Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 01:48
14 март 2017, 11:20

Ифтитоҳи парвандаи қаллобӣ алайҳи Пировҳо

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Пиров Абдумутолиб, раиси хоҷагии деҳқонии “Бобои Мерган”-и ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ва бародараш Пиров Мирзомуддин хабар дод, ки дар гирифтани пора барои ҷудо кардани замин мутаҳам мешаванд.

14 март 2017, 10:46

Занозании савдогарону донишҷӯён: Милиса донишҷӯёнро гунаҳкор гуфт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муноқишаи гуруҳӣ миёни донишҷӯён ва савдогарони бозори “Шоҳмансур” хабар додааст.

14 март 2017, 10:35

Шаҳрванди Тоҷикистонро барои “убури ғайриқонунии марз” то 4 соли зиндон таҳдид мекунад

Хадамоти федеролии Русия ё ФСБ аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.

14 март 2017, 09:47

ВКД: Марди 42-сола ҳамқадаҳашро буғӣ карда, ба ҷарӣ партофтааст

Як сокини ноҳияи Восеъ дар қатли як зани 27-сола аз ноҳияи Ёвон муттаҳам мешавад.

14 март 2017, 09:22

Интиқоди шадиди Устод Ато аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва эълони ширкаташ дар интихоботи оянда

Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балх, аз шахсиятҳои пурнуфузи саҳнаи сиёсии Афғонистони муосир, барои пуштибонияш аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2014 аз мардуми кишвар ва ҷонибдоронаш узр хостааст. Дар ин бора телевизюни 1(1TV) –и Афғонистон иттилоъ додааст.

14 март 2017, 08:43

Суҳбати раиси тоҷикони Свердловск: Аз таваллуд дар боздоштгоҳ то интиқоли ҷасадҳо ба Ватан

Танҳо дар Свердловски Русия 150 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор дорад. 93%-и муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа ба корҳои сохтмон машғуланд. Танҳо 2%-ро мардуми зиёӣ ташкил медиҳанд. Аз теъдоди 150 ҳазор, 5 дарсадро соҳибкорон дар бар мегиранд. Ҳамагӣ 20%-и ин муҳоҷирон маълумоти олӣ доранд, ки 3%-ро занон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 1800 нафар дар маҳбасанд. Соли 2016 як зани тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ кудак таваллуд карда буд. Имсол дар 8-уми март ҳамватанон барои як зани тоҷики дигар ба боздоштгоҳ гулу туҳфаи идона бурданд. Мушкилоти тоҷикон дар муҳоҷират рӯз то рӯз зиёд мешавад. Дар баробари ин ҳамватанони мо дар муҳоҷират ба муваффақияту комёбиҳое низ даст меёбанд. Ҳоло ба назар мерасад, ки сарнавишти тоҷикони муҳоҷир бештар ҳаволаи ҷамъиятҳои миллӣ дар Русия шудааст.

14 март 2017, 08:33

Урунов муовини Рустами Эмомалӣ шуд

Алишер Урунов, сарвари кулли Лигаи футболи Тоҷикистон ноиби Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

14 март 2017, 08:27

Дар пойтахти Тоҷикистон чанд “пойтахт” аст? (ИНФОГРАФИКА)

Дар Душанбе чанд бино ё муассиса расман номи пойтахтро дорад. “Пойтахт”-ҳои дохили пойтахтро дар ин акс бубинед. Навиштани шарҳи худро ҳам фаромуш насозед.

14 март 2017, 08:16

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 14-уми март - 74-умин рӯзи сол. То поёни сол 291 рӯзи дигар монда.

14 март 2017, 08:09

Баъди 13 сол аҳолии ҳамсояи шарқии Тоҷикистон ба 1,45 миллиард мерасад

Соли 2030 теъдоди аҳолии Чин ба 1,45 миллиард нафар мерасад. Дар ин бора Global Time бо такя ба Ван Пэйан, муовини раиси Кумитаи давлатӣ дар умури беҳдошти Чин иттилоъ додааст.

13 март 2017, 12:22

Шарҳи ВКД дар бораи таркиши маргбори назди Прокуратура (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳалокати Ҳасанбой Раҳмонови 67-соларо дар пайи як таркиш дар назди бинои додситонии ҳарбии гарнизони Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа тасдиқ кард.

13 март 2017, 12:05

Наттоқи шинохтаи телевизион сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд шуд

Мунира Раҳимова, наттоқи маъруфи телевизион ва муовини собиқи раҳбари Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба вазифаи сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин шудааст.

13 март 2017, 09:41

Муҷозоти ронанда барои дағалӣ ва фуровардани мусофир

Ширкати «ЛТД Мусофир» ронандаи мусофиркаши “54+54”-ро, ки 10-уми март яке аз мусофиронро бидуни ҳеч далел аз солуни мошини худ берун карда буд ва бар пайи ин мақолае дар “Озодагон” нашр гардид, аз кор озод намудааст.

13 март 2017, 09:25

АКСУ ВИДЕО: Ҳалокати 8 нафар дар фоҷиаи Ваҳдат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи чаппа шудани боркаши “ЗИЛ-130” дар шаҳри Ваҳдат 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

13 март 2017, 08:29

ВАО: Шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 24-ум афтидааст

Як зодаи Тоҷикистон аз бинои бисёрқабатае дар пойтахти Русия ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!