20 сентябр 2017, 11:48
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд васеъ карда шавад.
20 сентябр 2017, 09:10
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-сола, сокини шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми куштори ҳамсараш хабар дод.
19 сентябр 2017, 10:22
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, собиқ масъули Оҷонсии зидди фасодро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
18 сентябр 2017, 09:47
Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши бомуваффақияти 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони “Роғун” дар бозори ҷаҳонӣ иттилоъ дода, афзудааст, ки ширкатҳои триллионери ҷаҳон омода буданд, то 4,5 миллиард доллар вомбаргҳои Роғунро харанд.
15 сентябр 2017, 14:52
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Равшан Холиқов, узви коллегияи адвокатҳои “Кафолат” хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
15 сентябр 2017, 14:14
"БО ЗАБОНИ ШЕЪР". Тарҳи нав дар хабаргузории "Озодагон"
14 сентябр 2017, 16:05
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфтааст, раиси фурудгоҳи Хоруғ аз бемории қалб даргузашт. Қаблан, расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, Дилдор Мақсудшоев, сардори фурудгоҳи Хоруғ 13 сентябр замоне ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурро аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе гусел мекарданд, аз боди чархбол ба санге бархӯрда дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
14 сентябр 2017, 08:43
Эмомалӣ Раҳмон зери фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имзо гузоштааст. Ин формон таҳти рақами 934 чоршанбеи 13 сентябр дар сомонаи Президенти Тоҷикистон нашр шудааст.
13 сентябр 2017, 16:34
Мақомоти Русия мегӯянд, қатли ҷавонзани тоҷик дар назди яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав аз сӯи шавҳараш содир шудааст.
13 сентябр 2017, 11:13
Кормандони пулис як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми куштори як ноболиғи 11-сола боздошт кардаанд.
13 сентябр 2017, 09:19
Клипи нави Ҷонибек Муродов, хонандаи попи тоҷик ва Сардор Раҳимхон, ҳунарманди хизматнишондодаи Узбекистон зери унвони “Дӯстон” тайи як рӯзи нашр дар Ютуб даҳҳо ҳазор тамошобин пайдо кард.
12 сентябр 2017, 16:13
Раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сардори Раёсати ақибгоҳи ин кумитаро муҷозот кардааст.
12 сентябр 2017, 10:25
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти писарбачаи ноболиғ хабар дод, ки дар қатли ҷавони 22-сола муттаҳам мешавад.
11 сентябр 2017, 11:27
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-сола, сокини ноҳияи Восеъ хабар дод, ки дар қатли марди 36-сола айбдор мешавад.
8 сентябр 2017, 12:32
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро бо 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки фардо 9-уми сентябр таҷлил мешавад, шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзу намудааст.