Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 22 июн 2017, 21:38
24 май 2017, 11:40

Нигаронии сокинони Ишкошими Бадахшон аз афзоиши уштурдуздӣ

Сокинони рустои Исори ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро дуздида шудани уштурҳояшон нигарон кардааст. Давоми як моҳи ахир аз ин деҳа дасти кам 9 уштурро рабудаанд.

23 май 2017, 18:48

“Интернет барои ҳама” аз Tcell дубора Тоҷикистонро фаро мегирад!

Tcell лоиҳаи “Интернет барои ҳама”-ро аз сар гирифт.

23 май 2017, 11:58

Санкт-Петербург: 24% муҳоҷирони ихроҷшуда тоҷиконанд

Раёсати хадамоти федеролии судиҷрочиёни шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ихроҷи беш аз 400 муҳоҷир хабар медиҳад.

23 май 2017, 11:04

Муноқишаи маргбори ҷавонон дар Темурмалик

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисфирӯзи 22-юми май дар пайи муноқишаи ду ҷавон дар ноҳияи Темурмалик як нафарашон ба ҳалокат расид.

23 май 2017, 10:46

ВКД Русия: Шаҳрванди Тоҷикистонро то 12 соли ҳабс интизор аст

Кормандони Интерпол дар ҳамдастӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, дастгиршуда аз сӯи мақомоти тоҷик дар қаллобӣ муттаҳам шуда ва дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

23 май 2017, 09:56

Эмомалӣ Раҳмон ба дидани шоу-барнома бо иштироки “беҳтарин овозхонҳо” меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Шоу-барномаи фарҳангӣ” иштирок мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба “Озодагон” хабар доданд.

23 май 2017, 08:21

Ҳалокати 19 нафар дар таркиши Манчестер

То ин лаҳза аз ҳалокати 19 нафар ва захмӣ шудани 50 кас дар пайи инфиҷори шаби 23 май дар толори консертие дар шаҳри Манчестерт Бритониё хабар расидааст.

22 май 2017, 16:44

“Баъди қабули қонуни танзим хароҷоти шаҳрвандон 3 маротиба коҳиш ёфтааст”

Баъди қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пасандози мардум аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфт. Ин нуктаро Муслиҳиддин Хоҷамиров, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иброз доштааст.

22 май 2017, 16:28

“Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷузъи калидии баррасии суҳбати вижа доир ба самти башардӯстонаи лоиҳаи Як Ҳалқа ва Як Роҳ буд”

Дар Чин ҳамкорӣ бо дафтари намояндагии ин федератсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибониҳои он аз барномаҳои ҶҲАТ баррасӣ шуданд.

22 май 2017, 11:07

Ҳалокат ва ҷароҳати ноболиғон дар роҳи оҳани Восеъ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи бархӯрди қатори мусофирбар бо мошини “Опел” дар роҳи оҳани ноҳияи Восеъ як писарчаи 11-сола ба ҳалокат расида, ду ноболиғи дигар маҷруҳ шудаанд.

22 май 2017, 10:29

Масъулини фурудгоҳ: Парвози ҳавопаймо бо далели фаннӣ ба таъхир уфтод

Парвози ҳавопаймои ширкати "UTair" аз Душанбе ба фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба таъхир уфтодааст.

19 май 2017, 09:52

Ню-Йорк: Бархӯрди мошин ба одамон террор не, садама аст

Пулиси Ню-Йорки Амрико гуфтааст, ҳеч маълумоте дар мавриди иртиботи ронандаи мошини ба одамон бархӯрда бо созмонҳои террористӣ мавҷуд нест.

19 май 2017, 09:50

Сафорат: Муҳоҷирзанон аз фарзандонашон даст кашиданд (АКС)

Панҷ кӯдаки тоҷик, ки модаронашон дар Маскав баъди таваллуд аз онҳо даст кашидаанд, ҳафтаи равон ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

19 май 2017, 08:51

Баъди матлаби “Озодагон”. ВКД аз таваққуфгоҳҳои “яксомонӣ”-и Қарияи Боло интиқод кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як гузориши телевизионӣ ба масъалаи тавақуфгоҳҳо дар назди беморхонаи Қарияи Боло дахл кард.

18 май 2017, 16:45

ВКД: Донишҷӯёни “Тойота камри”-савор писарони мансабдору сарватмандонанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанд ҳолати бо мошинҳои гаронарзиш ба донишгоҳ рафтани донишҷӯёнро ошкор кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, донишҷӯёни мошинсавор писарони мансабдорон ва сарватмандон ҳастанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!