Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 07:50
19 сентябр 2014, 10:05

Даъвати ҳукумат барои фаъол будан дар иқдоми “Дастрасӣ ба вазир”

Ҳукумати Қирғизистон аз идома ёфтани иқдоми “Дастрасӣ ба вазир”-и худ дар чорчуби сиёсати “ҳукумати шаффоф” хабар медиҳад.

16 сентябр 2014, 16:14

Истеъфои вазир пас аз ифшои рӯйхати вакилони ҷинояткор

Абдилда Суранчиев, вазири умури дохилии Қирғизистон аз симматаш истеъфо додааст.

12 сентябр 2014, 13:22

Отамбоев хостори ихтисори низомиён дар марз шуд

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз, 12-уми сентябр зимни баромадаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ диққати асосиро ба баҳсҳои марзӣ дод.

11 сентябр 2014, 09:26

Вакили парлумон: Касе монеи ҳиҷобпӯшӣ аст, муҷозот гардад

Яке аз вакилони парлумони Қирғизистон хостори муҷозоти афроде шудааст, ки барои ҳиҷобпӯшии донишомӯзон монеа эҷод мекунанд.

10 сентябр 2014, 12:05

Парлумон мехоҳад онҳое, ки маълумоти олӣ надоранд, роҳбар нашаванд

Парлумони Қирғизистон 10 сентябр ворид кардани тағйиру илова ба қонунҳо “Дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва вакилони Жогоку Кенеш”, “Дар бораи мақоми вакилони Жогоку Кенеш”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи шаҳрвандии Қирғизистон" ва чанеи дигаро ба баррасӣ мегирад.

5 сентябр 2014, 16:31

Отамбоев: "Аз хеши дур дида, ҳамсояи наздик беҳтар аст"

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар суҳбат бо вазирони умури дохилии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба масоили танишҳои охири минтақа дахл карда, ба ҳамсоядории мусолиматомез даъват кардааст.

3 сентябр 2014, 17:15

Аслов нусхаи эътимодномаи сафири қирғизро қабул кард

Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Мирослав Ниёзов, сафири тозатаъини Қирғизистон дар Душанберо қабул намуд.

27 август 2014, 08:06

Раиси Хадамот тирпаронӣ дар марз бо Тоҷикистонро ба президент шарҳ дод

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар робита ба ҳодисаи тирпаронӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон раҳбари Хадамоти давлатии марзбонӣ -- Раимбердӣ Дуйшенбиевро ба ҳузур пазируфтааст.

21 август 2014, 17:07

Узбакистон ба ивази гази табиӣ қисме аз қаламрави Қирғизистонро талаб кардааст

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Узбакистон бар ивази гази табиияш қисме аз қаламрави ин кишварро талаб кардааст.

20 август 2014, 15:28

Вазири умури дохилӣ номи депутатҳои “ҷинояткор”-ро ошкор кард

Абдулда Суранчиев, вазири умури дохилии Қирғизистон дар ҷаласаи фраксияи парлумонии “Ота Мекен” ному насаби вакилони маҳаллӣ ва шаҳрӣ, ҳамчунин мансабдоронеро ошкор кардааст, ки аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноиянд ё бо онҳо иртибот доранд.

14 август 2014, 17:04

Коршинос: “Узбакистон шояд аз танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон истифода кунад”

Эсен Усубалиев – раҳбари Маркази таҳқиқотии Prudent Solutions, ниҳоди омӯзандаи равобити Тоҷикистону Қирғизистон, мегӯяд, мушкили миёни ин кишварҳо танҳо замоне ҳалли худро меёбад, ки раҳбарони ду кишвари ҳамсоя иродаи сиёсияшонро нишон диҳанд.

12 август 2014, 10:02

Ноиби сарвазир: “Чаро иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад?”

Абдураҳмон Маматалиев – муовини нахуствазири Қирғизистон танишҳои ахир дар марзи кишвараш бо Тоҷикистонро дасти доираҳои манфитадор хонда, гуфтааст, гуруҳҳое ҳастанд, ки равобити наздики Бишкеку Душанберо намехоҳанд.

7 август 2014, 19:12

Нороҳатии Бишкек аз ҷоизаи Минск ба президенти сарнагуншуда

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз сафири Белорус дар Бишкек маълумоти расмӣ дар мавриди бо ордени “Дӯстии халқҳо” сарфароз шудани Қурбонбек Боқиевро талаб кардааст.

7 август 2014, 15:17

Президент: “Пеши Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов зону намезанам”

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар суҳбат бо раҳбарони ВАО-и кишвараш изҳор доштааст, ки ҳеч вақт пеши президентҳои Қазоқистону Узбакистон зону намезанад.

7 август 2014, 09:06

Талаби муҷозоти Боқир-уулу барои пора кардани парчами Исроил

Эли Тасман – сафири Исроил дар Бишкек ва Остона бо ирсоли номаи эътирозӣ аз Вазорати умури хориҷии Қирғизистон муҷозоти Турсунбой Боқир уулу – намояндаи мардумии ин кишварро талаб кардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!