Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 18:54
19 декабр 2015, 13:23

Қирғизистону Чин мехоҳанд "виза"-ро бекор кунанд

Ҳукумати Қирғизистон дар бораи ҷорӣ кардани низоми рафтуомади бераводид ё виза бо Чин музокирот мекунад. Дар ин бора ба Centralasian.com вазири иқтисоди Қирғизистон Арзибек Кожошев хабар додааст.

9 декабр 2015, 14:24

Коргарони “Кумтор” зимни ҷаҳиши доллар маоши бештар мехоҳанд

Коргарони кони тилои “Кумтор”-и Қирғизистон аз роҳбарияти ширкат талаб кардаанд, ки маошашонро 50% зиёд кунад. Дар ин бора раиси Иттифоқи касабаи саноати куҳиву металлургии Қирғизистон Элдар Тоҷибоев хабар медиҳад.

1 декабр 2015, 18:19

Отамбоев барқи обиро аз омилҳои коҳиши хатарҳои зистмуҳитӣ номид

Қирғизистон мехоҳад ҳадди аксари захираҳои барқи обии худро истифода кунад. Дар ин бора президент Алмазбек Отамбоев зимни суханронии худ дар ҳамоиши СММ дар Порис дар масъалаҳои зистмуҳитӣ изҳори назар кард.

25 ноябр 2015, 11:20

Ҳукми "нарм"-и қорӣ Рашод ду баробар бештар шуд

Додгоҳ дар Қирғизистон муҳлати ҳабси имом Рашод Қорӣ Камоловро "нарм" шумурд ва ду баробар бештар кард.

28 октябр 2015, 15:21

Вакилон аз мошини хидматӣ ва ҳаққи дахлнопазирӣ даст кашидаанд

Намояндагони Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон тасмим гирифтаанд, аз мошини хидматӣ ва ҳаққи дахлнопазирӣ даст бикашанд.

22 октябр 2015, 15:45

Президенти фирорӣ китоби навашро дар Белорусия муаррифӣ мекунад

Қурбонбек Боқиев, президенти фирории Қирғизистон шоми имрӯз дар Белорусия китоби нави худро муаррифӣ мекунад.

6 октябр 2015, 17:48

Шохиси кишварҳои хуб. Қирғизистон аз Чину Туркия пешсаф аст

Қирғизистон дар раддабандии “Шохиси кишварҳои хуб” миёни 125 кишвари ҷаҳон мақоми 74-умро муаррифӣ мекунад.

28 сентябр 2015, 12:03

Дар Қирғизистон латту кӯби номзад аз сӯи рақибаш тафтиш мешавад

Канатбек Азиз, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон мегӯяд, гунаҳкорони муноқиша миёни номзадҳои ҳизби”Ҷумҳурӣ – Ата-Журт” ва “Онугуу-Пешрафт” аз номзадӣ маҳрум ва ё огоҳонида хоҳанд шуд.

19 август 2015, 11:28

Рейтинги депутатҳои "бой"-и Қирғизистон нашр шуд

Ду расонаи қирғизӣ бар бунёди эъломияи пуркардаи вакилон дороиҳои намояндагони парлумонро ҳисоб кардаанд.

12 август 2015, 18:18

ВУД шаҳрванди Қирғизистон будани Валиевро таҳқиқ мекунад

Масъулини Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шаҳрванди ин кишвар будани Собир Валиев, муовини боздоштшудаи раҳбари ҳаракати мамнуи “Гуруҳи 24” ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон” дар Молдоваро таҳқиқ доранд.

11 август 2015, 17:24

Ҷавонони мазҳабии қирғиз метавонанд, ба хидмати ҳарбӣ нараванд

Шаҳрвандоне, ки ин кишвар имкон медиҳад, ба хотири эътиқоди мазҳабияшон ба хидмати ҳарбӣ нараванд.

10 август 2015, 14:39

Қирғизистон санаи аввалин парвоз ва шумори умуми ҳоҷиёнашро эълон кард

Идораи муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, имсол дар мавсими “Ҳаҷ-2015” 3 ҳазору 685 сокини ин кишвар иштирок хоҳад кард, ки то ду ҳафтаи дигар маъракаи сафарбаркунии онҳо ба Арасбитони Саудӣ оғоз хоҳад шуд.

5 август 2015, 14:01

Амнияти Қирғизистон муаллифи акси байрақи ДИИШ дар биноҳои Бишкекро меҷӯяд

Муаллифи акси байрақи ДИИШ дар биноҳои Бишкек таҳти пайгард аст.

27 июл 2015, 15:48

Отамбоев: “Президент бояд нафаре шавад, ки ба Худо бовар дошта бошад”

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, қасди ба мерос гузоштани қудратро надораду баъд аз анҷоми давраи риёсаташ аз мақоми раҳбарӣ канор хоҳад рафт.

27 июл 2015, 10:32

Отамбоев рӯзи интихоботи парлумонии Қирғизистонро муайян кард

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо судури як фармон санаи баргузории интихоботи парлумонии кишварашро муайян кард.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!