Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:52
24 апрел 2017, 16:13

Рӯзи дидор бо Президент-эълони иди 81-ум дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тағйири қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» 20-уми мартро расман Рӯзи фарҳанг эълон кард.

24 апрел 2017, 15:18

Ба курсии раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон полковник Абдуллоев такя зад

Коммунистони Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатии ҳизбашон раиси нави ин ташкилоти сиёсиро интихоб карданд.

24 апрел 2017, 15:10

Ҷазои тоҷики ҳақталош: Ҳабс, гуруснагӣ, латукӯб то имзо зери санади гунаҳкорӣ (ВИДЕО)

Акбаршо Раҳимов, муҳоҷири қонунии тоҷик дар Маскав, аз афроде, ки бо либоси мулкӣ хостаанд, ҳуҷҷатҳояшро санҷанд, шаҳодатномаи хидматӣ хостааст ва дар натиҷа мавриди таҳқир, ҳабс, гуруснагӣ ва “депорт” қарор гирифтааст.

24 апрел 2017, 12:42

“ЧӣГап” аз Tcell яке аз беҳтарин тарҳҳо дар Excellence Awards эътироф шуд

Ширкати Tcell бо тарҳи вижаи худ “Коммуникатсияи ЧӣГап” ба сегонаи беҳтарин лоиҳаҳо дар ду номинатсияи бузургтарин ҷоизаи ҷаҳонии Excellence Awards роҳ ёфт!

24 апрел 2017, 11:58

Ҷанги идеологӣ-интернетӣ: Заъфи мою зӯрии ифротгароён дар чист? (САДО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишварро ба омодасозии мутахассисоне муваззаф кардааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ-идеологӣ тавони шикасти мубаллиғони қудратманди ифротгароӣ ва терроризмро дошта бошанд.

24 апрел 2017, 11:28

Бритониё ба шаҳрвандонаш сафар ба Тоҷикистонро тавсия надодааст

Мақомоти Бритониёи Кабир ба шаҳрвандонаш машварат додааст, бидуни зарурат ба Тоҷикистон нараванд.

24 апрел 2017, 10:46

Иштироки беш аз 100 низомии рус дар гузашти низомии Душанбе

Пойгоҳи низомии 201-и Русия мустаққар дар Тоҷикистон дар гузашт ё паради бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Дар ин бора “ТАСС” бо нақл аз Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи қӯшунҳои Огруги марказии ҳарбӣ хабар додааст.

24 апрел 2017, 10:28

22 соли зиндон барои табарзанӣ ба сари падару модарандар

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Назаров Ш, ҷавони 22-солаи тоҷикро барои қатли модарандару маҷруҳсозии падараш ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.

24 апрел 2017, 10:00

Президент: Шаҳрдори хуб соати 5-и ҳар субҳ шаҳрро давр мезанад

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон шарҳ дод, ки шаҳрдори хуб пеш аз омадани Президент бояд чӣ кор кунад.

22 апрел 2017, 12:22

Корвони ёриҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Кувайт ба зарардидаҳои ВМКБ ба роҳ баромад (АКС)

Субҳи имрӯз, 22 апрел 9 боркаши “КамАЗ”-и ҳомили маводи ғизоӣ ва ҷиҳози мавриди ниёз аз Душанбе ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба ҳаракат даромад.

22 апрел 2017, 11:51

Ҳушдор: То рӯзи душанбе ба Бадахшон наравед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, имрӯз ва фардо (22-23 апрел) аз сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон худдорӣ намоянд.

22 апрел 2017, 10:57

25 рӯз. Муҳлати Кумитаи андоз барои насби ПОС терминалҳо...

Кумитаи андози Тоҷикистон ба 301 муассисаи савдо ва хизматрасонӣ 25 рӯз муҳлат додааст, то ПОС терминалҳои электронӣ насб намоянд. Ин муҳлат дар пайи санҷиши як гуруҳи кории иборат аз кормандони андоз ва Бонки миллӣ ироа шудааст.

22 апрел 2017, 10:35

Русия аз боздошти як тоҷикистонии мавриди пайгарди қонун хабар дод

Дар ноҳияи Свердловск як шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон боздошт шудааст.

22 апрел 2017, 09:57

Ҳалокати дучархарони 22-сола зери чархи “ДЭУ-Сиело”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як дучархарон дар садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.

22 апрел 2017, 08:43

Оё муҳити сазоворе барои боло бурдани зиракии сиёсӣ дорем?

Айнӣ таъкид мекунад, ки аз барномаҳои шахшудаву қолабии мадрасаҳои Бухоро дилбазан шуда буд ва зери таъсири маҳфилҳои баҳсии адабиву сиёсӣ ва мутолааи матбуот ба инқилоби фикрӣ расид ва сатҳи огаҳиҳояшро боло бурд. Ва ин гуна таъсиротро дар такомули шахсиятии устод Айнӣ ҳамаи мо ба мушоҳида гирифтаем, ки то чӣ андоза асаргузор буданд ва Айниро аз як муллобачаи даҳякхури базмгарди даврони ҳукумати манғитҳо ба як фаъоли иҷтимоиву муборизи милливу қаҳрамонми миллат табдил доданд.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!