Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:05
22 январ 2015, 10:25

Чин ба “Тоҷиказот”-и Фирташу Зайд Саид “чашм ало кардааст”

Чин барои фаъол кардани корхонаи “Тоҷиказот”, ки ахиран аз Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва Зайд Саид, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик мусодира гардид, пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст.

9 январ 2015, 14:10

Радди рӯбарӯкунии Зайд Саид бо Убайдуллоеву раисони дигар

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо як ҷумла дархости Зайд Саид, соҳикбори маҳкумшудаи тоҷикро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кардааст.

25 декабр 2014, 13:19

Пешниҳоди номи Зайд Саидов ба мақоми сарвазири Тоҷикистон

Барзу Абдурраззоқов, коргардони маъруфи тоҷик бо нашри як изҳорот аз таъсири манфии буҳрони Русия ба вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳушдор додааст.

4 ноябр 2014, 08:10

Раҳойии яке аз ду вакили боздоштшудаи Зайд Саидов

Фахриддин Зокиров, вакили мудофеи соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов бар асоси қонуни афв озод шудааст.

24 октябр 2014, 16:56

Эълони Оҷонсӣ дар арафаи анҷоми тафтишот алайҳи Зайд Саидов

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми октябр бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.

19 май 2014, 14:48

Суоли писарони Зайд аз масъулин: “Агар ба ҷои мо мебудед, чӣ кор мекардед?”

Фарзандони Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, мегӯянд, дар тӯли як соле, ки падарашон боздошт ва маҳкум ба зиндон шудааст, зиндагиашон низ тағйир карда. Аммо чӣ тағйироте?

22 апрел 2014, 19:53

Зайд Саидов бори дигар дар додгоҳ худро бегуноҳ донист

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, рӯзи 22 апрел дар додгоҳи таҷдиди назар 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хондааст. Ӯ гуфтааст, тамоми айбномаҳое, ки мақомот алайҳи ӯ эълон кардаву додгоҳ бар асоси он ҳукм содир кард, поя надоранд.

3 апрел 2014, 12:43

Мусодираи "Электроника М", корхонаи дигари Зайд Саид

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз, 3-юми апрел дар як мурофиаи нимсоатӣ бинои ҶСК “Электроника М”, воқеъ дар кӯчаи Айнии Душанберо, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик марбут аст, мусодира намудааст.

31 март 2014, 17:10

Мусодираи бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд Саидов

Додгоҳи иқтисодии Душанбе имрӯз 31-уми март як бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷикро ба фоидаи давлат мусодира намудааст.

7 март 2014, 20:48

Ҳукми ду моҳ дар ҳабс мондани Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили соҳибкори маъруф ва раҳбари зиндонишудаи “Тоҷикистони нав” аз сӯи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст.

7 март 2014, 15:08

Зайд Саидов: “Ҳоҷати иштирок дар мурофиаҳои баъдиро намебинам”

Зайд Саидов, соҳибкори зиндонишудаи тоҷик, имрӯз, 7-уми март боздошти яке аз ҳимоятгаронаш Фахриддин Зокировро ба талоши мақомот барои ғасби амволи худ ва наздиконаш рабт додааст.

7 март 2014, 14:53

Вакилони дифои Зайд: "Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мо қасос мегирад" (ВИДЕО)

Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов бо пахши як изҳорот боздошти ҳамкорашон, Фахриддин Зокировро иқдоми махсус роҳандозишудаи Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ хонданд.

1 март 2014, 10:13

“Аз маҳбас Зайди дигаре берун мешавад, на Зайди раҳмдилу хушбовар”

Ба мо, баръакс, чеҳраву шахсиятҳои орому таҳаммулпазир заруранд. Шахсиятҳое мисли Қулови қирғиз ва Нелсон Манделаи африқоӣ.

25 феврал 2014, 12:43

“Капат дуд кадагияй”. СМС-и таҳдидомез ба вакилони Зайд Саидов

Се вакили мудофеи Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, мегӯянд, афроди ношинос пайваста ба телефонашон паёмак (СМС) фиристода, онҳову оилаашонро таҳдид ва таҳқир мекунанд.

24 феврал 2014, 12:08

Ҷавоби Басбӣ Холова ба вакилони Зайд ва тарафдорияш аз Абдулхайров

Басбӣ Холова, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз он ки то ҳол матни ҳукми зиндони Зайд Саидов дастраси вакилони мудофеаш нашудааст, ҳимоят карда, онро қонунӣ хондааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!