Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:18
/ Материалы за Декабр 2016 года
26 декабр 2016, 16:51

Ҳушдори такрории Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе дар пайи рухдодҳои маргбори Анқара ва Берлин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хостааст, эҳтиёткор бошанд.

26 декабр 2016, 16:42

Намоиши расмҳои зодаи Тоҷикистон дар Амрико

22 расми наққош Владимир Глухов дар Осорхонаи санъати русии шаҳри Ню-Йорк ба намоиш мебарояд.

26 декабр 2016, 15:17

Таъхири гуфтушуниди Э.Раҳмон бо Азимов: Аз парвози Душанбе-Тошканд то “виза”

Сафари ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Рустам Азимов, ноиби сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 26-уми декабр дар назар буд, ба таъхир афтод.

26 декабр 2016, 14:58

Рӯзи корӣ дар соли 2017 барои тоҷикистониён 3 январ оғоз мешавад

Сокинони Тоҷикистон имсол дар арафи ҷашни Соли Нав се рӯз истироҳат хоҳанд кард.

26 декабр 2016, 14:00

Хунукназарии пулис: Суҳбат бо зан ба ҷои таъмини амнияти Э.Раҳмон

Мақомоти Ҳиндустон алайҳи Канвар Пал, корманди пулиси Деҳлӣ барои хунукназарӣ дар таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқиқот оғоз кардаанд.

26 декабр 2016, 13:38

Муҳит: Агар дурусташ бисозем, Тоҷикистон ҳам Амрико мешавад

Аз сафаре, ки тӯли як моҳи ахир ба Амрико ва Аврупо доштам, ин хулосаро бардоштам: агар мо муваффақ шавем, ки муҳити солим бисозем, метавонем босаъодат зиндагӣ кунем. Вале инҷо суол пеш меояд, ки муҳити солим чист? Оё он чиро, ки то кунун мо офаридаем мешавад муҳити солим гуфт?

26 декабр 2016, 12:24

Эълони фурудгоҳи Душанбе: Парвозҳои "Уральские авиалинии" қатъ нашудаанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки дар мавриди манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” аз мақомоти тоҷик санадеро дарёфт накардааст.

26 декабр 2016, 11:52

Қарори Убайдуллоев барои консерти солинавӣ, фейерверк ва амният

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барномаи пешвози соли нави 2017-ро дар пойтахти Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

26 декабр 2016, 11:16

Писари Лукашенко: Президент шудан намехоҳам

Николай Лукашенко, писари хурдии Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гуфтааст, вақте калон мешавад, намехоҳад президент шавад.

26 декабр 2016, 10:58

Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон майли болоравӣ дошта, арзиши доллар бетағйир мондааст.

26 декабр 2016, 10:54

Эълони исми беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2016

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин бозигари соли 2016 эътироф гардидааст.

26 декабр 2016, 10:15

АКС: Маросими видоъ бо домулло Ҳурматуллоҳи Неъматуллоҳ

Домулло Ҳурматуллоҳи Неъматуллоҳ, яке аз руҳониёни саршинос рӯзи 25 декабр дар сини 91-солагӣ даргузашт.

26 декабр 2016, 09:54

Ҳалокати муҳоҷири 25-солаи тоҷик баъди афтидан аз бинои сохтмон

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дарёфт шудааст.

26 декабр 2016, 09:47

Андуҳи Президенти Тоҷикистон аз суқути ҳавопаймои Русия (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 25-уми декабр бо ирсоли барқияи тасаллият ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётии ин кишвар изҳори андуҳ кардааст.

26 декабр 2016, 09:29

Э.Раҳмон барои баҳси масоили амниятӣ озими Русия шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми декабр озими шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!