Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 28 июн 2017, 10:22
26 август 2016, 14:22

Тамдиди муҳлати ҳабси дояе, ки дар куштори кӯдаки чорсола муттаҳам мешавад

Додгоҳи Пресненскийи Маскав муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқулова, дояи узбакро, ки дар куштори кӯдаки чорсола айбдор мешавад, то 29 октябри соли равон тамдид кард.

9 август 2016, 17:10

Муддаии курсии президенти ИМА Узбакистонро яке аз кишварҳои террористӣ ном гирифт

Доналд Трамп, номзади раёсатҷумҳурии Амрико Узбакистонро дар қатори кишварҳое ворид кардааст, ки ба гуфтаи ӯ бояд вуруди шаҳрвандонашон ба ИМА манъ карда шавад.

25 июл 2016, 15:33

Худсӯзии маъюб дар рӯбарӯи шӯъбаи амнияти миллии Сурхандарё

Шербой Раҳимов, як сокини 42-солаи ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарё шаби 22 июл худро дар рӯбарӯи Шӯъбаи хадамоти амнияти миллии Узбакистон оташ задааст.

21 июл 2016, 09:56

$1,8 миллион ҷаримаи ширкати марбут ба Гулнора Каримова дар Ҳолланд

Додгоҳи Амстердам ширкати марбут ба духтари бузурги президенти Узбакистонро 1,8 миллион доллар ҷарима кардааст.

25 июн 2016, 11:42

Ҷилавгирӣ аз вуруди мошинҳои шӯравӣ ба пойтахт дар рӯзи ҷаласаи СҲШ

Рӯзи аввали кори нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ворид шудани мошинҳои тамғаи “ВАЗ” ба Тошканд ҷилавгирӣ шудааст.

22 июн 2016, 12:53

Таронаи Юлдуз Усмонова дар бораи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ВИДЕО)

Юлдуз Усмонова, ҳунарманди мардумии Узбакистон таронаи нави худро ба саммити навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бахшидааст.

8 июн 2016, 16:15

Нишасти оҷили ҳавопаймои EgyptAir дар Узбакистон

Ҳавопаймои ширкати EgyptAir-и Миср, ки аз Қоҳира ба Пекин парвоз мекард, дар фурудгоҳи Урганҷи Узбакистон нишастааст.

12 май 2016, 12:14

Чӯҷа ба ҷойи маош ба омӯзгорони мактаб

Омӯзгорони мактабҳои миёна дар ноҳияи Нукусси ҷумҳурии Қароқалпоқистони Узбакистон ба ҷойи маош ҷӯҷа мегиранд. Дар ин бора бахши узбакии “Радиои Озодӣ” бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

5 май 2016, 09:19

Боздошти раиси GM Uzbekistan ва писари ӯ

Дар доираи парвандаи корхонаи мошинсозии GM Uzbekistan наздик ба 10 нафар дастгир шудаанд. Миёни боздоштшудаҳо писари мудири кулли GM Uzbekistan Тоҳирҷон Ҷалилов ҳам ҳаст.

28 апрел 2016, 12:59

Натиҷаи ташхиси “парастори қотил”-ро махфӣ нигоҳ медоранд

Ташхиси равонии Гулчеҳра Бобоқулова, як шаҳрванди Узбакистон, ки дар қатли кӯдаки 4-сола муттаҳам мешавад, дар Институти
психиатрии ба номи Сербск анҷом шудааст.

28 апрел 2016, 10:16

Овозхонро дар беҳаёӣ муттаҳам мекунанд

Роҳбарияти иттифоқи сарояндагони “Узбекнаво” ба овозхон Азиза Ниёзматова танбеҳ эълон карда, аз вай хостааст, “қоидаҳои ахлоқиро риоя намуда, зидди фарҳанги саҳна ва фарҳанги либоспӯшӣ, ки бо ин рафтораш эҳсоси бинандагонро таҳқир месозад, амал накунад”.

11 апрел 2016, 14:10

18 соли зиндони муҳосиби духтари президент

Нурмуҳаммад Содиқов, ки бо лақаби “Нурик” шуҳрат дорад ва дар вазифаи баланде дар яке аз ширкатҳои Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон кор мекард, 18 сол зиндонӣ шуд. Дар ин бора Надежда Атаева, раҳбари Иттиҳодияи “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” хабар медиҳад.

28 март 2016, 10:29

“Ақибнишинӣ”-и неруҳои Узбакистон аз марз бо Қирғизистон

Узбакистон тамоми неруҳояшро аз минтақаи Чаласарт дар марз бо Қирғизистон берун бурд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон хабар додаанд.

14 март 2016, 15:54

Vimpelcom пас аз моҷарои “Гулнора Каримова” номашро тағйир медиҳад

Ширкати мобилии Vimpelcom Ltd. ният дорад то охири имсол ва ё аввали соли оянда тағйири ном кунад. Ин ширкат чӣ номеро барои худ интихоб хоҳад кард, ҳанӯз дақиқ нест, аммо нашрияи “Ведемости”-и Русия менависад, он бо ин роҳ мехоҳад, аз ҷанҷоли фасодолудагӣ дар Узбакистон раҳо шавад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!