Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июл 2017, 19:31
17 ноябр 2012, 06:09

Боз як парвандаи сиёсӣ?

Хомӯшии мақомоти Тоҷикистон, мавқеи норӯшани парлумони Тоҷикистон ва ҳеч гуна тасмими ҷиддӣ ва ё тасими ниҳоӣ нагирифтани аҳзоби сиёсии кишвар аз масъалаҳое буданд, ки баъд аз нигаронии Манижа Шаҳбозбекова , ҳамсари Шерик Карамхудоев, масъули ҲНИТ дар Хоруғ, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад миёни коршиносон садо дод.

17 ноябр 2012, 05:20

Асрори ба Хуҷанд бурдани маҳбусон

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо пахши изҳороти бозе унвонии намояндаи комилҳуқуқи президенти дар Маҷлиси Олӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода хостори расидагӣ ба сару садоҳо атрофии интиқоли як гурӯҳи маҳбусон аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд шудаанд.

16 ноябр 2012, 11:34

«Каппаи монополистон дуд мекунад»?

Барои ба эътидол овардани вазъи рақобат дар бозорҳои моли Тоҷикистон ҳукумат чун ҳамеша нахуст аз имконияти парлумон истифода кард. 8-уми ноябр вакилони парлумон тарҳи қонун «Дар бораи Рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»-и кишварро қабул намуд.

9 ноябр 2012, 09:53

Афви навбатӣ пеш аз интихобот ба амал меояд?

Як гурӯҳ варзишгарони маъруфи кишвар, собиқадорони соҳа, устодон ва мураббиёну варзиши тоҷик ба унвони президенти мамлакат нома навиштаанд. Ин варзишгарон аз раисиҷумҳури кишвар дар остонаи ҷашни таҷлили 20 солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ  дархост кардаанд, ки дар арафаи ин иди бузург афв ва бахшиши гуноҳи варзишгаронеро анҷом диҳад, ки бо ин ё он сабаб, аз ҷумла аз гумроҳӣ ба роҳи ғалат рафта. Муроҷиаткунандагон  яке аз паҳлавонони номии кишвар, ғолиби даҳкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистон, Мураббии Шоистаи Тоҷикистон, Устоди варзиши кишвар дар намуди гӯштин, барандаи медали нуқраи мусобиқаҳои байналхалқии қитъаҳои Ғарб ва Осиё, собиқ сармураббии дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба гӯштини Кураш, собиқ роҳбари муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба намуди гӯштин, довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Муминов Ҳасан Ҷумъаевич, ки беш аз се сол боз дар зиндон адои ҷазо дорад, хоҳиши авф намуданашро талаб карданд.

9 ноябр 2012, 06:14

Тасмиме, ки обрӯи миллатро бурд

Аз қазияи пурсару садои мавсум ба "халабонҳо" як сол пур мешавад. Он хати тираи дигар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бо гузашти 12 моҳи расо пок нагардидааст. Аз ин қазия обрӯи як кишвари мустақил коҳиш ёфт, аммо зарбаи сахт сари муҳоҷирони меҳнатӣ расид. Бо гузашти як сол ҳанӯз таъсири манфии он болои муздурони тоҷикистонӣ эҳсос мешавад.

9 ноябр 2012, 04:36

Парлумон пешниҳоди ҲНИТ-ро қабул мекунад?

Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар парлумон гуфт, ки феълан тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" дар кумитаи умумии МНМО қарор дорад.

2 ноябр 2012, 04:30

Русия муҳоҷирони тоҷикро мешӯронад?

Тайи чанд соли ахир  сиёсатмадорону коршиносон ҳамвора атрофи масъалаи муҳоҷирини кории тоҷик ва мушкилоту бурду бохти онҳо дар Русия ҳарф мезананд. Иддае аз ин бародарон раванди муҳоҷират ва худи муҳоҷиронро абзори фишори Маскав  дар муқобили Тоҷикистон медонанд. Дар баробари ин аз ҷониби кишвари бо мо "дӯсту шарики стратегӣ" низ чандин дафъа аз ин василаи "наву муосир" кор гирифта шуд. Таври мисол, дар тирамоҳ-зимистони соли 2011 қазияи халабонҳо аз серғавғотарин маъракае буд, ки боис ба ихроҷи теъдоди зиёди муҳоҷирини тоҷик шуд. Аммо мисли ҳамеша, Тоҷикистон дар муқобили ин фишорҳо гузашт мекунад. Бархе аз коршиносони Русия бошанд ҳадс мезананд, ки маҳз ҳамин муҳоҷиронанд, ки пояи иқтисоди Тоҷикистонро устувор нигоҳ медоранд. Ҳатто Владимир Путин зимни боздиди ахири хеш аз Тоҷикистон қайд кард, ки бо 3 миллиард доллари ирсолнамудаи муҳоҷирин ММД-и  Тоҷикистон ҳудуди 40 дарсади буҷа ғанӣ мегардад.

20 октябр 2012, 03:52

Тақсимоти марз: дипломатҳои тоҷик баранда мешаванд ё бозанда?

Як сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин аз Ҷопон хост, ки бо таваҷҷуҳ ба тамоюли Ҷопон барои беҳбуди равобит бо Чин, ки ба дунболи танишҳои марзии ду кишвар ба сардӣ гароида буд, ба мизи музокирот бозгардад. Ихтилофоти марзии ин ду кившар нишон медиҳад, ки муноқишоти марзӣ байни мамлакатҳо рӯз то рӯз сангинтар мешавад. Аз онҷое, ки Тоҷикистон ҳам як кишвари заъиф аст ва қаблан қитъае аз арозии худро ба Чин ҳадя дода буд, коршиносон корро барои Тоҷикистон дар хусуси муноқишоти марзӣ бо ҳамсояҳо душвор арзёбӣ мекунанд.

19 октябр 2012, 06:58

Эмомалӣ Раҳмон "розигии" Маскавро гирифт, Кабирӣ аз Вашингтонро?

Ё Амрико ба Кабирӣ дар бораи интихоботи соли 2013  тавсияҳое  хоҳад дод?

19 октябр 2012, 06:49

"Команда"-и Раҳмон боз аз кадом роҳ истифода мебарад?

Ба қарибӣ дар Аврупо китобе бо номи "Наҷотбахши миллат" ба нашр расид, ки аз фаъолияти сиёсии Э. Раҳмон президенти Тоҷикистон нақл мекунад. Коршиносон мегӯянд, ки ин давоми маъракаи таблиғотии ҳукмат ва ҳизби ҳоким аз номзадашон ба вазифаи президентӣ аст, ки кайҳо шуруъ шудааст. Мусаллам аст, ки ҳукумат ва ҳизби ҳоким аз тамоми имконот барои таблиғи номзадашон истифода хоҳанд кард. Васфи дастовардҳои "беназир"-и бистсола аз ҷумлаи васфномаҳо хоҳад буд. Дар ҳамин росто боз чӣ корномаҳое дар фаъолияти "пурсамар" зам мешавад, мавзӯи баҳси мост, ки дар зер мутолиа мекунед.

12 октябр 2012, 04:10

Тӯҳфасупорӣ: Ҳадяи кӣ боарзиштар буд?

Гурӯҳе аз коршиносон сафари Путин ба Душанберо барои Тоҷикистон манфиатовар хонда, мегӯянд, ки имзои 6 санад ҳамкории ду кишварро боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари гурӯҳи дигари таҳлилгарон Путин дар рафти сафари худ ҳеч санади муҳиме барои мардум ба тасвиб нарасонида, ваъдаҳояш ба гурӯҳи маҳдуди масъулини ҳукуматӣ рабт дошт.

6 октябр 2012, 05:48

Тарси амалдорони беамал

Соҳибмақомон, ба вижа амалдорони маҳалҳо умри азизи хешро дар тайи андешаҳои бемоҳияту пуч бар боди фано медиҳанд. Аслан, чаро эшон доиман дар мунҷалоби афкори дилзананда ва тарсу ҳаросбарангез ғарқа гардидаанд? Иддаи фаровони ин вазифадорони музофотӣ тайи солҳои сарварии худ дар мақоми раиси ҷамоату ноҳия ва ё шаҳр ҳеч амали чашмгиреро ба сомон нарасонидаанд. Дар минтақае, ки таҳти нуфузу тасаллути онон қарор дорад, як сехи хурд ё корхонаи кӯчаки истеҳсолӣ насохтаанд. Бо  мардум на аз рӯи иззату арҷгузорӣ, балки бо шеваи амру фармон ва бонгу ниҳебу дағо муносибат кардаанд ва мекунанд. Тавре, ки ин райият ғулому бардаи зархариди онҳо маҳсуб меёфта бошанд.

6 октябр 2012, 05:09

Нахуствазири беваколат ва "салоҳият"-и вазирони Тоҷикистон

Президент  барои  таъмири  роҳ  пул  ҷудо  кунад,  президент  барои  ниёзмандон  замину  хона  тақсим  намояд,  президент  кадрҳои  шоистаро  дар  дохили  Тоҷикистон  нигоҳ  дошта  бо  кор  таъмин  кунад,  президент  аз  рафти  ҷуфту  кишту  ҷамъоварии  ҳосил  назорат  карда,  хулоса  барорад,  президент  аз  корҳои  давлатӣ  холӣ  шуда,  боз  дар  ҳуҷрааш  арзу  доди  шикоятмандонро  шунавад,  президент  ба  ноҳияҳо  рафта,  роҳи  корро  ба  раисон  нишон  диҳад,  президент  наврасонро  аз  кӯча  ҷамъ  карда  ораду  ба  мактаб  монад,  президент  дар  сарфаи  хароҷоти  беҳудаи  оилаҳо  кӯмак  кунад,  президент  соҳибкоронро  дастгирӣ  кунад,  президент  роҳи  баланд  кардани  маоши  муаллиму  духтурро  ба  вазирон  нишон  диҳад,  президент  ба  бонувони  соҳибкор  пул  диҳад,  президент  аз  бонкҳо  пул  қарз  гирифта,  ба  деҳқон  диҳад,  президент  қарзи  пахтаву  соҳибкории  мардумро  диҳад,  президент  ғами  деҳқону  заминро  хӯрад,  президент  барои  Роғун  пул  ҷамъ  кунад,  президент  ба  қабули  шаҳрвандон  аз  ҷониби  мансабдорони  шаҳру  ноҳия  мусоидат  кунад,  пас  барои  вузарову  раисон  чӣ  коре  барои  анҷом  додан  боқӣ  мемонад?

6 октябр 2012, 03:40

Рақси навбатӣ дар Парлумон

Дар ҷаласаи ахири худ парлумони Тоҷикистон ширкати "Осиё экспрес"-ро аз пардохти молиёт ва андоз озод кард. Гуфта мешавад, ширкати мазкур ба Тоҷикистон 40 адад автобуси тамғаи "Манн"-и Олмонро ворид намуда, ҳамакнун вакилон бо ворид кардани тағйирот ба қонун "Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2012" барои 20 адад автобуси ин ширкат имтиёз доданд, ки маблағи он 5,6 милион сомонӣ ва ё худ 1 милион долларро ташкил медиҳад.

29 сентябр 2012, 05:30

"Ҳомиёни демократия" ба арзишҳои мусулмонон арҷ намегузоранд

Таҳияи филми тавҳиномезе нисбат ба паёмбари ислом бо номи "Бегуноҳии мусулмонон" хашми мусулмононро овард ва дар бисёре аз кишварҳо мардуми мусулмон даст ба эътирози дастаҷамъона заданд. Дар пайи ин ҳодисаҳо сафири Амрико ва се дипломати дигари амрикоӣ дар шаҳри Бенғозии Либия кушта шудаанд.

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!