Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 15:19
19 апрел 2013, 16:42

Жириновский дар бораи тақдири Раҳмон, пойгоҳи 201 ва муҳоҷирон (ВИДЕО)

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал демократҳои Русия ва муовини раиси парлумони ин кишвар ба тарафдории роҳандозии раводид бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баромад карда, муҳоҷиронро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия хондааст.

19 апрел 2013, 10:03

Тоҷқурғон -- минтақаи мухтори тоҷикон дар Чин (ВИДЕО)

Маркази чинии иттилоот мегӯяд, дар ҳудуди Чин 33 ҳазору 583 тоҷик иқомат доранд.

18 апрел 2013, 18:03

Видеои "Озодагон": Роҳҳои пойтахт... таъмир мешаванд?

Бисёр шоҳид шудаем, ки ронандаҳо аз сифати роҳҳои мошинрави пойтахт шикоят мекунанд. Ба вижа, дар чанд соли қабл вазъи ҷодаҳои аз кӯчаҳои марказӣ канортар мояи нигаронӣ буд.

17 апрел 2013, 10:28

Чигуна Умаралӣ Қувватов ба сафи мухолифин пайваст? (ВИДЕО)

Дар шабакаи интернет навори видеоие нашр шудааст, ки дар он Николай Николаев, рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи Русия оиди сабабҳои пайвастани Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик ба қатори мухолифини Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фикрашро баён мекунад.

16 апрел 2013, 19:01

Фурӯшандаҳои сари роҳ: Аз ғизо то либос

Дар баробари он ки мо бозору фурӯшгоҳҳои зиёде дорем ва сари ҳар қадам нуқтаҳои савдо мавҷуданд, сари роҳ ва қад-қади кӯча фурӯшандаҳоеро низ вомехӯрем, ки рӯи замин шолчаеро паҳн кардаву чизеро ба фурӯш гузоштаанд.

12 апрел 2013, 15:06

Назари сокинон: Шумо чанд ҳизби сиёсиро медонед? (ВИДЕО)

Хабарнигори “Озодагон” аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе посухи ин суолро пурсид, ки чанд ҳизби сиёсиро медонанд. Теъдоди хеле ками назардиҳандагон шумораи дақиқи аҳзобро баён карда, номи пурраи онҳоро ба забон оварданд.

12 апрел 2013, 12:47

Даргирии тоҷикону қафқозиҳо бо марги як нафар анҷом шуд (ВИДЕО)

Даргирии як гуруҳ тоҷикону қафқозиҳо дар шаҳри Санкт Петербург як кушта бар ҷой гузоштааст.

11 апрел 2013, 12:31

Ин ҷо Душанбе: Роҳкиро -- 1.60 ё 2 сомонӣ? (ВИДЕО)

Дар мавриди худсарона аз мусофирон 2 ва гоҳо 3 сомонӣ роҳкиро гирифтани ронандаҳои мусофиркаш борҳо гуфтаанд ва мардум ҳам аллакай одат кардаанду касе эътироз намекунад.

10 апрел 2013, 21:13

"Раисон чӣ парвои мо доранд?" Эътироз дар Ваҳдат (Видео)

Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омаданд.

8 апрел 2013, 08:24

Видео: Маросими видоъ бо Пайванди Гулмуродзода дар Душанбе

Пайванди Гулмуродзода, донишманди тоҷик ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соати дуи шаби ҳаштуми апрел аз дунё даргузаштааст.

6 апрел 2013, 11:57

Зайд Саидов бо таъсиси Тоҷикистони нав 'ояндаи хубе'-ро ваъда дод (Видео)

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксарияташон номзадҳои илм ва соҳибкорони муваффақанд, аз тасмими худ барои таъсиси ҳизби наве бо номи “Тоҷикистони нав” хабар доданд.

5 апрел 2013, 17:54

Шабдолов: Шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, рӯзи чоруми апрел дар нишасти Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” дар бораи ҷанги дохилӣ, сарнагунии Ҳизби коммунист ва инчунин зудбоварии тоҷикон изҳори назар кард.

5 апрел 2013, 14:39

Акбаршоҳ Искандаров дар бораи ҷанг, мансаб ва интихобот (Видео)

Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи чоруми апрел дар маҳфили Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” дар бораи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта ва вазъияти кунунии кишвар сӯҳбат кард.

3 апрел 2013, 08:57

15 голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи Бутан (Видео)

Даври якуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “С” миёни футболбозони то 14-сола дар шаҳри Катманду-пойтахти Непал баргузор гардид.

2 апрел 2013, 16:41

Гулрухсор: Аз касе чизе тамаъ надорам (Видео)

Ахиран дар шабакаи Ютюб (Youtube) қисми аввали барномаи Телевизиони “Пойтахт” дар бораи шоири маъруфи тоҷик, Гулрухсори Сафӣ, пайдо шуд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!