Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 сентябр 2017, 20:49
21 октябр 2013, 16:58

“Муллои ҷодугар”: Он зан маро маҷбур кард (ВИДЕО)

Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки давоми як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, имрӯз, 21-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ худро қисман айбдор донистааст. Ӯ дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад.

21 октябр 2013, 13:30

Норозигии сокинони Душанбе аз роҳбандон: “Мо ҳам зиндагӣ дорем!” (ВИДЕО)

Бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон аз роҳбандоне, ки субҳи 21 октябр, дар пайи сафари Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба Душанбе иттифоқ уфтод, норозигӣ карданд.

21 октябр 2013, 10:02

ВИДЕО: “Мурам Шумоба...", "ваҚилони халқ", "давай дасвидания"

Навиштаҷоти аҷибу ғариб як ҷузъи зиндагии мо шудааст. Сари ҳар қадам ба навиштаҷоте рӯбарӯ мешавем, ки ҳеч набошад ба лабон табассум медамад. Ба лаб табассум, ба бадан мурғак. Баъзан ин табассум аз гиря талхтар аст.

18 октябр 2013, 14:54

ВИДЕО: Ҳимояти наздикон аз "муллои ҷодугар" ва таъхири ҳукми додгоҳ

Наздикони Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки барои “ба дом андохтани занону духтарон ва муносибати шаҳвонӣ бо онҳо” муттаҳам мешавад, ӯро бегуноҳ медонанд.

18 октябр 2013, 14:23

Тошев 7 ва Ризоев 9 соли дигар зиндонӣ шуданд (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18 октябр Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду маҳбуси муттаҳам ба паҳни иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониёнро, мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард.

18 октябр 2013, 09:54

ВИДЕО: 800 долларии Ҳукумов ба маҷруҳони садама ва нақли шоҳидон

“Намояндагон”-и хонаводаи Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, аз вазъи маҷруҳони садамаи писари 16-солааш, ки шаби 9 октябр иттифоқ уфтода буд, хабар гирифтаанд.

14 октябр 2013, 16:06

ВИДЕО: Миёни фавтидагон дар Самара тоҷик низ будааст

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муайян намудааст, ки дар пайи сонеҳаи калони нақлиётӣ дар Самара як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва як нафари дигар маҷруҳ гардидааст.

12 октябр 2013, 12:16

Гуфтугӯи видеоӣ бо Бобоназарова: "Мо нишон додем, ки Раҳмон алтернатива дорад"

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ.

12 октябр 2013, 10:12

Синамои тоҷик: Роҳ ба сӯи Ҳолливуд, Болливуд ё "Русвуд"? (ВИДЕО)

Дар назари аввал синамои тоҷик гӯиё ба ҷаҳонӣ шудан меандешад. Шумораи зиёди филмҳо, нақшофарону коргардонҳои нав ба нав ва сенарияҳои дарбеҳу поргишуда нишоне аз рушди кинои ватаниянд.

11 октябр 2013, 19:37

ВИДЕО: Нақли сарбози тоҷик дар бораи садамаи қатори Тоҷикистон дар Ҷиззах

Дилошӯб Орифзода, хабарнигори “Озодагон” дар Хуҷанд, шоми 11 октябр ба аёдати гурӯҳе аз сарбозоне рафт, ки дар садамаи қатори Тоҷикистон дар Ҷиззах (10 октябр) маҷруҳ шуда, ба бемористони вилояти Суғд интиқол ёфтаанд.

11 октябр 2013, 11:48

(ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то имрӯз 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст.

10 октябр 2013, 13:42

Қиссаи ишқбозии Саид Шарифов дар Русия ва надомати тоҷикон (Видео)

Қиссаҳо аз саргузашти Саид Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, дар Русия тавассути барномаи “Пусть говорят” баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.

10 октябр 2013, 12:07

Даъвати видеоии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар остонаи таҷлил аз Иди Қурбон, яке аз ду иди муқаддаси мусулмонҳо, мардумро ба саховатмандӣ даъват кард.

9 октябр 2013, 12:44

ВИДЕО: КМИР номзадии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард

Комиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) бо аризаи шахсии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, ӯро ҳамчун номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 сабт кардааст.

9 октябр 2013, 09:32

Бозпурсии фарзандон ва келину қудоҳои Зайд Саидов (ВИДЕО)

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, мегӯянд, аз панҷуми октябр ба ин сӯ бозпурсии фарзандону келин ва қудоҳои нафари таҳти ҳимояташон идома дорад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!