Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:13
1 март 2015, 16:25

Иттилои сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскаву Минск аз ҷараёни интихоботи парлумонӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, иштироки тоҷикони муқими ин кишвар дар интихоботи парлумонӣ таҳти назорати нозирони байналмилалӣ ва намояндаҳои аҳзоби сиёсии кишвар ҷараён дорад.

1 март 2015, 14:27

Шикояти ҲНИТ: Рӯбарӯи исми номзадҳои мо “хонача” нест

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ишора нашудани ҷойи интихоб дар рӯбарӯи исми номзадҳои худ дар баъзе варақаҳои раъйдиҳӣ нигаронӣ дорад.

1 март 2015, 14:12

ИНТИХОБОТ ДАР АКСҲО (Тоҷикистон, Маскав, Минск, Истанбул)

Дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ то соати 20:00-и шоми имрӯз дарҳои худро ба рӯи интихобкунандаҳо боз хоҳанд гузошт.

1 март 2015, 13:08

(САДО) Шаҳрдори Хуҷанд: Шаффофият таъмин аст

Масъулини шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд мегӯянд, то зуҳри имрӯз дар ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ 70 ҳазору 55 нафар пойи сандуқҳои раъй омадаанд, ки 70,96 дарсади афроди дорои ҳаққи раъйро ташкил медиҳад.

1 март 2015, 12:13

КМИР: Иштироки 48, 5 дар сади мардум дар интихобот (НАВШУДА)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) ҳамин ҳоло раванди иштироки мардум дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳалии халқро эълон намуд.

1 март 2015, 11:53

ВИДЕО: Интихобкунандаи 93-сола: Нагузоштам, ки писарам ба ҷои ман овоз бидиҳад

Мавҷия Одинаева, сокини 93-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, даъвати писараш дар бораи нарафтан ба нуқтаи овоздиҳӣ бо далели солманд буданро напазируфт.

1 март 2015, 11:45

Кабирӣ: Бе тақаллуб, ҳатман як фраксияро хоҳем дошт (ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми март зимни овоздиҳӣ дар участкаи рақами 34-и ноҳияи Шоҳмансур изҳори умед кард, ки натоиҷи ин интихобот хуб ва бе тақаллуб ҷамъбаст хоҳанд шуд.

1 март 2015, 11:10

Маҳдудияти хизматрасониҳои мобилӣ дар рӯзи интихобот

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар хидматрасонии ирсолу қабули SMS ё худ паёмакро қатъ кардаанд.

1 март 2015, 11:00

АКСУ ВИДЕО: Раъйдиҳӣ ва шӯхии Президент бо занон дар участкаи интихоботӣ

Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми март, дар участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2 дар мактаби рақами 53-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод.

1 март 2015, 08:40

(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳеч интихоботи озод ва шаффоф ҳизбе ба дарёфти 90 дарсади раъйи мардум муваффақ намешавад.

1 март 2015, 08:14

АКСУ ВИДЕО: Умеди Саидҷаъфар Исмонов ба шаш курсӣ дар парлумон

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон мегӯяд, умед доранд, шаш курсии парлумони оянда насиб онҳо мешавад.

1 март 2015, 06:47

(ВИДЕО) Рустам Латифзода: Умед дорем, курсиҳои бештарро соҳиб мешавем

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, интихобот дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

28 феврал 2015, 16:01

Мулоқоти Убайдуллоев бо ҳайати нозирони парлумони Аврупо ва ИДМ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон бо ҳайати нозирони байналмилалӣ аз парлумони Аврупоро ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мулоқот кардааст.

28 феврал 2015, 10:34

Даъвати сафир аз донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек

Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳр Бишкек мулоқот кардааст.

27 феврал 2015, 18:28

КМИР дар Тоҷикистон "Рӯзи хомӯшӣ" эълон кард

Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон намуд, ки як рӯз пеш аз интихоботи парлумонӣ, аз соати 00:00-и 28-уми феврал дар Тоҷикистон «Рӯзи хомӯшӣ» оғоз мешавад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!