варзиш ба саломатии варзишгарон ҳеч осеб намерасонад, вале нисбат ба дигар намудҳои варзиш вазнин аст».

20 июл 2012, 07:03

Абдулғафури Орзу: Хуруҷи неруҳои ҷаҳонӣ ба маънои баргашти Ал-қойида нест

Дар ин авохир чун мавзӯи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон тарҳ мешавад, ҳамагӣ аз як фароянди наздик ба ҷанг ва вазъи хушунатзо суҳбат менамоянд. Вале воқеиятҳои муосир дигар ҳастанд ва зарурати иҷтимоиву сиёсӣ падид омадааст, ки Афғонистон ба унвони як кишвар бояд мустақил бошад ва сулҳ дар он таъмин гардад. Дар суҳбат бо сафири кабири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои доктор Абдулҳамиди Орзӯ мо воқеияти ҷанг ва сулҳи Афғонистонро ба мубоҳиса кашидем.

27 апрел 2012, 06:38

Сайфулло Сафаров: Мансабдорон меоянду мераванд, вале манфиатҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд

Ҳукумат ҳама вақт аз мардум аст ва мардум бояд ба ҳукумати хеш наздиктар гарданд ва бо ташаббусҳои хеш онро ҳарчи бештар мардумитар гардонанд.

10 апрел 2012, 06:22

Зафар Абдуллоев: Мо аз ҳар тараф вобаста ва ғуломи Русия ҳастем

Муддатҳост, ки бар сари пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва  Иттиҳодияи гумрукӣ баҳсҳо идома дорад.

20 январ 2012, 11:59

Cиёвуш: Бузургонро на дар зиндагияшон қадр мекунем ва на баъд аз маргашон

Идомаи мусоҳибаи Қосими Бекмуҳаммад бо Сиёвуш  - шоири номии тоҷики муқими Қирғизистон

4 ноябр 2011, 12:07

Абдураззоқ Абдуллоев: Нақшаву тасмимҳои зиёде дорем…

Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия- «Аҳмадсоз» дар Душанбе 5-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимиро баргузор кард. Маврид ба ёдоварист, намоишгоҳи аввалини он соли 2009-ум  доир гардида, то имрӯз дар кишвар 4-намоишгоҳи байналмилалӣ бо ибтикори ин ширкат сурат пазируфтааст. Баъди Душанбе дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ баргузории як намоишгоҳи вижа дар назар аст. Хабарнигори «Озодагон» бо Абдураззоқ Абдуллоев, директори генералии ширкати мазкур оид ба ҳадаф ва мақсади аслии намоишгоҳҳо мусоҳибае анҷом дод.

2 ноябр 2011, 10:50

Сафват Бурҳонов: «Салом» бе пул аст, «пул», ки шуд кор ҳаром мешавад…

Хабарнигори тоҷик Сафват Бурҳонов тасмим гирифтааст, муносибати «сард»-и Тошканду Душанбеи расмиро ба «гармӣ» моил созад. Бо кадом роҳ ва чӣ гуна? Барои посух ёфтан ба ин пурсиш матлаби зерро мутолиа намоед.

Озодагон: Ҷаноби Бурҳонов, лутфан бигўед, ки ин чӣ ҷамъият аст ва чӣ ҳадафҳо дорад?
Сафват Бурҳонов: Бояд бигўям, ки ин ҷамъият на барои маблағ, балки барои обрў аст. Ин барои сулҳи мардуми Тоҷикистону Ўзбакиситон аст. Аз ин хотир ман ин ҷамъиятро номнавис намекунам. Суратҳисоб ҳам намекушоям. Ҳамин хел бо номи ман ин ҷамъият таъсис меёбад ва ман ба ҳама аъзову ҳаводорони ў «марҳамат» мегўям.
Озодагон: Чӣ хел бо номи шумо: Яъне «Ҷамъити Савфат Бурҳонов»?
Сафват Бурҳонов: Не, ҷамъияти дўстии «Салом». Дар ин маврид нафароне, ки бо ман ҳамақидаанд метавонанд фикри худро баён созанд. Ҳамчун нафаре, ки ин андешаро миёни мардум роҳандозӣ кардам, шарти аввалинам ҳам ҳамин аст, ки дар ҷамъияти «Салом» набояд муносибати пулӣ бошад. Маблағ дар ин ҷамъият набояд вуҷуд дошта бошад. Бағаразона, ҳар нафари солимфикр, рўшанфикр ва аҳли фарҳангу сиёсати Душанбеву Тошканд дар ин ҷамъият метавонанд дар чаҳорчўбаи хостаҳои ҳукумату қонунҳои худ  роҳи ҳали мушкилотро аз дидгоҳи худ пешниҳод созанд. Тоҷикистону Ўзбакистон сиёсати дарҳои боз доранд.
Давоми ҳазорсолаҳо мо бо худ ҳамзистии осоишта ва хуб доштем. Барои ҳамин ман ҳам мехоҳам, ки мардум ҷамъ оянд ва фикрҳои худро баён намоянд. Ин дипломатияи мардумӣ аст. Аҳли фарҳанг, тиҷорат, санъат, пизишкону омўзгорон бояд гирдиҳам оянд, муттаҳид шаванд.
Озодагон: Ба назари шумо то куҷо ин тасмим амалишаванда аст, то куҷо ба ҳам овардани ду гурўҳ имконпазир аст?
Сафват Бурҳонов: Осонтарин кор ин ба ҳам овардани ду миллат аст. Миёни мардуми тоҷику ўзбак ҳазорсолаҳо тафриқае набуд. Ҳеч гоҳ. Ин ҳама бадбиниву тафриқа андози давоми 140 соли охир шуд, ки ба сари мо бор мекунанд. Тафриқа андози миёни Тоҷикистону Ўзбакистон аз ғасби Русия шурўъ шуд. Мо бо як фарҳанги ҳаммарзи бо ҳам созиш мекардем. Вале, як рўз бародарони бузург омаданд, ғасб карданд ва ду миллати минтақаро бо ҳам ҷанг андохтанд. Ин ду миллат акнун бояд дарк кунад, ки ин ҳама муноқиша аз ҷониби давлати дигар тарҳрезӣ шудааст. То замони ғасби русҳо миёни Тоҷикистону Ўзбакистон нофаҳмӣ вуҷуд надошт. Қартаҳо аз ҷониби дигар буд, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам як қартаи асосӣ буд. Русҳо мехостанд, ки он ҷанг миёни Тоҷикистону Ўзбакистон бошад. Нашуд. Ман мутмаинам, ки дар таркиби миллатҳои тоҷику ўзбак афроди солим зиёд аст. Ҳастанд нафароне, ки ҳеч гоҳ манфиати миллии худро қурбони дасисаву манфиати дигар кас намекунанд.
Муносибати дўстонаи ду миллати ҳаммарзро бояд барқарор кард, чун ҳарду давлат муносибати кушоди дипломатӣ дорад.
Озодагон: Аҷиб. Ба назари коршиносон ин масъала сиёсӣ буда, то замоне, ки сарони кишварҳо-Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов сари мизи музокирот нанишинанд, дигаргунӣ дар вазъият дида намешавад. Вале шумо мегўед, ки дар сурати ба ҳам овардани як гурўҳ рўшанфикрон метавонед муносибати дўстонаи тоҷикону ўзбаконро барқарор намоед. Яъне метавон гуфт, ки иддае аз масоил аз ҷониби мардум ҳал мешавад?
Сафват Бурҳонов: Раисҷумҳури ҳар ду давлат кистанд? Қабл аз ҳама шаҳрвандони мо, яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Ўзбакистон. Ман низ дар баробари онҳо ҳақ дорам. Метавонам аз он ҳуқуқҳоям истифода кунам. Сарони ҳарду кишварҳоро дигар давлатҳо мехоҳанд ҳамчун рақиб ба намоиш гузоранд. Дар асл ҳам Раҳмон ва ҳам Каримов барои рушди миллати худ талош мекунанд. Онҳо пешравии давлати худро мехоҳанд.
Дар ин ҷо аҳли солимақли ҷомеа низ набояд бе фарқ бошад. Буданд ҳолатҳое дипломатҳо тоҷику ўзбак барои дубора созиш кардан  ба мувофиқа расиданд, аммо дар лаҳзаи охирин кишварҳои хориҷ дахолат мекунанду тамоми ҷаҳду талош бар боди фано меравад. Вале дар ин маврид агар мо, мардум дар канори раҳбарони кишварҳои худ бошем, кор ранги дигар мегирад. Дар ин ҳолат раисҷумҳурон низ танҳо намемонанд. Онҳо ҳам эҳсос мекунанд, ки қишри рўшанфикри ҷомеа дар паҳлўяшон аст.
Озодагон: Ба андешаи шумо ин ҳам пешниҳодот аз ҷониби рўшанфикрони Ўзбакистон чӣ гуна қабул карда мешавад?
Сафват Бурҳонов: Дар Ўзбакистон дўстони зиёде дорам. Медонам онҳо ин фикрро дастгирӣ мекунанд. Дар Ўзбакистон ҳам афроди солимфикр хеле зиёд. Теъдоди нафароне, ки дўстии ҳарду миллатро мехоҳад, хеле зиёд аст. Аксарият хостори муносибати осоишта ҳастанд. Мо камбудиву норасоии якдигарро бояд рў ба рў бигўем. Барои мо миёнҷигарии дигар давлатҳо лозим нест. 20 соле, ки миёни ду кишвар муносибати сард аст, аз ширкати ин миёнҷигарҳо муносибати мо боз бадттар мешавад. Ман нашунидам, ки боре русҳо ва амрикоиҳо гуфта бошанд, ки музокирот кунед. Барои онҳо ин чиз лозим нест. Чун онҳо медонанд, ки дар сурати созиши Тоҷикистону Ўзбакистон газу нафти Тошканд ба дигар ҷо ройгон рафта, урани Душанберо ҳам дигарон мегиранд.
Барои  ҳамин лозим аст, ки ин ду миллат бо ҳам муттахид бишаванд. Вақте мо муттаҳид мешавем ба як нерўи устуворе табдил меёбем. Дилсардӣ миёни ҳарду миллат бояд хотима ёбад. Аслан ҷанҷол миёни ҳамсояҳо ду ва ё се рўз мешавад. Вале ин дилсардии тоҷикону ўзбакон зиёда аз 20 сол аст, ки давом меёбад.
Сафват Бурҳонов: Вақте ҷамъияти шумо дар ҷое номнавис намешавад, пас шумо фаъолиятро чӣ гуна ба роҳ мемонед, ин чӣ гуна мешавад?

Бори дигар ба такрор мегўям, ки ин фаъолият нест. Ман мегўям ва ҳар нафаре ҷонибдори фикри ман аст, худаш метавонад ҳарф бизанад. Барои ин кор музд талаб намекунем. Ҷамъият, ки шуд пул мешавад, пул, ки шуд кор ҳаром мешавад. Мо бояд исбот бикунем, ки нияти неку холис дорем. Бигузор чун қабл ҳар нафаре мехоҳад ба Ўзбакистон равад. Ҳар шоиру нависандаи мо ба аёдати дўстони ўзбаки худ бираванд. Мо бояд ин корҳоро дар сатҳи шахсиятҳо анҷом диҳем.
Фурсате расидааст, ки мо бояд мушкилоти сиёсиву иқтисодиамонро низ бо ҳам ҳал бикунем. Нерўгоҳи «Роғун» мо метавонем ҳусни тафоҳум бо ҳам кунем ва ўзбакон ба мо ёрӣ расонанд. Ҳамин тавр тоҷикон ҳам метавонанд барои бунёди истгоҳи атомии Ўзбакистон саҳми худро гузоранд.
Озодагон: Ба назари шумо Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов аз мавҷудияти чунин ҷамъият чӣ гуна қабул мекунанд?
Сафват Бурҳонов: То ҷое ман медонам ҳукуматҳои ҳарду кишвар ҷонибдории сардии муносибатҳо нестанд. Он гурўҳе, ки имрўз барои боз ҳам муташаниҷ гардидани вазъият баъзан сару садо мекунад онҳо боқимондаҳои солҳои 90-ум ҳастанд. Дар таърихи башарият ҷангҳои бузургтарин на бештар аз 5 сол идома ёфтанд. Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ 5-сол, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон баъд аз 5 сол бо сулҳ анҷом ёфт. Оқибати тамоми ҷангҳо сулҳ аст. Аммо ин ҷанги «хомўш»-и Тоҷикистону Ўзбакистон солҳои тўлонӣ идома дорад. То ҷое ман хабардорам дар ҳукумати Душанбеву Тошканд ҳеч нафаре зидди сулҳ нестанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов сиёсати давлати худро сиёсати дарҳои боз эълон доштаанд. Мутмаинам, ки қабл аз ҳама ин идеяи созиш кардани тоҷикону ўзбаконро маҳз раҳбарони давлат дастгирӣ мекунанд.
Озодагон: Масъалаи дигаре, ки бойиси сардии муносибати Тоҷикистону Ўзбакистон гаштааст, ин об мебошад. Ба назари шумо дар ин маврид ҳам Душанбеву Тошканд забон як мекунанд?
Сафват Бурҳонов: Агар ҳамин ду давлат хоҳиши бо ҳам созиш карданро дошта бошад ба онҳо кассе халал расонида наметавонад. Агар Тоҷикистону Ўзбакистон бо ҳам ба мувофиқа нарасанд, мушкилоташон дучанд мешавад. Тавре мутахассисон мегўянд, обанборҳои Ўзбакистон аз ҷиҳати баландшавии ҳарорат об зуд бухор щуда, аз ҷиҳати ҳамвории замин ва кашидани обу нигоҳдории чунин обанборҳо дар фасли тобистон хеле душвор аст. Аз ҷиҳати иқтисодӣ  ҳам ин кор муфид нест. Дар ин маврид ҳам тоҷикону ўзбакон метавонанд бо ҳам созиш карда бо ҳамдигар ёрӣ расонанд. Вале мушкил дар он аст, ки дасти саввум намегузорад, ки дўстӣ миёни ҳарду кишвар барқарор гардад.
Озодагон: Дар сурате, ки кишвари хориҷ  зидди муносибати дўстонаи Тоҷикистону Ўзбакистон аст, пас ба назари шумо онҳо барои амалӣ гардидани ин тасмими шумо монеа эҷод намекунанд?
Сафват Бурҳонов: Агар ин ду давлат даст ба ҳам диҳад нафаре наметавонад ба онҳо таъсири манфӣ расонад. Ман мутмаинам, ки дар сурати муттаҳидшавӣ давлате наметавонад, ба умури дохилии Тоҷикистону Ўзбакистон дахолат кунад.
Мусоҳиб: Ҳумайрои Бахтиёр{jathumbnail off}

10 октябр 2011, 06:37

Насибҷон Амонӣ: Ҳукумати Карзай торафт қавмгаро мешавад...

Чанд рӯз қабл дар сомонаи «Тоҷикам» (www.Tajikam.com) бахши форсии «сириллик» роҳандозӣ шудааст, ки тоҷикон ва умуман форсизабонони дунё метавонанд тариқи ин бахш аз муҳимтарин воқеаву ҳаводиси Тоҷикистон Афғонистон, Эрон ва умуман аз рӯзгори ҳамзабонон огоҳӣ пайдо кунанд. Дар робита ба ин хабарнигори «Озодагон» бо Насибҷон Амонӣ, журналист ва масъули ин бахш мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод.

5 сентябр 2011, 06:29

Иззат Амон: Истиқлолият барои як муҳочир, раҳоӣ ёфтан аз бардагии миллатҳои бегона ва озодона кору зиндагӣ кардану таъмини оила дар Ватани худ мебошад.

9-уми сентябри соли 1991 парлумони вақти Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Қадриддин Аслонов (раҳмати Худо бар ӯ бод) ба зимма дошт, эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро ба имзо расонид. 20-сол боз ҷумҳурии мо, мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ мустақил аст, ба қавле дигар дастнигари Кремлу Маскав нест. Давлатамон соҳиби нишон, парчам, марз, арзи миллӣ, артиш ва обрӯву нуфузи сиёсӣ дар ҷомеаи ҷаҳонист.
Акнун суоли матраҳ ин аст, ки 20-соли истиқлол ба мо чӣ дод, чӣ бурд кардем ва чӣ корҳоеро боястӣ аз ин ба баъд анҷом бидиҳем? Насли 20-сола ва аз он  бузургтар, ки алъон дар муҳоҷират аст,  аз истиқлол чӣ бардошт дорад, аз пурсишҳоеанд, ки «Озодагон» ба  Иззат Амон, сиёсатшинос ва раҳбари созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия дода, посух дарёфт кард. Инак, фишурдаи сӯҳбат манзури шумост.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!