Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 12:09
23 апрел 2015, 10:03

Ширкати бритониёӣ дигар “шоҳзодаи узбак”-ро дифоъ намекунад

Ширкати бритониёии “Davidson Ryan Dore”, ки худро намояндаи расмии Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон муарифӣ карда буд, аз дифои ин “шоҳзодаи узбак” даст кашидааст. Дар ин бора бахши узбакии БиБиСӣ бо такя ба ширкати “Локсли Райана” хабар додааст.

20 апрел 2015, 16:21

Барканории сухангӯи Ислом Каримов

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон сухангӯяшро аз вазифа барканор кардааст.

7 апрел 2015, 15:55

Узбакистон як миллион телефони мобилӣ истеҳсол мекунад

То соли 2020 дар Узбакистон 1,05 миллион телефони ҳамроҳ истеҳсол мешавад. Дар ин бора маҷаллаи “Баррасиҳои иқтисодӣ” хабар додааст.

27 март 2015, 16:24

Ду рӯз пеш аз интихобот: Ислом Каримов 60% раъй гирифт

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар пайи як назарпурсии онлайнӣ миёни чор номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ бештар аз 60 дарсад раъй гирифтааст.

26 март 2015, 11:26

САҲА: Номзадии Ислом Каримов дар интихобот ғайриқонунист

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки барои назорати интихоботи президентии 29-уми марти 2015 вориди Узбакистон шудаанд, 20-уми март гузориши муқаддамотии худро дар ин бора нашр намуданд.

16 март 2015, 12:02

Даъвати Иттиҳоди Аврупо аз Узбакистон барои афви маҳбусини сиёсӣ

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) аз ҳукумати Узбакистон даъват кардааст, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъоли сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар зиндонҳо ва зери тафтиш қарор доранд, афв намояд.

16 март 2015, 10:13

Ному насаби қурбониёни садамаи маргбор дар Брянск

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Брянски Русия 14 муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳалокат расидааст.

11 март 2015, 11:25

Даргузашти Шайх Муҳаммадсодиқ ва эълони гузоштани як кӯча ба номи ӯ

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, яке аз руҳониён ва донишманди саршиноси исломӣ дар синни 63-солагӣ дар Узбакистон даргузашт.

9 март 2015, 11:19

Пайвастани беш аз 200 ҷангҷӯи узбак ба сафи “Толибон”

Мақомоти маҳаллии вилояти Форёби Афғонистон аз пайвастани 200 ҷангҷӯи узбакистонӣ ба сафи “Толибон” хабар додаанд.

20 феврал 2015, 12:17

Курсии раҳбари Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ насиби намояндаи Узбакистон шуд

Мираброр Усмонов, раиси Кумитаи миллии олимпии Узбакистон ва президенти Федератсияи футболи ин кишвар ба курсии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ такя хоҳад зад.

16 феврал 2015, 11:09

Узбакистон Рӯзи Валентинро Рӯзи Бобур кард

Иқбол Мирзо, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Узбакистон гуфтааст, ҳукумати кишвараш 14 февралро, ки ба унвони Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон ҷашн гирифта мешавад, Рӯзи Бобур эълон кард.

13 феврал 2015, 16:10

АКС: Ҳабси амволи Гулнора Каримова дар Фаронса

Бо қарори Додгоҳи Фаронса амволи Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон ва Рустам Мадумаров, яке аз дӯстони ӯ ҳабс шудааст.

6 феврал 2015, 16:29

Дар Тошканд дари интернет-қаҳвахонаҳоро ба рӯи хонандаҳои мактаб мебанданд

Мақомоти шаҳри Тошканд - пойтахти Узбакистон қасд доранд, рафтани донишомӯзони колеҷу мактоби миёна ба интернеткафеҳоро дар соатҳои дарсӣ ва шабона манъ кунанд.

29 январ 2015, 15:53

Узбакистонро кишвари ноозод гуфтанд

Узбакистон дар гузориши нави Хонаи озодӣ дар сафи кишварҳои ноозод қарор гирифтааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!