Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 22:29
10 июн 2016, 09:27

Донишманди умури дин хостори манъи “Салафия” дар Қазоқистон шуд

Як донишманди умури дин аз Қазоқистон дар пайи ҳаводиси Оқтеппа даъват кардааст, то ҷараёни “Салафия” дар кишвараш расман мамнӯъ эълон шавад.

17 май 2016, 15:59

Духтари президент маҷмӯи либосҳои навашро муаррифӣ кард (АКС)

Алия Назарбоева, духтари хурди раисиҷумҳури Қазоқистон дар шаҳри Алмаато маҷмӯи нави либосҳояшро дар муаррифӣ кардааст.

10 май 2016, 18:51

Номи духтари Президент дар “Панамагейт”

Дар ҳуҷҷатҳои ширкати ҳуқуқии Панама - Mossack Fonseca, ки 9 май дар интернет нашр шуданд, номи “Dariga N. Nazarbayeva” ҳам зикр гардидааст.

20 апрел 2016, 11:17

Ҷавон духтареро, ки дар интернет ошиқаш шуд, ба додгоҳ кашид

Як сокини вилояти Алмаатои Қазоқистон нисбати як духтар, ки дар шабакаи иҷтимоӣ бо ному насаби дигар бо ӯ дӯстӣ кардааст, ба додгоҳи ноҳияи Или шикоят бурдааст.

14 апрел 2016, 11:14

Интиқод аз маҳдудсозии озодии баёну динҳо дар Қазоқистон

Департаменти давлатии ИМА маҳдудсозии озодии баён, маҷлисҳо, динҳо, иттиҳодияҳо ва мустақилияти кофӣ надоштани низоми судиро мушкилоти аслии арсаи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон хондааст.

28 март 2016, 11:43

Ҷоиза барои нишасти изтирории ҳавопаймо дар Остона

Асет Исекешев, вазири сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон дар Facebook-аш навишт, халабон ё сарнишинҳои ҳавопаймои ширкати Bek Air, ки дар фурудгоҳи Остона бе қурбонӣ нишасти изтирорӣ анҷом доданд, ба мукофотҳо пешбарӣ мешаванд.

17 март 2016, 10:40

Набераи президент аз вазифааш даст кашид

Нуралӣ Алиев, набераи раисиҷумҳури Қазоқистон ихтиёран истеъфо додааст.

2 март 2016, 11:52

Миллиардерҳои қазоқ “фақир” шудаанд. Рейтинги Forbes

Рейтинги нави маҷаллаи машҳури Forbes нишон медиҳад, ки миллиардерҳои Қазоқистон “фақир” шудаанд.

19 феврал 2016, 12:03

Муфтиёт 156 ходими динро аз вазифа сабукдӯш кард

Муфтиёти Қазоқистон дар пайи санҷиши имом-хатибон ва ходимони дин 156 нафарро аз вазифа сабукдӯш кардааст.

17 феврал 2016, 16:34

Роҳпаймоӣ ва талаби озодии сарвазири пешин

Беш аз даҳ нафар кӯчаи марказии Остонаро банд карда, озодии нахуствазири собиқи Қазоқистон Серик Ахметов, ки бо ҷурми фасодкорӣ 10 сол зиндонӣ шудааст, талаб доранд.

10 феврал 2016, 14:00

Путину Назарбоев аз сардии муносиботи Туркияву Русия гуфтаанд

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев, раисони ҷумҳури Русияву Қазоқистон бо ҳам телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

26 январ 2016, 13:02

Қазоқистон: Даъват аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои назорати интихобот

Қазоқистон миссияи нозирони Созмони ҳамкориҳои Шанхайро барои назорати интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар даъват кардааст. Ин даъват аснои мулоқоти Шуҳрат Нуришев, сафири Қазоқистон дар Чин бо Рашид Олимов, дабири ин созмон садо додааст.

12 январ 2016, 10:10

Таъсиси Хадамоти ҳавосанҷии ҳарбӣ дар Қазоқистон

Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар бораи таъсиси хадамоти обу ҳавосанҷӣ хабар дод, ки ҳадафаш пешниҳоди маълумот дар бораи обу ҳаво ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.

30 декабр 2015, 15:06

“Маликаи ҳусн” президентро ба рақс даъват кард

Алия Мергембоева, “Маликаи ҳусни Қазоқистон–2015” Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури ин кишварро ба рақс даъват кардааст. Ин иттифоқ дар ҷашни идонаи хайрия сурат гирифтааст, ки дар базмгоҳи “Думан”-и Остона баргузор шуд.

19 декабр 2015, 13:19

Коргоҳ ва хонаи журналистони мухолифро мекобанд

Дафтари сомонаи мухолифи Nakanune.kz дар Алмато аз сӯи пулис кофтукоб мешавад. Дар ин бора хабарнигори бахши қазоқии Озодӣ хабар додааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!