Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:13
14 феврал 2015, 10:08

Рақобати чор номзади ҲХДТ барои курсии парлумон дар Ванҷ

Дар ҳавзаи якмандатии "Ванҷ", №40 чор номзади Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи якуми март номнавис шудаанд.

14 феврал 2015, 09:34

Баҳои “ду”-и номзади илми наҳзатиҳо ва нашри аксҳои таҳқиромези ӯ

Додоҷон Ёқубов номзади ҲНИТ ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ки собиқаи 38 солаи устодӣ дар макотиби олӣ бо забони тоҷикӣ дошта, номзади илм ҳам ҳаст, аз имтиҳони забони давлатӣ нагузаштааст.

13 феврал 2015, 15:35

ВИДЕО: Манъи паҳнсозии филми “Ҷанг ва сулҳ” баъди баромади раиси КМИР

Фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи баромади Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тариқи телевизиони давлатӣ мақомот барои паҳни филми пешазинтихоботии ҲНИТ монеа эҷод карда истодаанд.

13 феврал 2015, 11:05

Ғаффоров дар бораи ипотекаи 25-сола, табобати ройгон ва Фарҳоди асри 21

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шоми 12-уми феврал дар баромади пешазинтихоботии худ тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон чанд нуктаи барномаи пешазинтихоботии ҳизбашро муаррифӣ кард.

13 феврал 2015, 10:11

Бузургмеҳр Ёров аз болои КМИР ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқушиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, аз болои қарори ахири Комиссияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар мавриди радди сабти номзадияш ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба Додгоҳи олии кишвар шикоят мебарад.

13 феврал 2015, 07:48

7 назар: Сардии фазои интихоботиро сабаб чист?

Дар ҳоле, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ 15 рӯзи дигар мондааст, аммо як фазои ҷиддии пешазинтихоботӣ дар кишвар эҳсос намешавад. Дар робита “Озодагон” аз чанд соҳибназар ва коршинос суол кард, САРДИИ ФАЗОИ ИНТИХОБОТИРО САБАБ ЧИСТ?

12 феврал 2015, 11:17

"Дар ягон ҳавза ҳеч озодандеш ё мухолиф ғолиб нахоҳад омад...”

Дар Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, интихоботи озоди парлумонӣ баргузор нашудааст. Охирин интихоботи шаффоф ва мардумӣ ҳамон интихоботи парлумонии соли 1991 буд, ки ба иқрори президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро сари қудрат овард.

12 феврал 2015, 10:53

Боздошти як таблиғгари ҲНИТ аз сӯи кормандони амният дар Роғун

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар аз боздошти Алишер Ҷобиров, яке аз таблиғгарони интихоботии худ аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллии кишвар дар шаҳри Роғун хабар дод.

11 феврал 2015, 12:18

ВИДЕО: Номзади ҲХДТ дар бораи як миллион муҳоҷир, номзади ҲНИТ дар бораи коҳиши андоз

Номзадҳои курсии парлумон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур шоми сешанбеи 10 феврал дар бинои мактаби таҳсилоти умумии №35 дар рӯбарӯи интихобкунандаҳо аз барнома ва ҳадафҳояшон гуфтанд.

11 феврал 2015, 07:30

Ирсоли 50 000 SMS-и пешазинтихоботии Ҳизби ҳоким ба мардум

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар таблиғоти пешазинтихоботӣ аз SMS-паёмакҳо фаровон истифода мекунад.

10 феврал 2015, 15:00

Шикояти Бузургмеҳр Ёров аз қарори комиссияи ҳавзавӣ ба КМИР

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик дар пайи сабти ном нашуданаш ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

9 феврал 2015, 11:58

ВИДЕО: Ҷангу сулҳи тоҷикон дар филми пешазинтихоботии ҲНИТ

Фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бисёрашонро занону духтарон ташкил медоданд, рӯзи 8-уми феврал дар шаҳри Душанбе барнома ва филми пешазинтихоботии худро миёни мардум паҳн намуданд.

9 феврал 2015, 10:17

Ҳушдори раиси аграриҳо аз ғизоҳои "сиёсӣ" дар арафаи интихобот

Ба қавли раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ табдил хоҳад шуд.

7 феврал 2015, 11:57

Фаъолияти шабонарӯзии КМИР дар остонаи интихоботи парлумонӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаштааст.

5 феврал 2015, 12:15

Баромадаи пешазинтихоботии Зоиров тавассути Шабакаи аввал

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби мухолифи кишвар тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ барномаи интихоботии ҳизбашро муаррифӣ мекунад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!