Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 сентябр 2017, 08:24
17 ноябр 2016, 15:24

Маркази исломӣ ба донишҷӯён: Намози ҷумъа бар шумо воҷиб намешавад

Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, бо ин далел ки барои хонандаҳои мактабу донишҷӯён иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зимаи онҳо воҷиб намешавад. Ин нукта дар пайи саволи як корбари торнамои расмии марказ зикр шудааст.

10 ноябр 2016, 16:15

Муфтии Маскав: Занони Русия хоҳони никоҳи дуюм бо тоҷикону узбекҳоянд

Илдар Аловиддинов, сардори Раёсати мусалмонҳо ва имомхатиби масҷиди ҷомеи Маскав гуфтааст, муроҷиатҳо барои никоҳи зани дуюм афзоиш ёфтаанд.

8 ноябр 2016, 14:47

4000 ҷаримаи Эшонов барои додани “ҳоҷиошӣ”

Додгоҳи ноҳияи Нуробод як сокини маҳаллиро дар нақзи “қонуни танзим” муҷрим шинохтааст.

4 ноябр 2016, 12:12

Шӯрои уламо мусиқии мамнуъ ва ҳаромро шарҳ дод

Дар пасманзари иддао, ки мусиқӣ бар асоси дини Ислом мамнуъ ва ҳаром аст, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки на ҳамаи анвои мусиқӣ ҳаром мебошад.

1 ноябр 2016, 12:52

Ҳимояти Шӯрои уламо аз либоси миллӣ ва фатво алайҳи либоси тангу кӯтоҳ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба масъалаи либоспӯшӣ дахл карда, либоси миллиро беҳтарин ва поку ҳалол хондааст.

29 октябр 2016, 12:42

Озмуни беҳтарин бонувони Қуръонхони Русия

Дар Саратови Русия озмуни беҳтарин хонандаи китоби муқаддаси Қуръон миёни занҳо баргузор мешавад.

25 октябр 2016, 14:44

Оромгоҳ барои бехудоён

Дар шаҳри Бурлэнги Шветсия барои афроде, ки ба ҳеч дине мансуб нестанд, қабристони махсус созмон дода мешавад.

25 октябр 2016, 12:07

Дарёфти ёдгории юнону-бохтарии пеш аз милод дар Данғара

Мутахассисони Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ёдгории эллинистӣ (юнону-бохтарӣ)-ро бозёфт кардаанд.

22 октябр 2016, 14:25

Василев: Муд урён шуд, акнун майли Ислом мекунад

Александр Василев, таърихшиноси муд ва барандаи барномаи маъруфи “Модный приговор” мегӯяд, даҳ соли оянда муди исломӣ ҳукмфармо хоҳад буд.

20 октябр 2016, 14:57

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи исқоти ҳамл

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, исқоти ҳамл то 4 моҳагӣ ҷоиз аст.

17 октябр 2016, 10:13

Маслиҳати Шӯрои уламо ба ошиқи духтари бадахшонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба як ҷавон, ки духтари бадахшониро дӯст доштаасту модараш мухолифи издивоҷи онҳо мебошад, маслиҳат додааст.

14 октябр 2016, 15:30

Муфтии Тоҷикистон: Ҳамҷинсгароӣ маблағгузорӣ мешавад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳафтаи дуюм аст, ки дар мавъизаи намози ҷумъа дар мавзӯи ҳамҷинсгароӣ суҳбат карда, мардумро аз оқибатҳои он огоҳ кард.

10 октябр 2016, 09:48

Таъсиси масҷид ва ҷамъияти тоҷикон дар Олмон

Дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъияти тоҷикон ба фаъолият оғоз кардааст.

7 октябр 2016, 10:47

Номи Э.Раҳмон, С.Абдулқодирзода, Д.Назаров дар феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017”

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017” шомил кардааст.

7 октябр 2016, 10:13

“Рейдҳо”-и Кумитаи дин барои ҷилавгирӣ аз “ҳоҷиошӣ” ва “ҳоҷиталбон”

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои баргузории маъракаҳои манъгардидаи “ҳоҷиошӣ” ва “ҳоҷиталбон” хабар медиҳад.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!