Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:19
/ Материалы за Декабр 2016 года
27 декабр 2016, 16:18

Видеои эътирозу саргардонии мусофирон: Парвоз боз ба таъхир афтод...

Худсарии ширкати “Ямал”, ки қабл аз дарёфти иҷозатномаи мақомоти Тоҷикистон чиптаҳои парвоз аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Хуҷанду Душанберо фурӯхтааст, боиси саргардонии садҳо мусофир шудааст.

27 декабр 2016, 15:57

“Беш аз 40 миллиони муҳоҷиронро аз корфармоҳо баргардондем”

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шурӯъ аз моҳи январ то ин ҷониб бо кумаки онҳо зиёда аз 40 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ ҳақмузди муҳоҷирон баргардонида шудааст.

27 декабр 2016, 15:40

Эътимоди сафир ба ҳалли мусолиматомези баҳси ҳавоии Маскаву Душанбе

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, баҳс барои парвози ҳавопаймоҳо, ки як ҳафтаи охир авҷ гирифт, бо роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.

27 декабр 2016, 15:16

Оғози гуфтушуниди Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе

Гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон баъди зуҳри 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

27 декабр 2016, 14:55

ОМОН ба “шикор”-и муҳоҷирон баромадааст

Неруҳои таъиноти вижа ё ОМОН-и Русия дар бозори “Восточний”-и маҳаллаи Верхний Темерники шаҳри Ростови лаби Дон, ки онҷо асосан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Ветнам фаъолият мекунанд, ба амалиёт оғоз кардаанд.

27 декабр 2016, 14:45

АКС: Оғози мурофиаи се тоҷики муттаҳам дар қатли Чубаев

Додгоҳи минтақавии Перм имрӯз, 27-уми декабр мурофиаи се шаҳрванди Тоҷикистонро оғоз кардааст, ки дар қатли Юрий Чубаев, раҳбари як ниҳоди дифоии Русия муттаҳам мешаванд.

27 декабр 2016, 13:10

Нашри 2 видеои шикор дар Помир ва даъвати ҷаҳониён (ВИДЕО)

“Profihunt” ва дигар ширкатҳои маъруфи саёҳӣ бо нашри навори шикори бузу гусфандҳои кӯҳӣ дар Помир таблиғи шикор дар Тоҷикистонро оғоз кардаанд.

27 декабр 2016, 11:46

"Разведка": Соли 2017 таъсири Аврупо ба Тоҷикистон каму аз Маскав бештар мешавад

Таҳлилгарони маркази хусусии кашшофии “Stratfor”пешгӯӣ кардаанд, ки соли 2017 тавозуни нерӯ дар Авруосиё ба манфиати Русия тағйир хоҳад ёфт.

27 декабр 2016, 11:11

Душанбе: Баҳси 2 ҷавон барои “мерседес”-и 115 000 долларӣ

Ҷавони 20-сола, сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон арз доштааст, ки сокини 28-солаи пойтахт ӯро фиреб додааст.

27 декабр 2016, 10:52

Шарти ҳукумат барои додани барқ ба биноҳои навбунёд

Ҳукумати Душанбе интиқоли барқ ба биноҳои навбунёдро то қабули давлатии онҳо манъ кард.

27 декабр 2016, 10:29

Нигаронии Убайдуллоев: Бо либоси хонагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз риоя нашудани одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.

27 декабр 2016, 10:06

Нилуфар Раҳмонӣ: Ба Афғонистон бармегардам

Нилуфар Раҳмонӣ, нахустин зани халабон дар Афғонистон, ки расонаҳои амрикоӣ хабари дархости паноҳандагии ӯро расонаӣ карданд, гуфтааст, аз ҳарфҳояш бардошти нодуруст шудааст.

27 декабр 2016, 09:09

Трамп СММ-ро ба “клуб”-е барои вақтхушӣ монанд кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико изҳори таасуф кардааст, ки Созмони миллали муттаҳид феълан зарфияти доштаашро истифода намебарад.

27 декабр 2016, 08:48

Э.Раҳмон: Ба масъалаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоед

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ба масоили тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дахл кардааст.

27 декабр 2016, 08:24

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 27-уми декабр - 361-умин рӯзи сол. То поёни сол 4 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!