Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:52
13 март 2013, 15:37

Ҳизби аграрӣ мегӯяд, ҷои Рустам Латиповро "бегона" намекунад

Амир Қароқулов, райиси ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи №39 номзади худро пешниҳод хоҳанд кард.

7 март 2013, 14:39

Раҳматулло Зоиров: "Мақомот дар талоши ҳабси ман аст"

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал демократии Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот дар талоши ҳабси ӯ ҳастанд.

6 март 2013, 09:11

Раҷаби Мирзо -- муддаии курсии холишуда дар Маҷлиси Намояндагон

Раҷаби Мирзо, сухангӯи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва роҳбари маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб” яке аз муддаиёни интихоботи миёндавраӣ дар ноҳияи Восеъ хоҳад буд.

5 март 2013, 11:02

Amnesty International боздошти Абдуллоҷоновро ба интихобот рабт дод

Созмони авфи байналмилал (Amnesty International) алайҳи истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон аз Украина ба Душанбе изҳорот пахш карда, озодии ӯро талаб кардааст.

1 март 2013, 09:28

Занҳои арзанда ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон киҳоянд?

Озода Раҳмоноваро дар радифи номзадҳои арзанда ба курсии раёсатҷумҳурӣ аз миёни бонувони кишвар ном мебаранд. Соҳибназарон мегӯянд, духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи даркорӣ барои такя задан дар олитарин мансаби Тоҷикистонро дорад.

8 феврал 2013, 17:11

Сафири Бритониё: "Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бояд шаффоф гузарад"

Cӯҳбати хабарнигори "Озодагон" бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Робин - Орд - Смит

26 январ 2013, 04:37

Рақиб доштани Эмомалӣ Раҳмон имконпазир аст?

Ҳарчанд то интихоби президентӣ даҳ моҳи дигар монда, ҳанӯз касе аз иштирокаш дар ин сабқати сиёсӣ дарак надодааст. Танҳо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон якуним сол қабл аз шурӯи интихобот номзадии президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод карда буд. Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди он ки мардум аз зиндагии якнавохту якранг дилгир шудаанд ва хоҳони дидани чеҳраи наве дар сари қудратанд, воқеъ шудани ин амр душвор аст. Орифи Шоҳ аз шаҳри Кӯлоб мегӯяд, "мехостам дар Тоҷикистон низ мисли давлатҳои воқеан демократии ҷаҳон муҳлати президентӣ 2 навбат - 4 солӣ ё 7 сол 1 бор бошад. Инсони солиму комил дар як мансаб тамоми 14 сол роҳбари хуб буда наметавонад. Дар як вазифа зиёд кор кардан, ҳатто дар дунё зиндагӣ кардан ҳам ҳадди эътидол дорад. Синни нафақа низ дар мансаби президентӣ ба назар гирифта шавад ва шахсоне номзадиашонро пешбарӣ намоянд, ки дар синни нафақа набошанд".

25 январ 2013, 10:17

Тоҷикистон Қирғизистон нест

Вакилони мардумӣ, ки аксарият аз ҳизби ҳоким ҳастанд, бояд бештар аз манфиати мардум фикр мекарданд. Вале онҳо пешниҳоди мухолифинро рад карда, дар ҷавоб ҳатто далелҳои қатъӣ оварда натавонистанд.

25 январ 2013, 06:12

Оё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?

Ба ин суъоли Озодагон ҷавобҳо гуногун буданд, ҳарчанд меҳвари ягона дар онҳо эҳсос намуд:

21 январ 2013, 10:54

Муҳиддин Кабирӣ: Инсон фаромӯш шудааст, мутаасифона

Раиси ҲНИТ ба ин назар аст, ки агар дар Тоҷикистон интихобот воқеъан ҳам шаффофу демократӣ баргузор шавад, ҳеч як номзад ба курсии президентӣ аксари орои мардумро ба даст оварда наметавонад ва интихобот ба даври дуввум меравад…

18 январ 2013, 11:47

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Қонун дар бораи интихоботи президентӣ рад гардид

Имрӯз, 18-уми январ, дар Саркумитаи МН бо ширкати вакилоне, ки лоиҳаи мазкурро пешниҳод кардаанд ва ҳамчунин Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузор гардид.

18 январ 2013, 07:19

Ваъдаҳо ва воқеият, ё аз интихобот то интихобот

То интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон даҳ моҳи дигар мондааст. Барои касе пӯшида нест, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз номзадҳои аслӣ дар ин сабқат хоҳад буд. Қонуни асосӣ ба ӯ ин ҳақро додааст, ки барои бори чорум ҳам муддаии олитарин курсии роҳбарӣ дар Тоҷикистон шавад. Аммо суоли матраҳ ин хоҳад буд, ки ин бор ҷаноби Раҳмон бо чӣ паёме вориди корзори интихоботӣ мешавад? Боз ҳам ваъдаи расидан ба истиқлоли озуқавориву энергетикӣ? Ё чизи дигар…

18 январ 2013, 05:39

Баҳси домоди президент бо Қувватов ба чӣ меанҷомад?

Интихоботи президентӣ рӯз то рӯз наздик мешавад ва ҳамаи ҳодисаҳои пурсарусадо хоҳу нохоҳ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ пайванд дода мешавад.

17 январ 2013, 11:59

Ин миллат дигар Раҳмон надорад?

Воқеъият ин аст, ки ҳизбҳои мухолифи кишвар рақобатпазир нестанд. Бовар дорам, ки дар интихоботи соли 2013 ҳеч ҳизбе дар баробари ҳизби ҳоким, ки номзади аслиаш Эмомалӣ Раҳмон аст, довталаби арзанда ва рақобатпазире барои курсии раисҷумҳур пешниҳод нахоҳад кард. Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур (МТС) дар нишасти мабуотӣ таъкид намуд.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!