27 сентябр 2017, 10:09
Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҷуъмахон Ғиёсовро аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.
27 сентябр 2017, 08:49
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон се муовини Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз вазифа озод кардааст.
26 сентябр 2017, 15:35
Як журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карда, ки 2018 соли Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муоссири тоҷик эълон шавад. Ин пешниҳод дар пайи сару садоҳо перомуни кӯч додани қабри ӯ ироа шудааст.
26 сентябр 2017, 09:15
Додситонии кулли Тоҷикистон 3 ширкатро, ки ба интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ машғул будаанд, дар харидуфурӯши одамон муттаҳам мекунад.
26 сентябр 2017, 08:35
Ахиран, Додгоҳи олии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии кулро ҳафт сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ӯ аз зумраи даҳ нафаре буд, ки дар чаҳорчӯби парвандаи пурсарусадои кормандони Оҷонсии зиддифасод охири моҳи майи имсол боздошт шуд. Аз ин пештар бо ҳукми Додгоҳи олӣ Фирӯз Холмуродзодаро 15 сол, Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов)ро 13 сол, Амиршо Султонзодаро 10, Қосим Давлатовро 7, Сафаралӣ Ҳомидзода ва Афзаловро барои 6 солӣ, Давлатбек Хайрзодаву Фаридун Беназирзодаро даҳуним солӣ равонаи зиндон кард. Дар бастагӣ ба ин, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ШУМО БАРХУРДИ МАҚОМОТРО БА ИН ҚАЗИЯ ЧӢ ГУНА БАҲОГУЗОРӢ МЕКУНЕД?
25 сентябр 2017, 18:04
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Сафармо Имомзодаро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод кардааст.
25 сентябр 2017, 12:52
25 сентябр 2017, 10:17
Бо шурӯи дарсҳо мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон печидатар мешавад. Бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе дарсҳо дар макотиби ҳудуди пойтахт соати 7:30 оғоз мешуд, вале ахиран Вазорати амориф ва илм эълон кард, минбаъд дарсҳо соати 8:00 шурӯъ мешавад. Дар ҳамин ҳол, хабар расид, ки шаҳрдории Душанбе аз Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илм хостааст, шурӯи дарсҳо дар донишгоҳҳои пойтахтро соати 9:00 таъин кунанд. Дар ин бастагӣ “Озодагон” аз сокинону меҳмонони пойтахт пурсид, АГАР ДАРСҲО СОАТИ 9 ОҒОЗ ШАВАНД, МУШКИЛИ НАҚЛИЁТ ҲАЛ МЕШАВАД?
23 сентябр 2017, 10:00
Қазияи латукӯби Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз сӯи ду посбони бозори “Люблино” ва боздошти эътирозгарон дар пайи он мавзӯи меҳварии мулоқоти Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия будааст.
22 сентябр 2017, 12:25
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавқеашро нисбати вазъи мусалмонон дар Мянмар баён дошта, таъкид намудааст, ки Худованд ҳаққи мазлумонро мегирад.
22 сентябр 2017, 10:49
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро, ки президенти ҳамакорааш мехонанд ва “рекордшиканӣ”-ро дӯcт медорад, боз ҳавои Китоби рекордҳои Гиннес гирифтааст.
21 сентябр 2017, 12:32
8 сентябр Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон, “вазири ДОИШ” дар шаҳри Дайр-аз-Зури Сурия ҳамроҳи беш аз 40 ҳамсафаш кушта шудааст. То ҳол ин хабарро ягон манбаи дигар тайид накардааст.
21 сентябр 2017, 10:34
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ бо иштироки 4 воситаи нақлиёт дар Истаравшанро, ки 6 куштаю 5 маҷруҳ барҷой гузошт, шарҳ дод.
20 сентябр 2017, 09:33
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати корбурди таҷҳизотеро, ки аз ҷониби ширкати сохтмонию муҳандисии эронӣ “Умрон-Морун” барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ворид шудаанд, тамдид кардааст.
19 сентябр 2017, 14:06
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷаримабандии 14 ронанда бо далели вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хабар додааст.