Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 05:14
8 август 2016, 16:06

Хурдтарин ҳофизи Қуръони Карим 3 сол дорад

Муҳаммад Шамсуддин Алӣ хурдтарин ҳофизи Қуръони Карим эътироф шудааст. Ин сокини сесолаи Нигерия тамоми 30 пораи китоби муқаддаси мусалмононро азёд медонад.

2 август 2016, 14:49

Шарҳи Шӯрои уламо: “Мулло”, “эшон”, “мавлавӣ”, “шайх” киро мегӯянд?

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши истифодаи калимаҳои “мулло”, “домулло”, “мавлавӣ”, “шайх” ва “эшон” дар ҷомеа мавқеи корбурди ин вожаҳоро шарҳ додааст.

29 июл 2016, 16:22

Насби дарвозаҳои назоратӣ дар масҷидҳои ҷомеъ

Маҳмуд Сангалиев, масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба манзури ҷилавгири аз амалҳои номатлуб ва амнияти намозгузорон то 3 сентябри соли равон дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ дарвозаҳои назоратӣ насб мешаванд.

21 июл 2016, 16:35

Шӯрои уламо: Касе гӯяд, одам аз маймун пайдо шудааст, кофир мешавад

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки дониста аз хок пайдо шудани инсонро инкор мекунанд, кофир мешаванд.

20 июл 2016, 16:18

Мақомот: Аз 649 донишҷӯе, ки дар муассисаҳои динии хориҷ таҳсил доштанд, 630 нафарро баргардондем (САДО)

Суҳроб Рустамзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири Шӯъбаи дин дар вилояти Суғд мегӯяд, барои ба Ватан баргардонидани 19 донишҷӯе, ки дар таълимгоҳҳои диннии берун аз марзи Тоҷикистон таҳсил доранд, тадбир меандешанд.

15 июл 2016, 14:05

Додситони Суғд: Алайҳи 16 имомхатибу сархатиб парванда кушодем

Додситони вилояти Суғд мегўяд, тайи 6 моҳи соли равон алайҳи 16 имомхатибу сархатиби масоҷиди шимоли кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

12 июл 2016, 15:00

Пешниҳоди Кумитаи дин ба Президент барои тағйирот дар маъракаҳои азодорӣ

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба Президент пешниҳод кардааст, ки тартиби гузарондани маъракаҳои азодорӣ дар кишвар тағйир дода шавад.

11 июл 2016, 08:58

Таҷлили 59-умин солгарди имоматии Оқохони IV дар Тоҷикистон

Исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла пайравони ин мазҳаб дар Тоҷикистон имрӯз, 11-уми июл 59-умин солгарди ба тахти имомат нишастани пешвои руҳонияшон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд.

7 июл 2016, 14:23

Шарҳи дубораи Шӯрои уламо дар бораи филми “Муллои замонавӣ” (ВИДЕО)

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди филми туркии “Ҳидоят” ё “Муллои замонавӣ”, ки миёни шаҳрвандони кишвар ҳаводорони зиёд ёфтааст, дубора изҳори назар кардааст.

5 июл 2016, 15:08

Паёми табрикии муфтӣ, муовини раиси МТС ва имомхатиби масҷиди "Қазоқон" (ВИДЕО)

Фардо, 6 июл дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр таҷлил мешавад.

5 июл 2016, 12:17

Иқрори ноиби сархатиби масҷиди марказӣ: Аз хориҷ пул мегирифтам

Орифҷон Эргашев, имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи “Тақво” ва ноиби сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шимоли Тоҷикистон ихтиёран ба мақомоти милиса таслим шудааст.

5 июл 2016, 09:38

Э.Раҳмон: Иди Фитр рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ ба шумор меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ мусалмонони кишварро бо Иди саиди Фитр шодбош гуфтааст.

4 июл 2016, 13:38

Шӯрои уламо нахондани намози ҷумъа барои мансабдоронро гуноҳ намедонад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ашхосе, ки аз хондани намози ҷумъа бо баъзе сабабҳо манъ шудаанд, гунаҳкор намешаванд.

1 июл 2016, 16:31

Шаҳрдории Душанбе тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кардааст (НАРХНОМА)

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як муроҷиатнома сокинони пойтахтро ба адлу инсоф даъват кардааст.

1 июл 2016, 10:13

Президент ба муфтӣ ва мансабдорон: Ба хонаи бойҳо не, назди ниёзмандон равед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти давлатӣ ва мансабдорони кишварро муваззаф намудааст, ки дар арафаи Иди Фитр ба табақаи ниёзманди аҳолӣ кӯмак кунанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!