Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 12:55
5 июл 2013, 15:38

Илҳоми муллоҳо ба ҷӯш омад…

Фаъолону ходимони дин дар мулоқот бо президенти кишвар бештар ба тавсиф, таъриф ва санохонӣ машғул шуданд. Ин дар ҳоле, ки худи Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, суханҳо мухтасар ва танҳо таклифу пешниҳодҳо ироа шаванд.

4 июл 2013, 18:33

Президент ҷиноятҳои “мулло” ва ҳоҷиёнро номбар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо руҳониён гуфт, бархе соҳибони унвони мулло ва мартабаи ҳоҷӣ даст ба қонуншиканиҳо мезананд.

4 июл 2013, 15:03

Муфтӣ “Мо хостем, ба низоми яккамазҳабӣ диққати ҷиддӣ дода шавад”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, рӯҳониён ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардаанд, ки ба низоми яккамазҳабӣ, яъне мазҳаби ҳанафӣ, дар кишвар диққати ҷиддӣ дода шавад.

4 июл 2013, 11:47

Президент гуфт, тамоми имомхатибон бо униформ ва маош таъмин шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба масъулони Кумитаи дин дастур дода, ки то охири соли ҷорӣ тамоми имомхатибони масоҷиди кишварро бо либоси ягона ё униформ ва маош таъмин кунанд.

2 июл 2013, 17:08

Амиршоева: "Духтарони тоҷик набояд бо ғайримусалмонҳо издивоҷ кунанд"

Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон, ба суоли хонандагони “Озодагон” посух дод.

28 июн 2013, 15:28

Шӯрои уламо ба комиссияе ниёз дорад, ки сарфи пулҳоро назорат кунад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломӣ, гуфт, бояд як комиссияи махсус сарфи маблағҳои ҷамъоваришуда барои болопӯши саҳни масҷиди марказии Душанберо назорат кунанд.

28 июн 2013, 09:47

Ҳиҷоб: Либоси исломӣ, ё худнамоӣ?

Такрор шавад ҳам мегӯям, либоспӯшӣ кори шахсии ҳар як шаҳрванди кишвари мост. Ҳар либосеро, ки шахс қабул дорад, онро бояд бипӯшад.

25 июн 2013, 17:13

Даъвати бемаънӣ: “Тоҷикистон ниёз ба ягон ҳизб надорад!”

Чунин ба назар мерасад, ки ин нуктаи ғалат гӯиё тесизи аслии барномаи пешазинтихоботии ҳукумат бошад.

20 июн 2013, 13:34

Манъи намозгузории беш аз 200 зан дар Оббурдони Масчо

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Масчо бо ирсоли як нома аз додситонии ин ноҳия хостаанд, ба 250 зани деҳаи Оббурдон иҷоза бидиҳад, то намози ҷумъаро дар масҷид бигузоранд.

18 июн 2013, 12:51

Раиси маркази исломшиносӣ дар бораи дин ва сиёсат

Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, пайванди сиёсат бо динро нодуруст хонда ва гуфтааст, бояд роҳи ҳар кадоме аз ин ҷудо бошад.

14 июн 2013, 18:21

“Ҳар нафаре аз таъсири ҳероин мефавтад, худкушӣ кардааст”

Раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон марги муътодони маводи мухаддирро ба худкушӣ баробар донист.

14 июн 2013, 10:26

Тоҷике аз Амрико дар бораи Бозор Собир ва хавфи ӯ аз исломиҳо

Як хонандаи торнамои “Озодагон”, Носир Улмасзод, ки худро аз дӯстони Бозор Собир муаррифӣ кардааст, бо фиристодани 9 нома ба мо хоста, ки дар бораи ин шоири тоҷик китобе таълиф бишавад.

13 июн 2013, 14:43

Муроҷиати муфтии Тоҷикистон ба сокинони Файзобод

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони ноҳияи Файзобод хостааст, ки нагузоранд, ҷавонон фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои исломии сиёсӣ бишаванд.

12 июн 2013, 15:42

4 000 сомонӣ ҷарима барои тӯйи исломӣ ё “мавлудхонӣ”?

Маҳмудҷон Қосимов, як сокини бознишастаи ноҳияи Ашт (Суғд), дар пайи баргузории тӯйи хонадоршавии писараш ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст.

12 июн 2013, 12:20

Кумитаи дини Тоҷикистон: “Қаҳрамон”-и навори фаҳшо имомхатиб нест

Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯяд, марде, ки дар як навори фаҳшо бо риш акс ёфтаву баъдан дар расонаҳо ҳамчун имомхатиби яке аз деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ шуд, дар феҳрист ё рӯйхати имомхатибони онҳо қарор надорад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!