Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 28 июн 2017, 10:24
17 сентябр 2014, 16:46

Муовини собиқи шӯрои вазирон устоди донишкада шуд

Бягул Нурмирадова, муовини пешини Шӯрои вазирони Туркманистон дар умури фарҳанг ва ВАО фаъолияти худро ба ҳайси муаллим дар Донишкадаи давлатии фарҳанг шурӯъ кардааст.

11 сентябр 2014, 16:45

Дар Туркманистон Ҳизби аграрӣ таъсис меёбад

Зимни як ҷаласа дар Ашқобод масъалаи таъсиси Ҳизби аграрии Туркманистонро баррасӣ кардаанд.

8 сентябр 2014, 17:27

Ҳамлаи толибон ба марзи Туркманистон

Толибон ба таври мудовим қисмати марзи муштарак бо Туркманистонро ноором мекунанд ва ин ҳамалот гоҳе ба халлъи силоҳ ва куштани марзбонони туркман анҷом меёбад.

2 сентябр 2014, 14:00

Пеншниҳоди 1500 рубл пора барои гурез аз ҷавобгарии маъмурӣ

Шаҳрванди Туркманистон талош кардааст ба кормандони пулис 1500 рубл, муодили 40 доллар пора бидиҳад, то аз ҷавобгарии маъмурӣ раҳо ёбад.

29 август 2014, 15:03

Мансабдорони Туркманистон аз амрикоиҳо рушди туризм дар интернетро меомӯзанд

Дар Туркманистон давраҳои омӯзишии рушди туризм дар интернет ҷараён дорад.

28 август 2014, 16:24

Ваъдаи Амрико барои кӯмак ба туркманҳои шиаи Ироқ

Мақомоти ИМА аз омодагӣ барои ироаи кӯмаки башардӯстона ба туркманҳои шиаи шимоли Ироқ, ки аз ҳамлаи ҷангиёни “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ранҷ мебаранд, хабар додаанд.

26 август 2014, 12:02

Анҷоми сохтмони роҳи оҳани “Шимол-Ҷануб”

Туркманистон сохтмони қисмати роҳи оҳани “Шимол – Ҷануб”-ро ба анҷом расондааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Туркманистон хабар медиҳад.

19 август 2014, 15:09

Туркманистон ба Тоҷикистону Афғонистону Покистон барқ медиҳад

Мират Ортиқов, ноиби сарвазири Туркманистон дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар аз корҳои анҷомшуда барои интиқоли неруи барқи изофӣ ба кишварҳои хориҷ гузориш додааст.

15 август 2014, 10:12

Вазири нафт: Эрон дигар ба гази Туркманистон эҳтиёҷ надорад

Бежан Зангин, вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон изҳор доштааст, ки кишвараш дигар ба содитроти газ аз Туркманистон ниёз надорад. Дар ин бора расонаҳои туркманӣ хабар додаанд.

13 август 2014, 19:20

Вазир: Афғонистон ба ширкати Туркманистон дар барқарорсозии сулҳ баҳои баланд медиҳад

Муҳаммад Шокир Коргар, вазири саноат ва савдои Афғонистон гуфтааст, кишвараш ба ширкати Туркманистон дар барқарорсозии сулҳ дар ҷумҳурии исломӣ баҳои баланд медиҳад. Ин нуктаро ӯ зимни як мулоқот дар Вазорати умури хориҷии Туркманистон изҳор доштааст.

11 август 2014, 11:59

Туркманистон дар фикри таҳкими марзаш бо Афғонистон аст

Туркманистон қасд дорад, сарҳадаш бо давлати исломии Афғонистонро мустаҳкам намояд. Дар ин бора TDH хабар додааст.

8 август 2014, 15:14

“Кайфу сафо”-и язнаи президент ва ҷӯраҳояш дар Душанбе

Манбаъ мегӯяд, язнаи Бердимуҳаммадов гӯиё дар пойтахти Тоҷикистон 100 000 доллар харҷ кардааст.

5 август 2014, 16:30

Номаи тасаллияти президент дар робита ба заминларзаи Чин

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар робита ба заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати ҷанубу ғарбии Чин унвонии Чин Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Хитой барқияи тасаллият ирсол кардааст.

30 июл 2014, 17:22

ВАО: Дар пойтахт ҳайкали президенти амалкунанда дуруст мешавад

Дар шаҳри Ашхобод ҳайкали Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури амалкунандаи Туркманистон гузошта мешавад. Дар ин бора “Хроника Туркменистана” хабар додааст.

26 июл 2014, 10:15

Тавсифи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Туркманбошӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон зимни шиносоӣ бо тарҳи даври навбатии сохтмони пойтахт изҳор доштааст, ки Сапармурод Туркманбошӣ ба ҳайси нахустин президент барои таҳкими мустақилият, ягонагӣ ва касби мақоми бетарафии давлат талоши зиёд кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!