Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 18:53
11 август 2016, 15:25

Табибон навзодро ба қуттии партов андохтаанд

Шоми 10 август аз дохили қуттии партов дар шаҳри Ош ҷасади як тифли навзод пайдо шудааст. Раёсати умури дохилии вилояти Ош гуфтааст, ҷасадро табибон ба онҷо андохтаанд.

7 июл 2016, 13:56

Тасмими Президент барои сабти албоми таронаҳояш

Алмосбек Отамбоев, Президенти Қирғизистон қасд дорад, ба муносибати 60-солагиаш маҷмӯаи таронаҳои худро интишор кунад.

4 июл 2016, 08:36

Нахустин таронаи Президенти Қирғизистон ба Интернет роҳ ёфт (ВИДЕО)

Дар Интернет таронае нашр шудааст, ки муаллиф ва сарояндааш Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон гуфта мешавад.

20 июн 2016, 09:48

13 ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-и Аврупо

Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-аш боқӣ монанд.

18 май 2016, 12:12

Боздошти 98 шаҳрванди Чин бо шиносномаи қирғизӣ дар Туркия

Дар Истамбул 98 шаҳрванди Чин ҳангоми талош барои парвоз ба Арабистони Саудӣ бо шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ боздошт шудаанд.

10 май 2016, 16:37

Муаррифии хурдтарин Қуръон дар Бишкек (АКС)

Дар ҷашнвораи китоби масҷиди марказии Бишкек, пойтахти Қирғизистон хурдтарин китоби муқаддаси мусалмонҳо – Қуръони карим муаррифӣ шудааст.

14 апрел 2016, 14:29

Вакили парлумон: Танаффуси рӯзҳои ҷумъа як соат зиёд шавад

Як намояндаи фраксияи “Онугуу-Прогресс” дар парлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнатро пешниҳод кардааст, ки зиёд кардани танаффус дар рӯзҳои ҷумъаро дар бар мегирад.

25 март 2016, 09:11

Ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро Бишкек мизбонӣ мекунад

16 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

18 март 2016, 16:55

Нотаи Вазорати хориҷии Қирғизистон ба Узбакистон

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон сафири Узбакистон дар Бишкек -- Комил Рашидовро даъват намуда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ ё нота таслим кардааст.

14 март 2016, 11:47

Озмуни қироати Қуръон дар Бишкек

Дар пойтахти Қирғизистон озмуни қироати Қуръони Карим баргузор мешавад.

2 феврал 2016, 15:37

Раисиҷумҳур рухсатиашро дар Ҳиндустон мегузаронад

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон рухсатии кутоҳмуддат гирифтааст.

23 январ 2016, 10:54

Лағви қарордод бо Русия дар бораи сохтмони неругоҳҳо

Қирғизистон қарордоди байниҳукуматӣ бо Русия дар мавриди сохтмон ва истифодаи неругоҳи барқи обии “Қамбарота-1” ва силсилаи неругоҳҳои Норини болоиро бекор кард.

11 январ 2016, 15:36

Муллоҳоро барои никоҳ бидуни ақди никоҳи расмӣ муҷозот мекунанд

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне омода мешавад, ки бар асоси он муллоҳо барои бе ақди никоҳи расмӣ хондани хутбаи никоҳ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5 январ 2016, 15:23

Ихроҷи шаҳрванди Бритониё барои таҳқири ғизои миллӣ

Майк Макфит, шаҳрванди Бритониёи Кабир барои монанд кардани ғизои миллии қирғизӣ бо узви таносули асп дар Қирғизистон шахси номақбул эълон шуд.

24 декабр 2015, 15:55

Отамбоев: На президент шуданиям, на сарвазир ва на раиси парлумон

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар нишасти матбуотии солонааш изҳор доштааст, баъди анҷоми ваколати президентиаш комилан аз сиёсат меравад ва дигарбора на танҳо президент, балки сарвазир ва ҳатто раиси парлумон ҳам шуданӣ нест.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!