Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 18:47
6 феврал 2017, 11:20

(ВИДЕО) Суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов то ҳол пардохт нашудааст

Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, то ҳол маблағи суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури пешин ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон пардохт нашудааст.

4 феврал 2017, 10:57

Тахфифи ҳукумат ба соҳибкорони пешпардохткунандаи андоз

Ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷироне, ки тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, барои пешпардохти андоз тахфиф ироа кардааст.

4 феврал 2017, 10:24

Омад-омади Путин: Ҳукумат қарзи “Сангтӯда-1”-ро аз андоз "бахшид"

Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро, ки аксари саҳмияҳояш дар дасти Русия мебошанд, аз пардохти 12 миллиону 495 ҳазору 845 сомонӣ қарзаш аз андоз озод намуд.

3 феврал 2017, 11:47

223 миллиону 998 ҳазор. Зарари расида аз изофанависӣ, камомад...

Палатаи ҳисоб мегӯяд, соли 2016, дар пайи 530 санҷиши аудитӣ 223 миллиону 998 ҳазор сомонӣ зарари молиро ошкор кардаанд.

1 феврал 2017, 13:31

Афзоиши фоизҳои Бонки миллӣ ва пешниҳоди қарзҳои якрӯза

Бонки миллии Тоҷикистон фоизи қарзҳояшро барои бонкҳои кишвар 12,5 фоиз муқаррар карда, барои бори нахуст ба ташкилоти молиявӣ қарзҳои якрӯзаро пешниҳод намудааст.

1 феврал 2017, 11:10

Қонуни нав: Ҳукумат ҷилави нархҳоро дар арафаи идҳо мегирад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми феврал қонуни нав дар бораи ҳимояи рақобатро қабул намуд, ки бар асоси он назорати ширкатҳои ҳукмфармо дар бозор бештар ва нархҳо дар рӯзҳои ид аз ҷониби ҳукумат танзим мешаванд.

31 январ 2017, 17:45

Қарзи “Барқи Тоҷик” марзи 13 миллиардро гузаштааст...

Ширкати “Барқи Тоҷик” маблағи умумии қарздориашро 13,7 миллиард сомонӣ гуфт.

31 январ 2017, 17:02

“Барқи Тоҷик”: Зарари расида аз бебарқии саросарӣ ба “Талко” ҳисоб мешавад

Масъули ширкати “Барқи Тоҷик” сабаби садамаи 28 октябри соли 2016-ро, ки дар пайи он аксари манотиқи Тоҷикистон бе барқ монд, нуқс дар автоматикаи зиддисадамавии стансияи Регар гуфтанд.

31 январ 2017, 15:31

Шарҳи муовини вазир дар бораи камтаваҷҷуҳии сармоягузорон ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизони пасти сармоягузорӣ ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро ба масоили амниятӣ дар марз бо Афғонистон рабт дод.

31 январ 2017, 11:08

Вазир: Талабот ба алюминий каму нархаш поин рафт

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 дар кишвар 129 ҳазор тонна алюмин истеҳсол шудааст, ки нисбати нақша кам мебошад.

30 январ 2017, 18:09

Ҳаҷми сармояи мустақим ба Тоҷикистон: Хитой пештоз аст

71,8 дарсади сармоягузории хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меояд. Ин нуктаро Абдулмаҷид Муминзод, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон имрӯз, 30 январ дар нишасти хабарӣ изҳор дошт.

30 январ 2017, 16:37

Фурӯши Хоҷаобигарм, "Тоҷиксемент" ва собиқ корхонаи Зайду Фирташ

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон азм дорад, се корхонаи машҳури кишвар-“Тоҷиксемент”, осоишгоҳи Хоҷаобигарм ва корхонаи дузандагии “Гулистон”-ро фурӯшад.

30 январ 2017, 16:14

ТОП-5: Тоҷикистон масири камсайёҳ, вале ояндадортарин дар ҷаҳон

Созмонҳои сайёҳӣ дар заминаи пажуҳиши ширкати Mastercard 5-гонаи хатсайрҳои камодам, вале ояндадори ҷаҳонро таҳия кардаанд.

27 январ 2017, 13:09

Коҳиши маблағгузории "Роғун", мушкили маош ва ифшои фасодкориҳо дар нерӯгоҳ

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли равон барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз буҷаи давлат 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбати соли пешӣ 200 миллион сомонӣ камтар мебошад.

26 январ 2017, 12:34

Маркази нави давлатӣ барои ҳар дақиқа 15 дирам мегирад

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ҳаққи Маркази ягонаи комутатсионии “Тоҷиктелеком”-ро 15 дирам барои ҳар дақиқа муайян кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!