Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:31
/ Материалы за Декабр 2016 года
24 декабр 2016, 12:59

Дар Дубай телефон бо акси Доналд Трампро $150 000 мефурӯшанд

Дар шаҳри Шарҷаи Аморати муттаҳидаи Араб фурӯши iPhone 7 бо қолаби тиллогин ва акси Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико шурӯъ шудааст. Бино ба иттилои расонаҳо, ин смартфонҳо, ки бо алмос оро дода шудаанд, 150 000 доллар арзиш доранд.

24 декабр 2016, 11:46

Рамзан Қодиров: Путин бояд баъди соли 2018 низ президенти Русия бошад

Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфтааст, Владимир Путин бояд баъди соли 2018 низ президенти Русия боқӣ бимонад.

24 декабр 2016, 10:00

Эҳтимоли 7 соли зиндони ҷавоне, ки навори латту кӯби муҳоҷири тоҷикро нашр кард

Парвандаи ҷиноии як сокини 21-солаи Воронеж, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латту кӯб ва ин манзараро ба навор гирифт, ба додгоҳ ирсол шудааст.

24 декабр 2016, 08:58

“Нота”-и Тоҷикистон ба Русия дар мавриди парвозҳо

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба қатъи парвозҳо байни ду кишвар ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия “нота” фиристодааст.

24 декабр 2016, 08:48

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ШАНБЕ. 24-уми декабр - 358-умин рӯзи сол. То поёни сол 7 рӯзи дигар монда.

23 декабр 2016, 16:52

Кадуи нос ва иқтисод

Фукуяма, назарияпардози сиёсии ҷаҳони муосир, ки ҳам яке аз охирин асарҳояш “Эътимод” ном дорад, сабаби асливу асосии бақо ва рушди дунёву давлатҳоро ба эътимод марбут медонад. Фикр мекунам, ки агар мо ҳам натавонем эътимодро аз як вожаи хушку холӣ ба як арзиши ахлоқиву иҷтимоӣ табдил диҳем, рушдеро нахоҳем дошт.

23 декабр 2016, 16:19

Узрхоҳии “Сомон Эйр”: Маблағи мусофиронро бармегардонем

Ширкати “Сомон Эйр” аз мусофирони худ барои қатъи парвоз ба Русия узр хостааст.

23 декабр 2016, 15:43

Сабабҳои “таниши ҳавойӣ” миёни Душанбеву Маскав дар чист?

“Танишҳои ҳавойӣ” миёни Тоҷикистону Русия, ки дорад бештар доғтар мешавад, мавзӯи баҳс дар доираҳои мухталифи ҷомеа шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар ҳамин баҳсро ба миён мекашанд. Зимнан, “Озодагон” ҳам аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид, ки сабабҳои ин танишро дар чӣ мебинанд?

23 декабр 2016, 14:48

Баъди маъмурияти муваққатӣ: “Тоҷиксодиротбонк” коргар меҷӯяд

“Тоҷиксодиротбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, баъди анҷоми муҳлати мудирияти муваққатӣ аз озмун барои қабули кормандон ба Идораи аудиташ хабар додааст.

23 декабр 2016, 13:54

“Уралские авиалинии”: Аз қатъ шудани парвоз огоҳии расмӣ нагирифтем

Ширкати “Уралские авиалинии” гуфтааст, аз Тоҷикистон дар мавриди қатъ шудани парвозҳояш номаи расмӣ нагирифтааст.

23 декабр 2016, 13:53

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа ва андоз

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23 декабр дар ҷаласаи васеи ҳукумат, соли 2016-ро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор хондааст.

23 декабр 2016, 12:07

Тоҷикистон парвозҳои “Уралская авиалиния”-ро қатъ кард

Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралская авиалиния”-ро аз Русия ба Душанбе қатъ кардааст.

23 декабр 2016, 11:43

Боздошти соҳибкор барои истифодаи ғайриқонунии барқ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19 солаи сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар ғайриқонунӣ истифодаи барқ муттаҳам мешавад.

23 декабр 2016, 11:16

Номаи табрикотии Пан Гӣ Мун ба Э.Раҳмон

Пан Гӣ Мун, дабир кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз, 23 декабр бо ирсоли як нома Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро нисбати қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” табрик кардааст.

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!