Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:52
26 декабр 2013, 17:19

120 сомонӣ ҷаримаи тарафдорон ва наздикони Зайд Саидов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ парванда алайҳи Маҳмудҷон Қосимов ва Мавҷуда Соҳибназарова, ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро, ки дар майдаавбошӣ ва ташкили гирдиҳамоӣ муттаҳам мешаванд, ба баррасӣ гирифтааст.

26 декабр 2013, 14:30

(ВИДЕО) Зайд Саидов: Бо вуҷуди бегуноҳӣ аз ҳама зиёд 15 соли зиндонро интизор будам

Зайд Саидов баъди шунидани ҳукми додгоҳ гуфтааст, чунин ҳукми сангинро интизор набуд ва таъкид намудааст, ки “агар ин барои давлат лозим бошад, ман омодаам пушти панҷара монам.”

25 декабр 2013, 18:04

Зайд Саидов: Аз ҳамнишинӣ бо президент то маҳкумият (АКС)

Зайд Саидов аз як даст маҳрум буда, бештар бо ҳимояташ аз фарҳангиён, кумакаш ба дармондагон ва сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбе, пойтахти кишвар, маъруф аст.

25 декабр 2013, 16:28

ВИДЕО: 26 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Додгоҳи Олиии Тоҷистон, имрӯз, 25-уми декабр, Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

25 декабр 2013, 13:55

Талоши пулис барои пароканда кардани таҷаммӯи тарафдорони Зайд Саидов (АКС+ВИДЕО)

Як гурӯҳи зиёди муташаккил аз дӯстону наздикон ва пайвандони Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, дар назди боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд.

24 декабр 2013, 10:53

Сайфулло Сафаров дар бораи қазияи Зайд Саидов: “Ҳеч чиз пинҳон намемонад”

Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар робита ба қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат, ки дар боздошт қарор дорад, изҳори назар кард.

20 декабр 2013, 16:29

Дастгоҳ номаи Қаноат, Гулрухсор, Илолов ва Диноршоевро меомӯзад

Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, номаи як гуруҳи зиёиён, дар мавриди дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Зайд Саидовро дастрас ва айни ҳол мавриди омӯзиш қарор додааст.

17 декабр 2013, 12:20

Зайд Саидов ҷарима месупорад, маҳкум мешавад ё озод?

Дар ҳоле ки, қарор аст, ба зудӣ ҳукми додгоҳ дар баробари Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири собиқи саноат эълон шавад, “Озодагон” тасмим гирифт, миёни корбарони худ назарпурсиеро анҷом диҳад. Аз онҳо пурсида шуд, бовар доранд, Зайд Саидов аз боздошт раҳо хоҳад шуд, ҷарима хоҳад супурд ва ё ба 28 сол маҳкум хоҳад гардид.

13 декабр 2013, 18:19

Сухани охирини Зайд Саидов аз забони вакилони дифояш (ВИДЕО)

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав бо баргузории нишасти хабарӣ чанд банди аслии сухани ниҳоии нафари таҳти ҳимояташ дар додгоҳро эълон дошт.

11 декабр 2013, 12:41

Сухани ниҳоии Зайд: "Агар ҳабси ман ба фоидаи давлат бошад, бигзор ҳабс кунанд"

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, рӯзи 11 декабр дар додгоҳ 2,5 соат сухани ниҳоияшро иброз дошта, ҳамаи иттиҳомоти мақомотро алайҳи худ тӯҳмат номидааст.

10 декабр 2013, 09:31

Зоиров: "Пушаймон нестам, ки Зайдро ба Душанбе хондам"

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, дар вақташ аз он ки Зайд Саидовро барои бозгашт ба Душанбе моил карда буд, пушаймон нест.

9 декабр 2013, 14:51

Зайд Саидов: “Барои ибрози ҳарфи охирин дар додгоҳ тайёрам” (МУЛТИМЕДИА)

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, гуфтааст, барои баёни сухани охиринаш дар додгоҳ омодааст.

7 декабр 2013, 12:07

Парвина Аминова: “Аз Худо мехоҳам, Зайд Саидовро озод намояд”

Парвина Аминова, ҳамсари Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, ки намояндаи додситонӣ барояш 28 соли зиндон талаб кард, мегӯяд, то лаҳзаи охир ба бегуноҳӣ ва озод шудани падари фарзандонаш бовар дорад.

6 декабр 2013, 17:08

Умеду ноумедиҳои ҳамсари собиқ ва писари Зайд Саидов

Фирӯза Юнусова, ҳамсари собиқи Зайд Саидов, рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, талаби 28 сол зиндон барои падари фарзандҳояш онҳоро дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор додааст.

5 декабр 2013, 13:56

ВИДЕО: Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади ниҳоии худ рӯзи панҷуми декабр барои Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав 28 соли зиндон хостааст.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!