Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 15:15
13 октябр 2016, 09:53

Иброҳим Сафаров: Чӣ тавр ба набераам мефаҳмонам, ки падару модараш ҷанг рафтаанд? (ВИДЕО+АКС)

Зулайхо Қосимоваи сесола бибии худро “оча” ва бобояшро “дада” мегӯяд. Бино ба хабарҳо модару падари аслии ӯ ба гуруҳҳои ҷангҷӯи Ироқ пайвастаанд.

6 октябр 2016, 18:07

Эълони ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз, 6 октябр ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро эълон кард.

6 октябр 2016, 15:04

Клипи иҷтимоии Мадина: Шикоят аз "азоби янга"-ву "акаи номард" ва шукронаи роҳбари давлат (ВИДЕО)

Дар шоубизнеси Тоҷикистон таронаҳои ба Эмомалӣ Раҳмон бахшидашуда зиёданд, аммо таронаҳои иҷтимоӣ, ки дар он ба президент шукргузорӣ мешавад, ангуштуморанд.

5 октябр 2016, 14:11

Боздошти се тоҷикистонӣ барои гаравгонгирии кӯчарӯби тоҷик (ВИДЕО)

Мақомоти умури дохилии Русия аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар гаравгонгирии кӯчарӯби 20-солаи ҳамватанашон муттаҳам мешаванд.

3 октябр 2016, 10:56

ВИДЕО: Шукурҷон Зуҳуров якум шуда ба номи халқ қасам хӯрд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон нахустин шуда, маъракаи савгандёдкунии вакилонро оғоз бахшид.

3 октябр 2016, 10:12

Мақомот: Хабари дарёфти навзод аз ҳоҷатхонаи Хуҷандро санҷидем (ВИДЕО)

Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, хабари расонаҳои русзабон дар бораи дарёфти кӯдаки навзод аз ҳоҷатхонаи ҷамъиятии шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор додаанд.

1 октябр 2016, 11:37

Мушкили ҷойи кор омӯзгорони ҷавонро аз ВМКБ ба Данғара меорад (ВИДЕО)

Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Данғара мегӯяд, соли хониши 2016-2017 аз вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 15 омӯзгори ҷавонро ба кор гирифтаанд.

1 октябр 2016, 10:09

ВИКЕНД: Ба Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ бахшида мешавад!

1 октябр Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ аст. Ин сана бо ибтикори Шӯрои ҷаҳонии мусиқавӣ (IMC)-и назди ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 1975 таҷлил мешавад. Дар робита ба ин сана ва ҳам бо тавуҷҷуҳ ба дилбастагии тоҷикон ба суруду мусиқӣ дар барномаи навбатии “Weekend” хостем донишҳои мусиқидонии шуморо имтиҳон кунем.

29 сентябр 2016, 11:44

(ВИДЕО) Иштирокчии садамаи Чернобил: 18 сол аст саргардонам...

Як зани 57-солаи тоҷик, ки иштирокчии садамаи атомии Чернобил аст, мегӯяд, муроҷиату дархостҳои 18 солааш ба Президент ва шаҳрдорӣ барои дастрас намудани манзил ва ё ҳадди ақал қитъаи замин натиҷае надодааст.

26 сентябр 2016, 12:52

Нашри клипи нави Ҷонибек, ки ба дӯсти ҷавонмаргаш бахшидаст (ВИДЕО)

Ҷонибеки Мурод, овозхони маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ клип ва суруди наваш - “Небеса”-ро нашр карда, хостааст, ки мухлисон ба он баҳо диҳанд.

26 сентябр 2016, 12:09

Узрхоҳии Резеда барои клипи баҳсбарангезаш дар саҳни масҷид (ВИДЕО)

Резеда Ганиуллина, сарояндаи маъруфи Тотористон дар пайи интиқодҳо аз клипи наваш, ки дар пасманзари масҷиди Сафеди шаҳри Болгар сабт шуд, узрхоҳӣ кардааст.

22 сентябр 2016, 10:00

Рӯдакӣ эҷод кард, ШУМО БИГӮЕД (ВИДЕО)

Дар Рӯзи Рӯдакӣ, ки имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, “Озодагон” аз чанд нафар хост, аз эҷоди сардафтари адабиёти классики тоҷик шеър бихонанд. Гулчини онро дар як навори кутоҳ гирд овардем, ки манзури хонандаҳои гиромӣ мешавад. Зимнан, аз корбарони сомонаи хабаргузорӣ ҳам даъват мекунем, аз ашъори ғании Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ ҳар чӣ дар хотир доранд, зери ин матлаб бикоранд.

20 сентябр 2016, 10:31

НАНСМИТ омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба журналисти латукӯбшуда аст (ВИДЕО)

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, қазияи латту кӯби Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро пайгирӣ дошта, омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ мебошад.

17 сентябр 2016, 12:34

Шурӯи бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан (ВИДЕО)

Имрӯз, 17 сентябр нахустин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан бармегарданд. Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, қарор аст, охирин парвози ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ 3 октябр анҷом мешавад. Маълумоти бештарро дар ин навор бубинед.

14 сентябр 2016, 08:10

Шарҳи расмии ФФТ ба хабари “занозании футболбозон”: ВАО-и Русия воҳима кардааст (ВИДЕО)

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ дар робита ба хабари муноқишаи миёни футболбозони тоҷику узбак дар як сабқати футбол гуфтааст, ахбори ВАО-и Русия шакли таҳрифшуда ва пурвоҳимаро дорад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!