Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 21:42
5 октябр 2013, 14:57

Weekend дар "Озодагон": Шоу-бизнеси бе дару дарвоза? (ВИДЕО)

Шоу-бизнеси тоҷик зоҳиран дару тиреза надорад. Ҳар касе хоҳад, меҳмон мешавад ва ҳар чӣ дорад, дастовез меорад. Мо ҳам бо дасту остини барзада ба ин майдон омадем ва он қадар булаҷабиҳое дидем, ки як ба як онҳоро ба Шумо хоҳем гуфт.

4 октябр 2013, 17:18

VIDEO: Бобои Файз дар бораи "Очата бугу", дӯстӣ бо президент ва рэп

Файзиддин Сулаймонов, маъруф ба Бобои Файз, ки чанд соли охир бо таронаи “Очата бугу” маъруф аст, ният дорад, таронаи наверо бо номи “Аммаи ман хушрӯай” ба бозор барорад. Ӯ гуфт, ҳоло 73-сола аст ва аз он ки дар пиронсолӣ мавриди таваҷҷуҳи раисиҷумҳуру сокинони одӣ қарор гирифтааст, хушҳол мебошад.

4 октябр 2013, 11:51

Толиббек Бухориев: “Таҳлилгарон намедонанд, ки ман кистам” (ВИДЕО)

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Толиббек Бухориев -- муовини раҳбари Ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон.

4 октябр 2013, 11:38

ВИДЕО: Шикасти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Эрон

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз тими лигаи дуюми футболи Эрон--“Самсунг” бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

3 октябр 2013, 14:56

Видеои шиканҷаи Садриддин Тошев дастраси расонаҳо шуд

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, маъруф ба номи Қорӣ, ки дар зиндони рақами дуи Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, барои пахши ахбори бардӯрӯғ дар бораи шиканҷа муттаҳам аст, дар як нишасти хабарӣ аз бархӯрди номуносиб бо нафари таҳти ҳимояташ норозигӣ кард.

2 октябр 2013, 15:06

ВИДЕО: Master Ismail дар Русия консерти зинда медиҳад

Исмоил Исмоилов, мулаққаб ба M.ONE, рэпсарои маъруфи тоҷик дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия консерт медиҳад. Ин барномаи ҳунарӣ 10-уми ноябр дар майдони Триумфи Маскав баргузор хощад шуд.

2 октябр 2013, 12:48

Нозирони САҲА: “Мо фақат изҳорот медиҳем, дахолат намекунем" (ВИДЕО)

14 нозири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки барои назорати фазои пешазинтихоботӣ ва баъд аз он вориди Тоҷикистон шудаанд, ба кори худ оғоз карданд.

1 октябр 2013, 15:20

Гузаргоҳи “Саховат” то кай торик мемонад? (ВИДЕО)

Дар гузаргоҳи зеризаминии нави назди бозори “Саховат”, ки чанд моҳ қабл мавриди истифода қарор гирифт, ҳудуди як ҳафта мешавад, торикӣ ҳукмфармост.

30 сентябр 2013, 12:53

ВИДЕО: Ҳукми зиндони омилони ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон

Додгоҳи олии Тоҷикистон Умедҷон Насриддинов, Дилшод Мирзоев ва Зайниддин Самадовро дар ғорати манзил ва қатли посбони Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ муҷрим шинохта, аз 20 то 24 соли зиндон маҳкум кард.

27 сентябр 2013, 18:13

ВИДЕО: Таваҷҷуҳи дубораи тоҷикон ба филми “Бухоро”-и Темур Пӯлодов

Филми Темур Пӯлодов, нависандаи машҳури бухороӣ, дар бораи зисту зиндагонии тоҷикони Бухоро ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, дубора таваҷҷуҳи тамошобинони зиёди тоҷикро ба худ ҷалб намудааст.

27 сентябр 2013, 17:15

Видеои баҳси номзад бо раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот

“Озодагон” дар як навори видеоӣ дар ин бора назари Абдулманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро пешкаши Шумо мекунад.

27 сентябр 2013, 16:10

Довталаби курсии президентӣ: “Демократия дар ҷангал; мо сотсиализм месозем” (ВИДЕО)

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист ва номзад ба мақоми президентӣ.

26 сентябр 2013, 09:55

Исмонов: “Фақат Раҳмонро рақиби ҷиддӣ медонам” (ВИДЕО)

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президентӣ.

26 сентябр 2013, 09:06

Даъвати бародарона аз аскару муллову муҳандис (ВИДЕО)

Сарояндаи ин тарона аз шунавандаҳои худ хоҳиш менамояд, ба рафтору гуфтори худ аҳамият дода, барои ба миён овардани як ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд

23 сентябр 2013, 11:28

(ВИДЕО) Ҷоизаи раисиҷумҳури Исроил ба хонаводаи Алоевҳо

Хонаводаи Алоевҳо, аз овозхонони маъруфи яҳудитабор, ки то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон меистанд, мегӯянд, ки баъд аз муҳоҷират ба Исроил дар соли 1991 вазъи оилавиашон беҳтар шудааст.

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!