Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 14:20
26 август 2016, 08:41

Паради низомӣ дар маркази Суғд (АКС+ВИДЕО)

Беш аз як ҳафта мешавад, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ тамрини гардиши ҳарбӣ баргузор мешавад.

25 август 2016, 11:03

Даъвати масъули Кумитаи дин: Назди Хонаи Худо барои тинҷиву оромии кишвар дуо кунед (АКС+ВИДЕО)

Нахустин гуруҳи зоирини тоҷик ба Маккаи мукаррама, зодгоҳи Расули Акрам, макони нузули Қуръон расидаанд.

24 август 2016, 16:01

Сарнавишти маҳбусони раҳошуда чӣ мешавад? Шарҳи вакили Маҷлиси намояндагон (ВИДЕО)

Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумонии Тоҷикистон мегӯяд, дар тарҳи қонуни афв ба сарнавишти маҳбусони раҳошуда низ дахл шудааст.

23 август 2016, 09:32

Мақомот: Нафари дар Озарбойҷон боздоштшуда аз Ҳисор аст (ВИДЕО)

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошти як шаҳрванди 31-солаи кишварро бо миқдори зиёди маводи мухаддир дар Озарбойҷон тасдиқ карданд.

22 август 2016, 10:16

Гуруҳи нахустини зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ расид (АКС+ВИДЕО)

Аввалин гуруҳи зоирон аз Тоҷикистон дирӯз, 22 август вориди Арабистони Саудӣ шуд.

19 август 2016, 09:12

(ВИДЕО) Сафири Амрико: Мо тамоми корҳоро дар Тоҷикистон ба анҷом нарасондаем

Амрико, ки як кишвари абарқудрати дунёст, бо вуҷуди доштани равобити дипломатӣ аз тариқи сафоратхонаҳои худ, ҳамчунин бо баъзе аз кишварҳо муколамаҳои дипломатиро дар форматҳои нав ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ду соли ахир шоҳиди чунин як муколамаи Амрико бо кишварҳои Осиёи марказӣ бо номи С5+1 ҳастем. Чанд рӯз қабл ҳамчунин як муколамаи вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат пазируфт. “Озодагон” ба дунболи ҳадафҳои муколама хостори як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сафири ИМА дар Тоҷикистон шуд.

17 август 2016, 09:19

Прокурор нагуфт, ШУМО БИГӮЕД, ба рафтори корманди милиса чӣ баҳо медиҳед? (ВИДЕО)

Ахиран, дар интернет наворе ба сайр даромад, ки дар он як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ноболиғеро шаппотӣ задаву дашномҳои қабеҳ мекунад. Маълум нест, ки ин навор кай ва дар куҷо гирифта шудааст. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа 9 август бо пешниҳоди ариза ба додситони кулли Тоҷикистон хостори расидагӣ ба ин қазия шуд ва муҷозоти корманди милисаро талаб кард. Аз ин эътилоф ба “Озодагон” гуфтанд, ҳанӯз шарҳи расмие дар мавриди аризаи худ дарёфт накардаанд. Он наворро бо ҳазфи дашномҳо дар “ШУМО БИГӮЕД”-и ин ҳафта нашр мекунем ва интизори назарҳоятон ҳастем.

16 август 2016, 10:02

(ВИДЕО) Корманди “Тоҷиксодиротбонк”: Раиси нав маро буғӣ кард

Як корманди 63-солаи “Тоҷиксодиротбонк” иддао дорад, раҳбарияти муваққатии бонк ӯро буғӣ кардааст.

15 август 2016, 14:44

Суғд: Дар шаш моҳ 9637 зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст (ВИДЕО)

Давоми 6 моҳи соли 2016 аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд 91426 нафар ба хориҷа сафар карданд. Аз ин рақам 11214 нафар зан ва 80212 мард мебошад.

13 август 2016, 12:34

Вокуниши Ашраф Ғанӣ ба Абдуллоҳ: Боҳавсала ҳастам

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ба изҳороти 11 августи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ин кишвар, ки ӯро дар беҳавсалагӣ мутаҳҳам кард, вокуниш кардааст.

11 август 2016, 14:02

Дархости афв аз Президент: Писарам бисмиллоҳи худашро намедонист (ВИДЕО)

Модари як ҷавони тоҷик, ки бо иттиҳоми зархаридӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, аз раисиҷумҳури кишвар хоҳиш дорад, писарашро афв кунад.

11 август 2016, 10:57

Суғд 204105 бознишаста дорад (ВИДЕО)

Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд мегӯяд, андозаи миёнаи нафақа дар вилоят ба 218,58 сомонӣ мерасад.

10 август 2016, 12:08

ШУМО БИГӮЕД, ба садо, ишваю ноз ва маҳорати раққосии Зарнигор чӣ назар доред (ВИДЕО)

Дар мавриди садои овозхон, мусиқӣ, ҳунари коргардон ва умуман ҳарчии вобаста ба ин клип андешаи худро бинависед.

9 август 2016, 14:26

Суруди нави тоҷикии Фирӯза Ҷумъаниёзова, овозхони шинохтаи Узбакистон (ВИДЕО)

Фирӯза Ҷумъаниёзова, овозхони маъруфи Узбакистон, суруди наваш, зери унвони “Умедам ҳаст”-ро пешниҳоди мухлисонаш кардааст.

6 август 2016, 11:09

Маркази миллии тестӣ: Баъзе довталабон ба доми фиреби қаллобон меафтанд (ВИДЕО)

Масъулини Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯянд, қаллобоне ҳастанд, ки довталабон ва волидони онҳоро фиреб намуда, маблағ меситонанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!