Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:29
21 май 2015, 15:48

Нигаронӣ аз болоравии нархи сафари Ҳаҷ-2015 дар парлумон

Дар ҷаласаи рӯзи 21 майи парлумони Қирғизистон нархи сафари ҳаҷ барои зоирини ин кишвар ба баррасӣ гирифта шуда, аз болоравии ҳамасолаи он нигаронӣ шудааст.

20 май 2015, 12:49

Вазир гуфт, ҷонибдори ҳукми қатл аст

Вазири умури дохилии Қирғизистон гуфтааст, ба ҷорӣ кардани ҳукми қатл барои онҳое, ки даст ба таҷовузи ноболиғон мезананд, зид нест. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.

8 май 2015, 09:14

Нахуствазир хост, мактаббачаҳоро пешвозгирии мансабдорон набаранд

Темир Сариев, нахуствазири нави Қирғизистон ҷалби донишомӯзонро ба вохӯриҳо бо шахсони расмӣ манъ кардааст.

4 май 2015, 09:43

Ҷилавгирӣ аз сафари се зану шаш кӯдак ба Сурия

Мақомоти умури дохилии Қирғизистон аз ошкор шудани гуруҳе хабар медиҳанд, ки ба ирсоли занҳо ба Сурия машғул будааст.

23 апрел 2015, 16:47

Сарвазир: “Истеъфои ман шароит фароҳам мекунад, сарвазири қотеътарро интихоб кунанд

Ҷомарт Оторбоев, нахуствазири Қирғизистон имрӯз, 23 апрел аз симматаш истеъфо додааст.

22 апрел 2015, 16:13

Барои ҷентелменҳо: Талоқ додед, тамоми дороиро ба занатон бигузоред!

Як вакили парлумони Қирғизистон хостори таҳияи қонуне шудааст, ки бар бунёди он дар пайи азҳампошидани оилаҳо тамоми дороиҳои мард бояд ба ихтиёри ҳамсараш гузошта шавад.

22 апрел 2015, 15:24

Президент ба шабакаҳои ғайридавлатии телевизион кумаки молӣ намуд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ба идораи барномаҳои субҳгоҳии шабакаҳои ҷамъиятӣ ва ғйридавлатии телевизиониии “ОТРК”, ЭлТР, «5 канал» ва НТС кумаки молӣ намудааст.

8 апрел 2015, 15:40

Қирғизҳо патентро бе навбат мегиранду тоҷикон мемиранд

Муҳоҷирони Қирғизистон имкон доранд нисбат ба дигар муҳоҷирон дар Русия патент барои корро зудтар дастрас кунанд. Дар ин бора Вазорати ҷавонон, кор ва муҳоҷирати ин кишвар хабар додааст.

7 апрел 2015, 10:37

Президенти Қирғизистон барои бунёди масҷид замини худро ҷудо кард

Бо ташаббуси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ба сохтмони масҷиди “Шаҳидони 7 апрел” оғоз бахшида шуд.

30 март 2015, 18:36

Ҳамоиши вазирони хориҷии кишварҳои ИДМ дар Бишкек

Вазирони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 апрели соли равон дар шаҳри Бишкек - пойтахти Қирғизистон гирдиҳам меоянд.

19 март 2015, 11:49

Президенти фирорӣ гуфт, мехоҳад охирин нафасашро дар Ватан берун кунад

Аскар Акаев, раисҷумҳури собиқ ва фирории Қирғизистон, ки 10 сол мешавад, дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, гуфтааст, мехоҳад охирин нафаси худро дар Ватанаш берун кунад. Ӯ ин суханро дар суҳбат бо бахши қирғизии хабаргузории “Sputnik” иброз доштааст.

16 март 2015, 09:51

Мулоқоти Путин бо Отамбоев баъди овозаҳо дар бораи “ғайб задан”-и ӯ

Интизор меравад, имрӯз, 16 март Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои қирғизаш -- Алмосбек Отамбоев дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намояд.

10 март 2015, 18:29

Қирғизистон: Вазъ ба ҳадде нест, ки асъори хориҷӣ вориди бозор кунем

Бонки миллии Қирғизистон гуфтааст, барои ворид кардани асъори хориҷӣ ба бозори асъор заруратеро намебинад.

1 март 2015, 11:44

ВУХ: Тоҷикони муқими Бишкек дар раъйдиҳӣ фаъоланд (АКС)

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз оғози маъракаи раъйдиҳӣ дар сафорати кишвар дар Қирғизистон хабар додааст.

27 феврал 2015, 17:23

Вазорати дохилӣ: Аз вазири фарҳанги Қазоқистон узр хостем

Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз Алмамбет Анапияев, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон ба хотири қарор гирифтани аксаш миёни афроди дар ҷустуҷӯбуда узрхоҳӣ кардааст.

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!