Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 14:20
25 май 2012, 11:07

Баҳрайн кишваре аз диёри фаромӯшшудагон

Он чи раднопазир аст ин аст, ки мардуми Баҳрайн имрӯз бо силоҳҳои амрикоӣ кушта мешаванд ва Кохи сафед саъй дорад аз роҳи сиёсӣ бар ҷиноятҳои режими ҳокими Баҳрайн алайҳи мардуми ин кишвар, сарпўш бигзорад.

18 май 2012, 10:01

Рақибони Раҳмон дар интихобот муттаҳид мешаванд?

Ахиран Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон эълом дошт, ки музокироти аҳзоби мухолиф барои пешбарии номзади ягона дар интихоботи президентии соли 2013 шурӯъ шудааст. Масъуд Собиров дар ин маврид дақиқан ҳизберо ном нагирифтааст. Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ гуфт, ки аслан аз изҳороти Масъуд Собиров  бехабар аст. Ба гуфтаи номбурда Масъуд Собиров ва ё намояндагони демократҳо то имрӯз дар робита ба ин мавзуъ бо комунистҳо дар иртибот нашудаанд. Исмоил Талбаков мегӯяд, ки раёсат ва плениуми ҲКТ то имрӯз ҳатто дар мавриди эҳтимоли иттиҳоди аҳзоби мухолиф барои интихоботи соли 2013 гуфтушуниде накардааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои ҲНИТ дар робита ба суханони Масъуд Собиров изҳори беиттилоӣ кард.

18 май 2012, 06:58

Президенти Тоҷикистон нав мешавад?

Соли 2012 дар ҷаҳон лидерони нави сиёсӣ ҳукумат меронанд, ки ин замони паси сар шудани як мавҷи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба ҳисоб меравад ва имкон дорад, ки тағйиротҳои зиёде ба вуқуъ пайванданд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки аксари рақибони сиёсӣ барои заъиф нишон додани рақиби худ ва паст задании имиҷи ӯ дар назди халқ мехоҳанд аз вазъи ноҷӯри моливу иқтисодии кишвар сӯиистифода кунанд ва фаъолияти роҳбари имрӯзаро мавриди чолиш қарор диҳанд.

16 май 2012, 09:36

Амрико ба даврони заъфи худ дар қарни 19 суқут кардааст

Як пажӯҳишгоҳи амрикоӣ вазъияти кунунии Амрикоро бо шароити ин кишвар дар қарни 19 муқоиса карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки ИМА акнун ба даврони заъфи гузаштаи худ дар ду асри пеш пасрафт мекунад.Пажӯҳишгоҳи «Мутолиоти роҳбурдӣ ва байналмилал»-и Амрико мақолаи Ҷеймс Луисро ба нашр расонда, ки дар зер мухтасари он пешкаш мегардад.

11 май 2012, 10:48

Фирори мағзҳо: мушкиле, ки дар Тоҷикистон ҷиддӣ намегиранд

Барои Тоҷикистон ифодакунандаи тамоми паҳлӯҳои раванди фирори мағзҳо ҳамин байт аст, ки тақрибан ҳама медонанд: Рӯ ба ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист? Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад. Ҳарчанд ифодаҳои "оина" ва "хокистар" эҳсосиву бадеӣ бошанд, ҳам.

4 май 2012, 05:38

«Имзои паймони стратегӣ ба маънои боқӣ мондани Амрико дар Афғонистон аст»

Акрам Саҳгул, таҳлилгари масоили дифоии Покистон, имзои паймони стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрикоро нишонаи тасмим барои ҳузури Амрико дар Афғонистон пас аз соли 2014 медонад.

30 апрел 2012, 11:41

Туркия ва Амрико Русияро аз Осиёи Миёна меронанд?

Як коршиноси барҷастаи масоили сиёсии Осиёи Марказӣ эълом кард, ироаи Исломи секулор аз сӯи Туркия, ки мавриди тасдиқи Вашингтон низ ҳаст, боиси шиддатёбии руҳияи зиди русии мардуми минтақа хоҳад шуд.

26 апрел 2012, 05:57

Сиёсатҳои Туркия дар баробари Сурия

Баррасии сиёсатҳои Туркия дар баробари бӯҳрони Сурия, бидуни дар назар гирифтан ва мутолиаи усули сиёсати хориҷии ин кишвар ва расади ҳаракоти дипломатӣ ва бозиҳои сиёсии давлатмардони ин кишвар имконнопазир аст.

21 апрел 2012, 07:11

Ихтилофи Тоҷикистону Ӯзбакистон барои НАТО аст?

Коммунистҳои тоҷик мухолифи интиқоли таҷҳизоти НАТО аз тариқи хоки Тоҷикистонанд

13 апрел 2012, 11:58

Кӣ хостори ҷанги Тоҷикистону Ўзбакистон аст?

Равобит ва муносибати Тоҷикистону Узбакистон танҳо пас аз сари қудрат рафтани роҳбарони ҳарду кишвар барқарор хоҳад шуд. Аз ҷониби дигар ин низои лафзӣ ба ҳаде расидааст, ки метавонад даргирии низомиеро дар пай дошта бошад, мегӯянд коршиносони рус.

13 апрел 2012, 10:48

Аз ташдиди ихтилоф миёни Тошканд- Душанбе кӣ суд мебарад?

Рӯзи 3 апрел  дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати раиси ҷумҳури Узбакистон ҷаласаи фавқулоддаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар баргузор шуд, ки дар он баррасии равобит бо Тоҷикистон дар меҳвар қарор дошт.

13 апрел 2012, 09:57

Роҳи пулакӣ фаромӯш нашудааст

Мегӯянд, дар Ғарб ситораҳои олами шоу бизнес барои аз забони мардум дур нашудан ҳар гуна сару садоҳои бофтаву сохтаро расонаӣ мекунанд.  Аммо дар мо…

6 апрел 2012, 05:24

Чаро вакилони тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот намепурсанд?

Хабари ҳисоботи Маҳмуди Аҳмадинажод назди вакилони мардумии ҷумҳурии исломии Эрон нимаи дуввуми моҳи март, сархати расонаҳои хабарӣ буд.

5 апрел 2012, 10:45

Умед ба озод гардидани Фаластин бештар мегардад

Ба гуфтаи  Али Акбари Вилоятӣ баъд аз инқилобҳои арабӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо умед ба озодии Фаластин зиёд шудааст. Вай бо ишора ба азамати ҳаракатҳои мардумӣ дар дунёи Ислом афзудааст, баъди 33 соли ихроҷи сафорати Исроил аз Эрон, парлумони Миср чанде пеш ба қатъи равобит бо Исроил раъй дод, ки натоиҷи бедории исломӣ аст.

5 апрел 2012, 09:07

Қазияи гази узбакӣ масъалаи иқтисодист ё сиёсӣ?

Баҳор ҳам ба муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон гармӣ наовард. Баръакс, бо аввалин нишонаи зиндашавии табиат ҳамсоякишвар эълон кард, ки интиқоли газашро қатъ мекунад. Ба қавли коршиносон сардии муносибат байни Душанбеву Тошканд акнун печидатар шуда, дар сурати ҷилав нагирифтан ва пайдо накардани роҳҳал он барои амнияти тамоми минтақа мушкилд пеш хоҳад овард.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!