Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 07:50
25 ноябр 2014, 11:58

Раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати шоҳ ба Саудӣ меравад

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ барои анҷоми як сафари расмӣ ба шаҳри Риёз меравад.

17 ноябр 2014, 11:56

"Бишкек 90%-у Душанбе 60%-и корҳои сохтмонӣ дар марзро анҷом додааст"

Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон имрӯз, 17 ноябр пушти дарҳои баста лоиҳаи қонун “Дар бораи тасвиби шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтани ду купрук ва роҳи мошингард, ки 31 марти соли 2014 имзо шудааст”-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

15 ноябр 2014, 11:52

Баҳси масоили марзӣ дар суҳбати Расулзода бо Отамбоев

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Қирғизистон бо Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар вохурдааст.

10 ноябр 2014, 08:52

Суҳбати "Озодагон" бо Мотуев: “Халифа”-и Осиёи Марказӣ эълон нашудаам

“Шумо бо суолҳои худ маро безор кардед. Бар болои ман дурӯғ бор карданатон кам буд, ки акнун бо суолҳои худ маро безор мекунед? Дар куҷо ман худамро халифа эълон кардаам? Дар ҳеҷ ҷо! Исбот нест! Онҳое ки дар бораи худро “Халифа” эълон кардани Мотуев навиштанд, пеши Аллоҳ ҷавоб медиҳанд"

7 ноябр 2014, 10:07

Талаби Иманкожоева аз парлумон: Фурӯши нос манъ шавад

Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон хостори манъи фурӯши нос дар қаламрави кишварашон шудаанд.

5 ноябр 2014, 09:13

Ташаккури райиси ҷумҳур аз Оқохони IV

Алмосбек Отамбоев, райисиҷумҳури Қирғизистон Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳонро ба ҳузур пазируфтааст.

4 ноябр 2014, 12:22

Отамбоев дар бораи “иштибоҳи бузург”-и президентҳои Осиёи Марказӣ

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дубора баҳси таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказиро зинда карда, ҳимоят наёфтани ин идея аз сӯи раҳбарони кишварҳои минтақаро иштибоҳи бузурги ҳамтоёнаш хонд.

21 октябр 2014, 18:36

Синамобазм: Аз “Як лӯнда қанд”-и эронӣ то “Зоғаки сапед”-и тоҷикӣ

Аз 28 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон синамобазми “Филми ҷаҳони Ислом” баргузор мешавад.

13 октябр 2014, 15:55

Отамбоев гуфт, кишвараш барои вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омодагӣ мебинад"

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар иҷлоси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтааст, кишвараш барои ворид шудан ба ин шӯро омодагӣ мебинад.

9 октябр 2014, 17:42

Вазири энергетика ва саноат ба истеъфо рафт

Усмонбек Ортиқбоев, вазири энергетика ва саноати Қирғизистон 9 октябр ба истеъфо рафтааст.

8 октябр 2014, 15:41

Марзи Қирғизистонро акнун сокинони яроқдораш ҳифз мекунанд?

Парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун “Дар бораи сарҳади давлатӣ”-ро барои бори саввум мавриди баррасӣ қарор додааст.

7 октябр 2014, 17:08

“Курманҷан Датка” муддаии “Оскар”

Филми қирғизии “Курманҷан Датка” барои дарёфти ҷойизаи “Оскар” дар феҳристи беҳтарин филм ба забони хориҷӣ номзад шудааст.

3 октябр 2014, 11:27

Озмуни шаҳрдори пойтахт барои тарҳи муҷассамаи омӯзгор

Кубанчбек Қулматов, шаҳрдори Бишкек дар як маросими идона бахшида ба Рӯзи муаллимон аз эълони озмун барои сохтани тарҳи муҷассамаи омӯзгор хабар додааст.

25 сентябр 2014, 09:07

Истеъфои дуюмин вазири қирғиз дар давоми як ҳафтаи охир

Динара Сагинбаева, вазири тандурустии Қирғизистон аз симати худ истеъфо додааст.

23 сентябр 2014, 17:44

Вазири иқтисод: Аз Иттиҳоди гумрукӣ хориҷ мешавем, агар...

Темур Сариев, вазири иқтисоди Қирғизистон дар ҷаласаи парлумонӣ гуфтааст, дар сурати хисороти иқтисодӣ кишвараш аз Иттиҳоди гумрукӣ берун мешавад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!