Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 17:52
26 январ 2015, 15:58

Оҷонсӣ: "Қочоқи ҳероин дар дасти Толибон ва Ансоруллоҳ аст"

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, 19 вилояти Афғонистон ба кишти кӯкнор машғул буда, назорати онро дар ин вилоятҳо гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ дар даст доранд.

24 январ 2015, 11:43

Домуло Сайид Акбар дар бораи зулму бераҳмии “ҷиҳодгарон”

Домуло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, худро аз ҳизбу равияҳое, ки боиси нооромӣ ва барангехтани фитна дар ҷомеа мешаванд, дур бигиранд.

22 январ 2015, 08:33

Бераҳмӣ... Мӯи сари Шабнамро кӣ тарошид?

Мижгона Латипова, як сокини 25-солаи Ёвон ба рабудан, латтукӯби бераҳмона ва ҳатто тарошидани мӯи сар ва абрӯвони дугонааш "аз рӯи хусумати шахсӣ" айбдор мешавад.

21 январ 2015, 14:10

Узви "Гурӯҳи 24" ё ҷосуси ФСБ? Оғози мурофиаи Солиҳов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои муайян кардани инки Умедҷон Солиҳов коргари ФСБ ҳаст ё на, 5 рӯз вақт додааст. Ин сокини Ваҳдат ба узвият дар "Гурӯҳи 24" ва "таҳқири президент" айбдор мешавад.

21 январ 2015, 09:53

Ҷавононро чӣ ифротӣ мекунад? (САДО)

Коршиносон сабаби ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудани бештари ҷавононро ба надоштани маърифати ҳуқуқӣ, бехабар будан аз дини мубини Ислом ва камбуди ҷойи кору маблағ рабт медиҳанд.

20 январ 2015, 17:40

Амирулло Асадулло: "Аз бекорӣ ба Сурия мераванд"

Мақомоти қудратии вилояти Хатлон сабаби пайвастани ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ ва ҷангидани онҳо дар Сурияро дар ноогоҳӣ аз Ислом ва “роҳгум задан” мебинанд, аммо Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа гуфт, ки як омили ба Сурия рафтани ҷавонони хатлонӣ набуди ҷои кор аст.

19 январ 2015, 14:48

Глава Хатлона призвал журналистов не воспринимать угрозы экстремистов из Сирии всерьез

Глава Хатлонской области Давлатшох Гулмахмадзода призвал журналистов к сотрудничеству с госорганами в деле предотвращения присоединения таджикской молодежи к экстремистким группировкам и движениям. «Колебания не только нашей молодежи, но и молодых людей из других стран в сторону экстремистских группировок стало основной проблемой общества», - заявил глава Хатлона на пресс-конференции в пятницу.

18 январ 2015, 17:33

Чаро Фарзона Раҳматова худро ба дарё партофт?

Мақомот мегӯянд, Фарзонаи 18-сола баъд аз он ки волидонаш хостаанд, ӯро маҷбурӣ ба марди бузургсоле ба шавҳар диҳанд, худкушӣ кардааст. Аммо наздиконаш то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

13 январ 2015, 15:35

Барои Сарварбӣ дар Чаманзор замин додаанд

Шаҳрдории Кӯлоб барои зане ки дар назди бозори шаҳр дар як “хонаи сайёр”, вале амалан дар кӯча ба сар мебурд, барои сохтани хона замин ҷудо кардаанд. Вале Сарварбӣ Шарипова рӯзҳои охир боз майдони назди шаҳрдориро “маскан” кардааст.

12 январ 2015, 11:51

Ҳар рӯз 40 зан тӯъмаи хушунат мешавад

Дар соли 2014 беш аз 15 000 зан барои ташхиси осори зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои ташхиси тиббию додгоҳии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Аммо шумори занҳое, ки санади ташхис дар даст ба додгоҳ рафтаанд, ангуштшумор будааст.

9 январ 2015, 21:59

Профессор Юнусов: Давлати Исломӣ ба Осиёи Марказӣ таввассути Афғонистон таҳдид мекунад

Ба назар мерасад, ки як соли ахир таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба “Давлати Исломӣ” бештар шудааст. Дар баробари ин олимону руҳониён низ хомӯширо ихтиёр накарда, иддао дорад, ки аъмоли Давлати Исломӣ на «ҷанг», балки як фитна ҳаст. Дар зимн, «Пайк» бо профессори Донишгоҳи давлатии Данғара Сайдаҳмад Юнусов дар мавриди хатари давлати бо ном “Исломӣ” ба Осиёи Марказӣ мусоҳибаи ихтисосие анҷом дод, ки ҳоло пешниҳоди шумо мегардад.

9 январ 2015, 21:52

Хушунати волидон фарзандонро бадбахт мекунад

Волидон мехоҳанд фарзандашонро аз ҳар гуна бадбахтиҳо эмин доранд, вале маҷбурӣ хонадор кардани онҳо боиси шикастабахту шикастаруҳ шудани фарзандон мегардад.

9 январ 2015, 16:00

Муродалӣ - аввалин тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина (ВИДЕО)

Мақомоти вилояти Хатлон ҳалокати дастикам як ҷангии тоҷик дар ҷангҳои Украинаро тасдиқ карданд. Падари Муродалӣ Барфиев мегӯяд, то шунидани хабари маргаш дар 3 моҳи пеш намедонист, ки писараш аз муҳоҷират дар Русия ба ҷанг рафтааст.

8 январ 2015, 22:21

Кори савоб: "Хоначаи сайёр" - барои як зани бехона дар Кӯлоб

Дар Кӯлоб ду марди савобҷӯ барои як пиразани бехона “хоначаи сайёр”-е сохтаанд, ки рӯи аробаи чорчархааш ҷо шудааст. Ин пиразан мегӯяд, ки ин мардони савобҷӯро ҳатто намешиносад.

8 январ 2015, 19:38

Таҳдиди "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" ба хабарнигорони тоҷик

Як хабарнигори маҳаллӣ дар Кӯлоб мегӯяд, аз Сурия, аз як ҷангии тоҷики зодаи ин минтақа занги таҳдидомез дарёфт кардааст. "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" таҳдид кардааст, ки хабарнигоронеро, ки "муҷоҳидон"-ро сиёҳ мекунанд, ҷазо хоҳад дод.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!