Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 ноябр 2017, 17:43
15 сентябр 2017, 10:02

Созиш бо Бритониё барои табдили Душанбе ба “шаҳри ҳушманд”

Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), табдили Душанбе ба шаҳри ҳушманд ё “Smart City”-ро баррасӣ кардааст.

15 сентябр 2017, 09:36

Рустами Эмомалӣ, Артем Новиков, Хоуп Хикс... Ҷавонтарин мансабдорони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон киҳоянд?

Ба дунболи таъини Артем Новикови 30-сола ба мақоми вазири иқтисоди Қирғизистон ва Хоуп Хикси 28-сола ба маснади раҳбари мухобироти маъмурияти раисҷумҳури Амрико сомонаи “CA-News” ҷавонтарин мансабдорони Осиёи марказӣ ва ҷаҳонро гирд овардааст.

14 сентябр 2017, 16:05

Раиси ноҳияи Дарвоз гуфт, даргузашти сардори фурудгоҳ ба омадани Президент вобастагӣ надорад

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфтааст, раиси фурудгоҳи Хоруғ аз бемории қалб даргузашт. Қаблан, расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, Дилдор Мақсудшоев, сардори фурудгоҳи Хоруғ 13 сентябр замоне ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурро аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе гусел мекарданд, аз боди чархбол ба санге бархӯрда дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

14 сентябр 2017, 08:43

Фармони №934-и Президент. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш

Эмомалӣ Раҳмон зери фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имзо гузоштааст. Ин формон таҳти рақами 934 чоршанбеи 13 сентябр дар сомонаи Президенти Тоҷикистон нашр шудааст.

13 сентябр 2017, 17:15

Вазорати маориф: Китобфурӯшҳо сӯиистифода ва қонуншиканӣ мекунанд...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди китобҳои дарсӣ дар бархе аз макотиби кишварро тасдиқ карда, онро ба кори сусти дастгоҳҳои чопии кишвар рабт дод.

13 сентябр 2017, 15:44

ВКД: Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз таҳти пайгард қарор дорад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини “ОМОН”-и Тоҷикистон ҳанӯз таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Ҳафтае қабл Вазорати дифои Русия гуфт, дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ “вазири ҷанг”-и ДИИШ – Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

13 сентябр 2017, 09:20

Пурсиш: Баъди ҷаласаи солонаи Варшава қазияи Тоҷикистону САҲА бо чӣ меанҷомад?

Чанд рӯз пештар хабаргузории давлатии “Ховар” навишт, дар сурати ба конфронси САҲА даъват шудани фаъолони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ эҳтимоли қатъ шудани намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мавҷуд аст: “Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд”. Аммо рӯзи гузашта, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ на танҳо дар ҷаласаи САҲА дар Варшава суханронӣ кард, балки як нишастеро ҳам гардонандагӣ намуд. Ҳамчунин як гуруҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар назди бинои САҲА дар Варшава гирдиҳамоӣ карданд. “Озодагон” аз чанд соҳибназар ва коршиноси тоҷик пурсид: БАЪДИ ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ ВАРШАВА ҚАЗИЯИ ТОҶИКИСТОНУ САҲА БО ЧӢ МЕАНҶОМАД?

13 сентябр 2017, 08:55

Нигаронии Президент аз нашъаҷаллобӣ дар Ш.Шоҳин ва коҳиши анорзорҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 13-уми сентябр аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздид карда, иншооти нав, аз ҷумла шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳонро ба истифода дод.

13 сентябр 2017, 08:24

Душанбе интизори ноиби волии Санкт-Петербург

Анна Митянина, ноиби губернатори Санкт-Петербург дар раъси як ҳайат ба Душанбе меояд.

12 сентябр 2017, 18:27

Баррасии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар дидори Э.Раҳмон ва Ҳ.Ҳаҷҷар

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12 сентябр дар мулоқот бо Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, президенти Бонки исломии рушд аз тавсеаи ҳамкориҳо бо ин созмон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

12 сентябр 2017, 16:13

Назарзода муҷозот шуд, дигарон барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат гирифтанд

Раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сардори Раёсати ақибгоҳи ин кумитаро муҷозот кардааст.

12 сентябр 2017, 15:34

Барои Фирӯз Холмуродзода 17 соли зиндон талаб шудааст

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода, корманди пешини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 17 соли маҳрумият аз озодӣ талаб кардааст.

12 сентябр 2017, 15:06

Алиев гуфт, имконоти ҳамкорӣ бо Душанбе истифода нашудаанд

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон мегӯяд, имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон феълан истифода нашудаанд.

12 сентябр 2017, 09:23

Раҳимзода: Сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед

Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия хоҳиш кардааст, ки сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро ба муҳоҷирони тоҷик дуруст фаҳмонанд.

11 сентябр 2017, 13:12

Азми Тошканд барои зиёд кардани намояндагиҳо дар Тоҷикистон

Ду ширкати бузурги давлатии Узбакистон,- Бунёди дастгирии содироти корхонаҳои соҳибкории хурд ва “Узтрейд” ният доранд, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз кунанд.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!