28 сентябр 2013, 09:02
Алянси ақалиятҳои миллии Тоҷикистон, ки кореягӣ, тоторҳо, бошқирҳо, немисҳо ва қазоқу қирғизҳоро дар бар мегирад, дар ҷаласаи ахири худ қарор кардааст, дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон ҳимоят кунад.
27 сентябр 2013, 13:23
Тибқи як назарпурсӣ, ки дар бахши русии хабаргузории “Озодагон” гузаронда шудааст, наздики 90 дарсад аз роҳбарии зан дар Тоҷикистон ҳимоят кардаанд.
26 сентябр 2013, 17:52
Маҳмадалӣ Ҳайит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, дар ғайришаффоф гузаштани интихоботҳои президентии кишвар гиребони созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии демократия, бахусус Амрикоро, гирифтааст.
26 сентябр 2013, 16:13
Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, муддаиёни курсии президентӣ дар интихоботи рӯзи шашуми ноябрро “нолоиқу бемавқеъ” хондааст.
26 сентябр 2013, 14:18
Маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ду мошин гуруҳе аз ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро, боздошт кардаанд.
26 сентябр 2013, 09:55
Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президентӣ.
25 сентябр 2013, 17:45
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), маъсулони Кумисюни марказии интихоботро барои мутеъ буданашон ба ҳукумати кунунӣ муттаҳам кард.
24 сентябр 2013, 12:09
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) субҳи имрӯз, 24-уми сентябр бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мансаби президентӣ аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
21 сентябр 2013, 14:35
Раҳбарони 13 шаҳру ноҳияи кишвар ба варақаи ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова муҳр ва имзо гузоштаанд.
20 сентябр 2013, 14:38
Зимни як назарпурсӣ дар бахши русии сомонаи “Озодагон” наздики 70 дарсади хонандагон аз пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ҳимоят кардаанд.
19 сентябр 2013, 16:28
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукуматро ба додгоҳ кашида, узрхоҳияшро тақозо намудааст.
17 сентябр 2013, 15:43
Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, ки тайи тақрибан панҷ моҳи охир дар Бишкек, маркази Қирғизистон ба сар мебарад, барои иштирок дар маъракаи интихоботи президентӣ ба Тоҷикистон омадааст.
13 сентябр 2013, 17:03
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар нахустин баёнияи матбуотии худ аз Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ тақозо кардааст, шароити ширкати муҳоҷирони корӣ дар интихоботи президентиро рӯшан кунад.
11 сентябр 2013, 15:16
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист ва вакили парлумон мегӯяд, "ИНИТ Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод кардааст. Вале аз нигоҳи қонунӣ ин феълан як гапе беш нест."
11 сентябр 2013, 14:33
Иттиҳоди нерӯҳои истоҳотхоҳи Тоҷикистон дар баробари нафаре, ки 21 сол зимоми қудратро дар даст дорад, номзадии як ҷинси латифро пешниҳод кард.