Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 18:56
28 июл 2017, 11:04

7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ дар иншоотҳои сохтмонии Душанбе

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар пайи санҷиши иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе 7,8 миллион сомонӣ маблағҳоро аз ҳисоби изофанависӣ ошкор намудааст. Ин нуктаро Абдукарим Зарифзода, муовини аввали директори оҷонсӣ имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт.

28 июл 2017, 09:36

Наздики 10 миллион сомонӣ. Камбудиҳои ошкоршуда дар натиҷаи аудити Вазорати молия

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми камбудиҳои ошкоршуда дар натиҷаи аудити фаъолияти вазорату идораҳои маҳаллӣ 9,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

28 июл 2017, 09:08

Картошка имсол қимматтар мешавад?

Масъулони Агентии омори Тоҷикистон мегӯянд, майдони кишт ва ҳосили картошка давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 23 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи Гулнора Ҳасанзода, раиси ин агентӣ, 3,2 фисади истеъмолоти буҷаи хонаводаро картошка ташкил медиҳад.

27 июл 2017, 17:04

Хадамоти зиддинҳисорӣ дар бораи нархи гарони билети ҳавопаймо (ВИДЕО)

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз сабабҳои болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро ба “афзоиши талабот аз ҷониби муштариён” рабт доданд.

27 июл 2017, 12:27

Қодирзода: Донишгоҳҳо хостори то 25% боло бурдани нархи шартномаи таҳсил шудаанд (ВИДЕО)

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бархе донишгоҳҳои кишвар хостори то 20-25 дарсад боло бурда нархи шартномаи таҳсил шудаанд.

27 июл 2017, 12:02

Камбизоат кист? Шарҳи масъули Агентии омор (ВИДЕО)

Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон 30,3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи фақр ба сар мебарад.

27 июл 2017, 11:38

“Пешниҳоди болоравии нархи хизматрасонии барқ дар баррасии ҳукумат аст” (ВИДЕО)

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳод дар мавриди боло бурдани арзиши хизматрасонии барқ дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

27 июл 2017, 10:25

Оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” ва “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” бо ҳузури Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар расми шурӯи корҳои сохтмони ду роҳи мошингард иштирок кардааст.

27 июл 2017, 06:31

Вазир: Истеҳсоли алюминий кам шуд, ТАЛКО мушкилоти зиёд дорад (ВИДЕО)

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминий 24 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

26 июл 2017, 17:09

Маҳсулоти сохтмонӣ, ҷузвдонҳои занона, чойи хушк... Интиқоли ғайриқонунии мол дар ҳаҷми 1 миллиону 411 ҳазор аз Чин

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани миқдори бузурги моли қочоқӣ хабар медиҳад.

26 июл 2017, 16:39

Давоми шаш моҳи ахир беш аз 170 корхона аз фаъолият бозмондааст (ВИДЕО)

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, давоми шаш моҳи соли равон 175 корхонаи саноатӣ дар кишвар аз фаъолият бозмондааст.

26 июл 2017, 11:00

Супориш барои аз “чекпулӣ” озод намудани майдафурӯшҳои назди бозорҳои пойтахт

Ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, кулли майдафурӯшҳое, ки назди бозорҳо ба тиҷорат машғуланд, аз пардохти пули “чек” озод шудаанд.

26 июл 2017, 10:35

Муминов: Барои таъмини деҳқонон бо техника 430 млн $ зарур

Ботир Муминов, муовини якуми раиси КВД “Тоҷикагролизинг” мегӯяд, техникаи фарсудаи замони шӯравӣ, ки айни ҳол деҳқонҳои тоҷик истифода мекунанд, то 25-30 фоизи маҳсулотро талаф медиҳанд.

26 июл 2017, 09:51

“Шаҳри бехатар”: Аз 200 қонунвайронкунии “Мерседес”-и Муродов то “ҷаримагурезии” ронандаҳои автобус (РӮЙХАТ)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ахиран феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва ҳамзамон маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

25 июл 2017, 17:16

(ВИДЕО) Вазир дар бораи додугирифти газу барқ бо Узбакистон

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, гуфтушунид барои пайвастан бо низомҳои энергетикии Узбакистон ҷоннок гардида, тайи нимсолаи гузашта хеле корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!