Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:13
13 январ 2015, 17:02

Рақобати Руқияи Нурӣ бо Суҳроб Шарипов барои курсӣ дар парлумон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешбарии номзадии Руқияи Нурӣ (Руқия Сайидова), духтари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 хабар додааст.

12 январ 2015, 12:13

ҲХДТ профессор Одинаевро аз ноҳияи Ҳамадонӣ номзад кард

Профессор Ҳаёт Одинаев, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби Ҳизби халқӣ-демократӣ дубора талош хоҳад кард.

10 январ 2015, 12:46

Сармутахассиси Дастгоҳ бо сухангӯи ҲНИТ барои курсӣ дар парлумон рақобат мекунад

Мирзодавлат Сабуров, собиқ раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва сармутахассиси Шӯъбаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои курсӣ дар интихоботи парлумонии якуми марти соли равон талош хоҳад кард.

10 январ 2015, 12:34

Шаҳрдори Кӯлоб ба парлумон рафтанист

Бахши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Кӯлоб бо баргузории як конфронс номзадии раиси ин шаҳрро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кард.

10 январ 2015, 09:50

Номзади ҲНИТ дар Файзобод маълум шуд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешбарии номзадии Раҳматуллоҳи Раҷаб - раиси бахши худ дар навоҳи тобеи маркази ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар дар интихоботи парлумонии моҳи март хабар медиҳад.

10 январ 2015, 09:32

ҲАТ муовини раиси вилояти Суғдро дар Спитамен номзад кард

Дар конфронси якҷояи бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ ва Зафаробод дар ҳавзаи интихоботии Спитамен, №25 аз ҷониби ин ҳизб номзадии Аҳмадҷон Қобилов ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод шудааст.

9 январ 2015, 15:30

Ҷавонон дар бораи интихобот: Ба парлумон роҳ меёбӣ, агар...

Назари бархе аз ҷавонон, ки қисми аъзами ҷамъияти беш аз 8 миллионии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ба раванди интихобот манфӣ аст. Онҳо мегӯянд, ба шаффофияти интихобот бовар надоранд.

9 январ 2015, 15:05

Рақобати Зарафо Раҳмонӣ ва Маҳмадалӣ Ватанов барои курсӣ дар парлумон

Номзадии Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардид.

8 январ 2015, 16:14

ҲНИТ Ҷаннатуллоҳро аз Данғара ва Пайравро аз Ашт номзад кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии Ҷаннатуллоҳ Комилов, узви фаъоли худ дар ноҳияи Данғараро ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешбарӣ кардааст.

7 январ 2015, 14:26

Вазир: Дар интихобот ба ҲХДТ овоз медиҳам

Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард.

7 январ 2015, 11:34

Номаи Шоҳиён ба Кабирӣ ва нигаронии Ҳизби наҳзат

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз эҷоди монеаҳои сунъӣ дар рафти баргузории конфронсҳои пешазинтихоботии бахшҳои худ дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ва минтақаи Рашт хабар медиҳад.

6 январ 2015, 14:20

ВИДЕО: Пазироӣ ва сабабҳои пешбарии раиси Кумитаи дин ба парлумон

Абдурраҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон пешбарии номзадияшро ба парлумон аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ хуш пазируфтааст.

6 январ 2015, 08:37

Аграриҳо Зайниддин Сафаровро боз аз ҳавзаи №39 номзад карданд

Бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик бо баргузории нишасти муштарак, номзадии Зайниддин Сафаровро ба интихоботи парлумонии моҳи март аз ҳавзаи якмандатии №39, ноҳияи Восеъ пешбарӣ кардаанд.

5 январ 2015, 15:27

ҲНИТ сухангӯяшро дар парлумон дидан мехоҳад

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб дар ҳавзаи интихоботии рақами 31 ноҳияи Қумсангир номзад бавакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешбарӣ шудааст.

5 январ 2015, 15:12

Салимзода аз ҲХДТ, Ҳайит аз ҲНИТ номзад ба интихоботи парлумонӣ шуданд

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзадии журналист Олимҷон Салимзодаро аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Айнӣ ба интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон пешбарӣ кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!